Тоҷикистон давлатат поянда бод!

№9 (4115) 16.01.2020

Имрӯз воқеаю ҳодисот, мушкилоти гуногун, хавфу хатарҳо, ҷангу мухолифатҳо боиси  нигаронии ҷиддии аҳли ҷомеаи ҷаҳон гаштааст. Рӯзе нест, ки аз ин ё он давлат хабарҳои нохуш дар бобати қатлу куштор, таркиш, офатҳои табиӣ наояд. Ягон инсони бомаърифату хирадпеша нисбат ба ин мушкилот бетараф буда наметавонад. Тавре Шайх Саъдӣ фармудааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Кӣ дар офариниш зи як ҷавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Мутаассифона, солҳои охир амалҳои даҳшатафканӣ, яъне терроризм зуҳур карда, ба ҷони одамон хатари ҷиддӣ эҷод кардааст. Бо вуҷуди он ки бар зидди терроризму ифротгаройӣ муборизаҳо пурзӯр мегарданд, мутаассифона, амалиёти террористӣ рӯ ба афзоиш дорад.

Дар мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии амалҳои номатлуб Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле фаъол аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд, ки «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳояшон аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд». Моро зарур аст, ки барои маърифатнок гардонидани насли наврасу ҷавон саъю талош намоем, онҳоро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят карда, дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия созем.

Тарбия аз айёми тифлӣ оғоз меёбад ва дарки ин нукта, пеш аз ҳама, волидонро вазифадор мекунад, ки ба масъалаи ташаккули минбаъдаи кӯдакону наврасон ва ҷавонон таваҷҷуҳи ниҳоят ҷиддӣ зоҳир намоянд. Маҳз онҳо барои ояндаи тифлон замина мегузоранд. Дар ниҳоди кӯдакону наврасон ва ҷавонон  парваридани меҳру муҳаббати инсонӣ, одобу ахлоқи ҳамида, одамдӯстӣ, ватандӯстӣ ва масъулият вазифаи бузурги имонию инсонист. Барои ин дар кишварамон шароити мусоид фароҳам асту Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин ҷода пайваста чораҳо меандешанд.

Шукрона мекунем, ки дар як давлати соҳиб­истиқлол, дар фазои сулҳу осоиш кору зиндагӣ дорем. Тоҷикистони азиз роҳи ободию шукуфоиро пеш гирифта, дар ин ҷода устуворона қадам мениҳад. Паёми ирсолкардаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар барои аҳли ҷомеа роҳнамо маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегирад ва дар ин робита нақшаҳои бузургӣ ободонию бунёдкорӣ тарҳрезию амалӣ мешаванд. Тавре дар Паём муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «То ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад».

Ин навигариҳо ба он мусоидат мекунанд, ки дар оянда фаъолияти муассисаҳои тарбиявӣ ва таълимӣ боз ҳам беҳтар гардад. Мо — мураббиён низ беш аз пеш саъю талош бояд кунем, то саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем. Пешвои миллат мунтазам таъкид менамоянд, ки мо бояд нисбат ба ояндаи давлату миллат бепарво набошем.

Боз як иқдоми дигари Сарвари давлат — баргузории озмуни ҳарсолаи «Фурӯғи субҳи доноӣ» моро хеле рӯҳбаланду хурсанд кард. Дар Паёми Президент Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки минбаъд ҳар сол озмуни мазкурро миёни тарбиятгирандагон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва калонсолон баргузор намоянд.

Вақте ин сатрҳо рӯйи коғаз меомаданд, дар саҳни кӯдакистони мо садои хандаю шодии тифлон баланд буд ва бандаро ҳисси гуворое фаро гирифту бори дигар шукрона кардам, ки фазои кишварамон тинҷу ором аст. Дуо мекунем, ки сулҳи мо ҳамеша пойдор, муҳитамон ором ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон поянда бошад.

Рухшона МАДИСОЕВА, мудири кӯдакистони №138, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе