Устод Айнӣ намунаи зиндаи адабиёти тоҷик буданд

№48 (4154) 16.04.2020

Айни11Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ тамоми умр чун ашк дар сари мижгон ва чун ҷон дар кафи даст сипарӣ кардаанд. Зиндагии ӯ дар талошу муборизаҳои пайваста дар роҳи ҷон бахшидан ба ҳастӣ, таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик сипарӣ гаштааст.

Унвони алломаро бори аввал нисбат ба устод Айнӣ донишманди машҳур Саид Нафисӣ баъди ба даст гирифтану мутолиа кардани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» истифода мебарад. Ӯ менависад: «Гирдоварандаи ин китоб алломаи муосир Садриддин Айнӣ аз аҳрори ин диёр ва удабои номии диёри хеш ва аз зумраи мафохири забони мо дар Туркистон аст».

Замоне Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои аз Ҳирот ба Бухоро баргардонидани амир шеъри зеринро гуфт:

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омую дуруштиҳои ӯ,

Зери по чун парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ,

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Шоҳ наздат меҳмон ояд ҳаме.

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме…

Ва вақте шеърро дар боргоҳи амир бо оҳанг суруд, дили шоҳ барои Бухоро беқарор шуд ва зуд фармони бозгаштро дод. Дарбориён, ки аз сафари дурудароз монда гаштаву зану фарзанд ва шаҳри азизашонро пазмон буданд, аз хушҳолӣ зару зевар ба шоир бахшиданд. Аммо вақте устод Садриддин Айнӣ ин шеър­ро дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» ҷой дод, ба ҷои зару зевар насибаш зулму ситам шуд. Шеъре, ки хонданаш ба дилҳо фараҳ мебахшад, боиси озори ӯ гашт.

Душманон, ки барои нобудии миллати тоҷик тамоми қуввату маҳораташонро сарф мекарданд, баҳри дасиса ангехтан пайти мувофиқ меҷустанд. Онҳо барои ҷисман аз байн бурдани устод Айниву ҳамсафонаш чизеро дареғ намедоштанд.

Шеъри «Бӯи Ҷӯи Мӯлиён» барои онҳо баҳона буд. Тавтеагарон бо ҳамдастии Акмал Икромов – дабири ҳизбии Кумитаи Марказӣ гузориш навишта, ба Москва, шахсан ба Бухарин, фиристоданд. Дар он гузориш дарҷ намуданд, ки Садриддин Айнӣ амири гурезаи Бухороро барои баргаштан ташвиқ намудааст. Вай тарафдори он аст, ки амир аз он сӯи Ҷайҳун — Афғонистон дубора баргардад ва зимоми ҳокимиятро ба даст бигирад. Айнӣ бо овардани ин шеър гуфтанист, ки эй Бухоро, ғам махӯр, шодӣ кун, ки мир дубора ба сӯи ту чун моҳ ба сӯи осмон меояд…

Ин туҳматнома маънои онро дошт, ки инқилобчиён устод Айниро аз миён бардоштанӣ ва бо ҳамин худро аз «шарр»-и ӯ раҳо сохтанианд. Бухарин ҳам баъди дарёфти номаи пур аз дурӯғу фитна дар яке аз ҷаласаҳои Анҷумани ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳарорат суханронӣ карда, дархост намуд, ки китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро аз миёни мардум барчида, нобуд созанд. Ин дархости Бухарин барои инқилобчиён маънии ҷисман нобуд кардани устод Айниро ҳам дошт.

Абулқосим Лоҳутӣ дар сахттарин рӯзгори  Айнӣ дар бари ӯ истод, чунки қадру қимати ӯро хуб медонист. Вай ба устод «фозили муҳтарам» — гӯён муроҷиат мекард, ки нишони эҳтироми хос буд. Лоҳутӣ навишта буд: «Моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили муҳтарам ноил шудам. Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае дар даст дошт, ки менавишт. Он ҳамин «Намунаи адабиёти тоҷик» буд».

Вақте душманон рӯзҳои сахтро ба сари Айнӣ оварданд, Лоҳутӣ ниҳоят муҳим будани ҳузури Айнӣ ва ҳамсафони ӯро барои халқи тоҷик дарк кард. Ӯ аз он воқеаҳои фоҷиаовар, ки ба сари тоҷикон борҳо омадааст, хулоса бароварда менависад: «Ман яқин дорам, ки устоди муҳтарам дар миёни ҷавонони наврасу самимии тоҷик тӯдаҳои адабӣ ташкил додаву барои тавҳиди усули адабии забони форсӣ пояҳои муҳкаме устувор хоҳанд кард.

Асосан, Осиёи Миёна ҳамеша яке аз марказҳои муҳими адабиёти форсӣ буд. Балки пас аз нобуд шудани адабиёти он замон ба воситаи ҳуҷуми араб ва сӯзондани осору китобҳои форсӣ, Осиёи Миёна қадимтарин манбаъ ва сарчашмаи адабиёти форсист.

Он рӯз дар зери зулму фишори араб рӯдакиҳо дар Осиёи Миёна паҳлавонӣ кардаву адабиёти мурдаро зинда намуданд».

Оре, агар рӯдакиҳо он замон қомат алам карда буданд, акнун устод Айниву ҳамсафонаш дар майдони мубориза қарор доштанд. Онҳо аз ҷонгузаштагоне буданд, ки ҳеҷ чизе муҳимтар аз пойдории миллат барояшон вуҷуд надошт.

Соли 1934 нахустин Анҷумани нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гашт. Дар он устод Айнӣ ширкат варзиданд ва аз номи адибони Осиёи Марказӣ суханронӣ намуданд. Баъд аз кори анҷуман сарони ҷумҳурӣ Максим Горкий ва Бухаринро дар Москва меҳмондорӣ карданд. Дар он зиёфат устод Айнӣ ҳамроҳи шогирдонаш бо Бухарин суҳбат намуда, ӯро аз асли воқеа хабардор намуданд. Дар ин бора Камол Айнӣ менависад: «Устод Айнӣ бо шогирдонаш Сотим Улуғзода, Ғанӣ Абдуллоҳ, Рашид Абдуллоҳ, Абдусалом Деҳотӣ, Абдушакур Пирмуҳаммадзода, Раҳим Ҳошим ва Аббос Алӣ ба наз­ди Бухарин рафтанд. Устод ба шогирдонаш гуфт:

- Ман баҳсро шурӯъ мекунам, шумо идома диҳед. Он гоҳ ба мавқеъ дасти Бухаринро гирифту хитоб ба ӯ гуфт: Рафиқ Бухарин, мехоҳам тавзеҳ бидиҳам, ки Рӯдакӣ – сарояндаи шеъри маъруфи «Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ» амири Бухоро набуд, балки ӯ шоири бузург буд.

Бухарин гуфт:

- Ин шайх чӣ мегӯяд? Ва шогирдонаш таърихи воқеии манзумаи Рӯдакиро тавзеҳ доданд…

Сипас гуфт (Бухарин):

- Ин иштибоҳи дастгоҳи таблиғотии мост… бояд ислоҳ шавад ва китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дубора ба табъ бирасад».

Устод Айни баъди бозгашт аз Анҷумани нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ба такмил ва таҳрири китоб пардохтанд, вале дере нагузашта, Бухаринро ҳам душмани халқ эълон ва эъдом намуданд. Ҳамин тавр китоб чоп нашуд.

Сарнавишти китоб бо сарнавишти нависандааш сахт гиреҳ хӯрда буд. Устод Айнӣ, заҳмат мекашиданд, шабу рӯз кор мекарданд, худ намунаи зиндаи адабиёти тоҷик буданд. 

ВОРИС,

«Садои мардум»