Ваҳдат муассиртарин восита бар зидди ҳама гуна зуҳурот аст

№5 (3955) 12.01.2019

Терроризм таърихи ҳазорсола дорад. Муаррих А. Королев чунин меҳисобад, ки 340 сол муқаддам то милод падари Искандари Мақдуниро ба тариқи террор ба қатл расонида буданд. Ташкилоти классикии террористӣ дар асрҳои миёна сектаи ассасинҳо ё хашашинҳо маҳсуб меёбад. Дар давраи нав (аз соли 1880) дар Россия, Аврупо ва баъдан дар Амрикои Шимолӣ идеологияи инқилобӣ паҳн шуд, ки он зуҳуроти нави терроризм буд. Дар асри ХХ ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар ин ё он минтақа терроризмро таҷассум мекарданд. Ба ақидаи баъзе муаррихон, аввалин нишонаҳои терроризм дар асри ХХ ҳаракатҳои чирикӣ дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ буданд. Дар солҳои 60-уми асри ХХ чунин амал дар артиши Исроил ба амал омад. Террористони фаластинӣ техникаи ҳарбӣ, ҳавопаймоҳоро бо мусофирон дуздида, тарконданд, нақлиёти мусофирбарро ғасб намуда, мусофиронро гаравгон гирифтанд. Чунин амалу рафтори террористӣ дар кишварҳои Аврупо низ дар ҳамин давра зуҳур кард. Ташкилоти террористии «Бригадаи сурх» дар Италия, ташкилоти ҷудоихоҳии ЭТА дар Испания, армияи ҷумҳурихоҳон дар Ирландия ва ғайра дар қатори террористон дониста шуданд.

Терроризм сиёсатест, ки ба террор асос ёфтааст. Синоними калимаи террор (лотинӣ-terror)-ваҳм, ҳарос, хавф, даҳшат, ваҳшат, воҳима буда, ҷабр, зулм, таҷовуз, тааддӣ мафҳумҳои ба он алоқаманд мебошанд. Дар охири солҳои 60-уми асри XX мафҳуми нав терроризми байналмилалӣ пайдо ва паҳн шуд.

Дар шароити имрӯза хавфи амалҳои террористӣ ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Дар ибтидои садаи XXI аз ҳама даҳшатбортарин амали террористӣ дар ИМА (11 сентябри соли 2001) сурат гирифт, ки бисёриҳо онро дар ёд доранд.

Дар натиҷаи террор солҳои 1994-2004 дар ИМА 3238 нафар, Россия -2111, Ҳиндустон — 1928, Исроил — 1274, Колумбия — 1135, Ироқ — 1122, Алҷазоир — 869, Покистон — 783, Уганда- 471, Шри — Ланка 409 нафар ҳалок гардидаанд.

Яке аз ташкилотҳои бузурги террористӣ Давлати ба ном исломӣ маҳсуб меёбад, ки то соли 2013 бо номи Давлати исломии Ироқу Шом ёд мешуд. Он 15 октябри соли 2006 дар натиҷаи муттаҳидшавии 11 гурӯҳи радикалии суннимазҳаб бо сарварии қисмҳои амалкунандаи Ал- Қоида (Қоида-ал-Ҷиҳод) дар Ироқ ташкил шуд. Ҳамон вақт онҳо лоиҳаи конститутсияи худро зери унвони «Хабардор кардани инсоният аз тавлиди давлати исломӣ» таҳия намуданд. Давлати исломӣ мақсад гузошта буд, ки марзҳои суннинишини Ироқро тасарруф карда, дар он давлати исломӣ-ҳарбии суннитаборони Ироқро, пас аз берун рафтани қувваҳои эътилофи байналмилалӣ таъсис диҳад.

Шаҳрвандони зиёда аз 80 давлати олам бо ҳар роҳу восита ба узвияти ин ташкилоти террористӣ пайвастанд. Имрӯз ифротгароён аз ҳар гуна идея, алалхусус, бо истифода аз эҳсосоти динии ҷавонон, ҳадафҳои худро амалӣ месозанд.  Пӯшида нест, ки иддае аз ҷавонони тоҷик низ аз бепарвоии волидайн, беиттилоӣ ба доми чунин гурӯҳҳо гирифтор шудаанд.

Беҳуда нест, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи терроризму ифротгаройӣ дахл менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёмашон соли 2016 қайд карда буданд: «Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгаройӣ, инчунин, таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд».

Ҳамчунин, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси сатҳи байналмилалии «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» қайд намуданд, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонида садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо дар ҳудуди Афғонистон соли 2017 бар асари ҷангу амалҳои террорис­тӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд, ки сию ду фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзоянда комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки зарурати ошкор «Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгаройиро барои давраи то соли 2020» қабул намудааст, ки ба пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ нигаронида шудааст. Воқеан, гурӯҳҳои террористӣ, ки ифодакунандаи манфиатҳои давлатҳои алоҳида мебошанд бо истифода аз ислом рӯз ба рӯз шаклҳои нави террорро коркард намуда истодаанд, ки пайомадҳои манфии иқтисодиро низ ба бор меоранд. Дар натиҷаи амалиёти неруҳои «Давлати исломӣ» зиёда аз 200 ҳазор шаҳрванди Сурия гумному кушта шудаанд, ки аз ин шумора 10 ҳазор нафарро кӯдакон ташкил медиҳанд. Зиёда аз 3 млн. нафар тарки ҷову макони худ кардаанд. Зарари молиявии ба ин кишвар расида ба 104 млрд. доллар баробар аст.  Агар то соли 2010 Сурия дар ҳаҷми 18 млрд. доллар нефт содир мекард, имрӯз он ба 2 млрд. доллар баробар шудааст.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди солимақл бояд дарк намояд, ки ваҳдату ягонагӣ муассиртарин воситаи мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мебошад. Ваҳдат, яъне як қувваи воҳид будани ҳамаи мо – Тоҷикистониён аст, зеро «зӯри ангушт дар мушт аст» — гуфтаанд бузургон.

Гуландом ИСМАТОВА, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42, шаҳри Душанбе