Устувории давлат аз Ваҳдат аст

№81-82 (3561-3562) 25.06.2016

7975438979_47893d56af - копияБоиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ бо забони тоҷикӣ суханронӣ карда, ӯ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ муаррифӣ намуд. Имрӯз бо сари баланд метавон гуфт, ки мо — тоҷикистониён дар шоҳроҳи Истиқлолияти давлатӣ таҳти ливои Ваҳдат устуворона ба сӯи ояндаи нек қадам мениҳем. Президенти Академияи илмҳои Украина Борис Паттан баъди суҳбат бо Президенти Тоҷикистон таассуроташро таври зайл иброз доштааст: «Бо Президенти шумо — Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доштам. Андешаҳои он кас маро дар ҳайрат оварданд. Ман ӯро одами ҷомеаи навин меҳисобам. Вай ниҳоят хирадманду ҷасур аст. Ба қудрати илму маориф эътимоди қавӣ дорад. Давлатдориро бидуни қудрати илму дониш тасаввур карда наметавонад. Бузургтарин хизмати Эмомалӣ Раҳмон  таъмини сулҳ, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Маҳз натиҷаи заҳматҳои ӯст, ки имрӯз миллати тоҷик устуворона ба сӯи ояндаи нек қадам мезанад». Ин баҳои воқеӣ ва беғаразонаи як фарди хориҷист нисбат ба Пешвои миллати тоҷик.

27 июни соли 1997 Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Герд Меррем дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистонро ба имзо расониданд. Ҳамин тариқ, ба моҷарои мусаллаҳона дар Тоҷикистон хотима гузошта шуд. Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа мунодии дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ, ягонагӣ, иттиҳоду ваҳдат аст. Собиқ Президенти Ҳиндустон Кочерил Раман навишта буд: «Маро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созандагӣ дар Тоҷикистон ба ҳайрат гузошт. Бовар дорам, ки ин кӯшишҳо ба халқи Тоҷикистон самараи нек хоҳанд овард».

Албатта, боиси ифтихор аст, ки шахсиятҳои шинохтаи мамолики хориҷӣ оид ба кору пайкори Президенти азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф мезананд ва ҳунари волои роҳбарӣ доштанашро эътироф менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохили кишвар, ҳамчунин ба ҳайси Раиси Анҷумани тоҷикони ҷаҳон ва Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, кулли ҳаммиллатони  бурунмарзиро низ ба ҳам овард.

Натиҷаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд ки имрӯз муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ хеле рушд ёфтааст. Иқтисодиёт дар дохили мамлакат низ ба маротиб боло рафтааст. Ин ҷо месазад суханони раиси созмони тоҷикони Англия Сайид Ҷамолиддинро дар робита ба хизматҳои шоистаи Сарвари давлатамон ёдрас шавем: «Шумо, тоҷикон, дар зиндагии рӯзмарраи худ таҳти роҳбарии Раиси ҷумҳур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як натиҷае расидаед, ки дар дунёи имрӯз беназир аст. Мамлакате, ки онро ҷанг фаро гирифта буд, бародаркушӣ ривоҷ дошт, ба як машъали сулҳ, пирӯзӣ ва осоиш табдил шудааст. Дар ҳеҷ ҷойи дунё ва ҳеҷ касе то кунун натавонистааст чунин коре бикунад, ки Президенти шумо кардааст».

Мо — тоҷикон бо чунин Пешвои хирадманду хирадпеша ифтихор дорем.

 Ғафурзода Манучеҳр Абдурасул, Усмонзода Саидаҳмад Бобокалон, коромӯз – судяҳо