Минбари андеша

То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд…

№34 (3828) 15.03.2018

Detsad-Raduga6Тарбияи кӯдакон на танҳо уҳдадории падару модар, балки вазифаи омӯзгорон ва  аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ин кори хайр, яъне ташаккули инсон набояд баҳси «вазифаи ман ё вазифаи ту» ҷой дошта бошад. Мутаассифона, гоҳ – гоҳ шоҳиди баҳс ҳам мегардем.Таълиму тарбияи инсон кори саҳл набуда, бо кӯшиши дастҷамъӣ самари хуб дода метавонад. Маврид ба таъкид аст, ки имрӯз таълиму тарбияи насли наврас дар муқоиса ба замони шӯравӣ мураккабтар гардидааст. Омилу воситаҳои техникию  иттилоотии замони ҷаҳонишавӣ, ки  моро фарогиранд, агар аз як тараф, манфиатовар бошанд, аз тарафи дигар, заҳматҳои чандинсоларо метавонанд дар як лаҳза ба боди фано диҳанд.

Чунончӣ, дар ҳар хонадон чанд телефони ҳамроҳи пайваст ба интернет, телевизион, компютеру дигар васоити техникӣ мавҷуд мебошанд. Чанд шабакаи телевизионии хориҷӣ барномаҳои худро бемамониат пахш менамоянд, ки қисме аз онҳо ба гумроҳу вайрон кардани ахлоқи нав­расону ҷавонон равона гардидааст. Хусусан, ташкилоту гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба хотири роҳандозии амалҳои зишти худ аз дастовардҳои техникӣ фаъолона истифода мебаранд. Мисоли барҷаста фирефта гардидани иддае аз ҷавонони ноогоҳ ва ба доми гурӯҳу ташкилоти иртиҷоӣ ва дар Ироқу Сурия ва Афғонистон барин давлатҳои ҷангзада ба ҳалокат расиданашон мебошад. Ин ҳодисаҳои даҳшатангез набояд аҳли  кишварро ором гузоранд, зеро дар сурати паҳн гардидан оқибатҳои ногувор ба бор оварда метавонанд.

Дар мамлакат бо талошу тасмимгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд роҳандозӣ гардидаанд. Дар чанд соли охир қонунҳое, ки чун обу ҳаво барои ҷомеа заруранд — қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардиданд ва солҳо моҳияти худро аз даст нахоҳанд дод.

Боиси хушҳолист, ки қонунҳои зикр­гардида аз тарафи мардуми шарифи ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфта, дар ҳаёт татбиқ гардида истодаанд. Бо вуҷуди ин, масъалаи таълиму тарбияи насли наврас кори якрӯзаю дурӯза набуда, таваҷҷуҳу заҳмати ҳамешагиро тақозо менамояд.

Ҳамчун роҳбар ва мураббии муассисаи марбут ба тарбияи атфол  хушҳол аз он ҳастам, ки дар таълиму тарбияи фарзандон  миллати тоҷикро заминаи хуби маънавӣ фароҳам аст. Ниёгон дар симои намояндагони барҷастаи илму адабиёт барои ояндагон мероси гаронбаҳо гузоштаанд, ки назираш дар ҷаҳон кам аст.

Ба қавли шоир:

То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,

З – иқбол даре ба рӯи кас боз нашуд.

Месазад, ки таълиму тадрисро аз батни модар оғоз намуда, дар роҳи расидан ба азму талошҳое, ки Давлату Ҳукумати мамлакат дар робита ба ин масъала анҷом доданианд, саҳмгузор бошем ва барои насли наврас зиндагии воқеан арзандаро ба роҳ монем.

Фарзона  Фақерова,

мудири муассисаи таълимӣ — томактабии № 8, ноҳияи Исмоили Сомонӣ