Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо ва ҳифзи он масъулияти ҳама аст

№81-82 (3561-3562) 25.06.2016

31407Оид ба аҳамияти ваҳдати миллӣ зиёд гуфтаанду навиштаанд. Тасмими навиштани мақола аз ҷониби банда дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба воқеоти охири ҷаҳони муосир, ки шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо, дар шакли нав зуҳур намудани гурӯҳҳои ифротгаро ва падидаҳои дигари номатлуб аз ҷузъҳои он мебошанд, рабт дорад.

Дар доираи як мақола наметавон тамоми паҳлу ва арзишу манзалати ваҳдати миллӣ ва саҳми меъмори он — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  бозгӯйӣ намуд. Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир бори дигар собит намуданд, ки хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркуш, ки ба он кишварҳои алоҳида ва гурӯҳҳои ҷудоиандоз «равған мерехтанд», аз вартаи нобудӣ  раҳо бахшидани мамлакат, дар муддати кӯтоҳ эҳё намудани сохторҳои фалаҷгаштаи Ҳукумат, таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, ҷалби сармояи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ,  аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани ҷумҳурӣ  ва ғайра  на ба ҳар шахсият муяссар мегардад. Насли наврас бояд донад, ки ҳамагӣ чанд сол пештар мо бо чӣ мушкилот мувоҷеҳ будем ва кадом шахсият боис гардид, ки рӯзгори саодатманди имрӯза  таъмин гардад.

Оғози солҳои навадуми асри гузашта барои тоҷику тоҷикистониён  солҳои хуб набуд. Дар он айёми фоҷиабор, ки ба «шарофат»-и  фитнаву дасисаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат рӯз ба рӯз  муташанниҷ мегардид,  аксаран ба қавли Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «тақдири Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал карда буданд. Яъне, ин давлат бояд пароканда ва миллат ба нестӣ мерасид». Дасисаҳои душманони дохилию хориҷии миллат, таассуб, каҷфаҳмӣ, пайгирии манфиатҳои маҳаллию гурӯҳӣ ва боз иллатҳои дигари зиёде дар кишвари ба тозагӣ истиқлолият пайдокардаи мо асоси ҷанги шаҳрвандиро гузоштанд, ки оташи он ҳаёти ҳазорон ҳамватани моро ба коми худ кашид. Ватан хароб шудаву тамомияти марзии кишвар зери хатар қарор гирифт. Яъне, як лаҳза фаромӯш кардани гузаштаи худ, аз ёд бурдани сабақҳои таърих боиси он гардид, ки миллат по ба канори вартаи бетаг, қадам ба марзи водии нестӣ гузорад.   Ҳаводиси хунине, ки  рух дод, низ бесабаб набуд ва ҳоло сабабҳои он ки таҳмилӣ буданаш яке аз онҳост, барои ҳама маълум мебошад. Наслҳои ҷавони мо аз ҳодисаҳои фалокатбори ибтидои солҳои навадуми қарни рафта  бояд сабақ бигиранд.

Нишастан ба сари мизи  гуфтушунид ягона роҳи аз нобудӣ раҳоӣ бахшидани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва наҷоти миллату мардуми Тоҷикистон аз парокандагӣ буд. Вале на ҳама ҳавасманди чунин тарзи кор буданд. Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуда буданд, ки «қисмати  зиёди қумондонҳо ва ҳатто баъзе масъулини ҳамонвақтаи Ҳукумат барои оғози гуфтушунид бо мухолифин ҳавасманд набуданд». Танҳо азми қавӣ ва нияти неки Сарвари хирадсолори давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам овард, ки ин раванд шурӯъ ва муваффақона анҷом пазирад.Таҳаввулоти охири ҷаҳони муосир, ки пора – пора гардидани давлатҳои мутараққӣ, зуҳури гурӯҳҳои ифротгаро  ва ғайра аз  ҳамон ҷумлаанд, ҳушдор медиҳанд, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем. Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки  ҳар яки мо дар тарғиби ваҳдати миллӣ ва саҳми меъмори он — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол ва ҷасуру ҷонфидо бошем.

Дар арафаи ин ҷашн бояд ҳар як фарди Тоҷикистон бори дигар амиқан дарк намояд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвар неъмати бебаҳо, раванди бебозгашт ва бениҳоят азизу муқаддас мебошад, зеро маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва ҷаҳду талоши фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  муддати кӯтоҳ  сулҳу оромӣ дар саросари кишвар таъмин гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам шуд.

Хушбахтона, нуздаҳ сол аст, ки дар кишвари азизи мо дигар садои тиру туфанг, нолаи талхи модарон ба гӯш намерасад. Имрӯз мардуми мо нафаси осуда мекашад ва бо эътимоди комил, бо дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯйи фардои дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймояд.

Шараф Турсунзода, судяи Суди ноҳияи Айнӣ

Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо ва ҳифзи он масъулияти ҳама аст

Оид ба аҳамияти ваҳдати миллӣ зиёд гуфтаанду навиштаанд. Тасмими навиштани мақола аз ҷониби банда дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба воқеоти охири ҷаҳони муосир, ки шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо, дар шакли нав зуҳур намудани гурӯҳҳои ифротгаро ва падидаҳои дигари номатлуб аз ҷузъҳои он мебошанд, рабт дорад.