Рушди ҳамкориҳо

Тоҷикистон барои Афғонистон мутахассис омода месозад

№5 (3151) 11.01.2014

Се моҳ муқаддам бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай дар раъси як ҳайати олимақом аз Тоҷикистон боздиди расмӣ ба амал оварда буд. Дар ҷараёни ин сафар ва вохӯрии ҷонибҳо таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, аз қабили хатти бузурги интиқоли барқи Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон (КАСА-1000) ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон зоҳир шуд. Дар ин самт барои тезонидани ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо роҳбарони ду кишвар масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисосро баррасӣ намуданд. Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро дар тарбияи мутахассисон дар бахшҳои  иқтисоди миллӣ ва махсусан барои роҳи оҳани навбунёди Афғонистон иброз намуд. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омодагии худро ба идомаи кӯмак ба сохторҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои омӯзиши кадрҳои низомию марзбонӣ, табибон, мутахассисони роҳи оҳан ва дигар соҳаҳо таъйид кард.

Баъди пеш гирифтани чунин иқдомҳо ҳамкории роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи ҳар ду кишвар дар самти омодасозии кадрҳо зичтар мешавад. Ҳоло масъалаи касбомӯзии шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дорад. Тавре атташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имодуддин Бежани Салҷуқӣ ба мо иттилоъ дод, охирҳои даҳаи сеюми моҳи декабри соли сипаришуда вазири кор, умури иҷтимоӣ, шаҳидон ва маълулини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Омина Афзалӣ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад ва бо роҳбарони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи тайёр намудани мутахассисон мулоқот намуд.

Ба гуфтаи Бежани Салҷуқӣ, барномаҳое рӯйи кор гирифта шудааст, ки тибқи он рӯзҳои наздик аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 30 нафар, ки қаблан бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мувофиқа шуда буд, барои касбомӯзӣ ба шаҳри Душанбе меоянд.

-Тоҷикистон имкони хуби омода сохтани коргарони ҳирфаӣ дорад,-ин нуктаро хонум Омина Афзалӣ дар вохӯрӣ бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов иброз дошт.

Ба иттилои маркази матбуоти вазорат, яке аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи ҷонибҳо кӯмаки Тоҷикистон дар самти омода намудани касбҳои коргарӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд. Вазири кор, умури иҷтимоӣ, шаҳидон ва маълулини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Омина Афзалӣ зикр намуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон марказҳои таълимӣ барои фаро гирифтани афроди аз таҳсил берунмонда ва омода намудани коргарони соҳибихтисос фаъолият намоянд ҳам, кишвараш барои тайёр кардани касбҳои коргарӣ, аз ҷумла, усто ва омӯзгорони муҳандисӣ ниёз дорад.

Дар навбати худ Нуриддин Саидов пурра фаро гирифтани шаҳрвандонро ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз масъалаҳои асосии мубрами рӯз номида, дар ин самт ҳамкориҳои вазоратҳои дахлдорро хеле судманд ҳисобид. Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ дар идома афзуд, ки дар Тоҷикистон яке аз зинаҳои муҳим ва асосии таҳсилот дар тайёр кардани касбҳои коргарӣ зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба шумор меравад ва он дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ нақши хоса дорад. Инчунин омӯзиши таҷрибаи давлатҳои тараққикарда собит менамояд, ки соҳибкасб намудани шаҳрвандон бояд маҳз дар ҳамин зинаҳои таҳсилот оғоз ёбад ва барои рушди иқтисодиёти миллӣ тамоми шаҳрвандони дигар, ки берун аз таҳсилоти олии касбӣ мондаанд, ба таҳсилот дар ин зинаҳо фаро гирифта шаванд.

Ба иттилои манбаъ, алҳол дар ҷумҳурӣ 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла 56 литсейи касбии техникӣ, 7 литсейи касбии саноати кишоварзӣ ва инчунин гурӯҳҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла 41 коллеҷ, 11 омӯзишгоҳи тиббӣ амал менамоянд.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Зафаробод маҷмааҳои омодасозии касбҳои коргарӣ барои Афғонистон фаъолият менамуд, ки ҳазорҳо коргарони соҳибихтисосро барои ин кишвари азияткашида омода ва равон кардааст.

Ҳамзамон масъалаи табодули таҷриба барои рушди муносибатҳои меҳнатӣ, таҳияи қонунгузории соҳавӣ, пешгирии меҳнати кӯдакон, назорати шароити меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ байни корфармоёни хусусӣ ва шаҳрвандон, касбомӯзии шаҳрвандони бекори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон ва ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Тоҷикистон зимни вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева бо вазири кор, умури иҷтимоӣ, шаҳидон ва маълулини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Омина Афзалӣ ва кормандони сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Ба гуфтаи атташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имодуддин Бежани Салҷуқӣ барои омӯзиши ҳаматарафаи масъалаи касбомӯзӣ  ва омода намудани Ёддошти тафоҳум вазирон дастур доданд, ки гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони ниҳодҳои марбутаи  ҳар ду кишвар таъсис дода шавад. Намояндаи сафорат ҳамчунин иброз дошт, ки рӯзҳои наздик масъалаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зимни ташрифи намояндагони баландпояи ин кишвар ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Бо назардошти авзои кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъмини амнияту субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар, кӯмаки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи кадрҳо аз аҳамият холӣ нест, зеро давоми даҳсолаи охир ҳаҷми мубодилаи мол миёни ҳар ду кишвари ҳамсоя 100 баробар афзудааст ва ҳоло Ҷумҳурии Исломии Афғонистон миёни шарикони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми панҷум қарор дорад.

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ,  «Садои мардум»