Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ваҳдати устувор аз саъйи комил

№45 (3682) 27.04.2017

коллаж тенчЧанде пеш  дар Кобул инфиҷореро даҳшатафканон ташкил намуданд, ки ҷони даҳҳо нафарро рабуда, даҳҳо тани дигарро маҷруҳу захмӣ гардонд. Рӯзе баъд дар саҳифаи фейсбукии як дӯсти афғонам дар бораи он ҳодиса хондам, ки он ҷо ӯ акси як духтараки се ё чорсолаи захминро низ ҷой дода буд.

Тифле мақбулаку зебояк, мӯйҳои сиёҳи пурпечутоби марғуладораш пешонаашро пӯшонда буд ва чашмони калон — калони олугунаи сиёҳаш саршори ашк ҳузнангез медурахшиданд. Мижгонаш аз бори ашк хам хӯрдаву ба ҳам печида, аз пешонаву таги мӯйҳояш хун ҷорӣ шуда, тарсу ҳароси ҳавлноке ӯро фаро гирифта. Ӯ яке аз ҷон ба саломат бурдагони инфиҷори онрӯза буд.  Ҳолати аҷиб: дар рӯйи пур аз тарсу ҳарос ва олудаи андуҳ, табассуму хушии тифлонаеро мебинаму ба худ мегӯям: замоне ки чунин таркишҳо рух медиҳанд, садҳо метр дур дару тирезаҳои биноҳо шикаста мешаванд, қалбҳо ба ларза меоянд, чунки ин ҳолатро худ дидаву эҳсос намудаву имтиҳон кардаам. Аммо тифли маъсум бо рӯю лабони хуншор табассум ҳам мекунад. Хешро мутмаин месозам, ки ӯ лаҳзаи аксбардорӣ шуданаш дафъатан он даҳшати ба сараш омадаро фаромӯш кардааст, хуш аст, ки акси ӯро мегиранд. Оре, дили поки кӯдаконро шод намудан ва онро ба даст овардан хеле осон аст.

Навиштае аз Сайф Раҳимзоди Афардӣ ба хотирам омад, ки дар « Доғҳои Офтоб»- аш нигоштааст: «Хандаву гиряи кӯдакро зиёд дидаам. Агар ханда хеле самимӣ бошад, дар авҷи худ, пеш аз он ки зуъф кунад, ба гиря монанд мешавад ва чеҳраи хандаолуди кӯдак ҳолатеро мегирад, ки ба гиря монанд аст».

Аммо дар акси тасвиркардаи ман чеҳраи гиряолуди кӯдакро хушии ӯ гирифтааст, дақиқтараш, он табассум гиряи ӯро пӯшонидааст. Ва ин кӯдак ба он қасдкунандаҳои ҷонаш бо ин табассумаш гуфтанӣ аст: «моро кушта наметавонед, мо ҳастем ва мо зиндагӣ хоҳем кард».

Ҳолати он тифлро бо ҳолати набераи худ ва набераи Сайф муқоиса мекунаму шукр мекунам, ки ману наберагонам дар муҳити орому осуда умр ба сар мебарем, осмони софи ваҳдати абадиро соҳиб ҳастему ҳаёти пур аз шодиву нишот дорем.

Ба ёдам мерасад замони гирудорҳои 20 соли пеши Ватан, ки то андозае вазъи имрӯзаи Афғонистони ҳамсояро мемонд. Ҳамон наворҳои мустанади он солҳоро, ки пур аз даҳшату ваҳшатанд, мебинаму он рӯзҳоро, ки худ шоҳид будам, ёд меорам. Он замон мардуми мо на танҳо бовар надоштанд, балки аксар умедашонро канда буданд, ки ба ин рӯзҳои нек ва ваҳдату ягонагӣ, ки ба қимати ҷони ҳазорон ҳамватан ба даст омадааст, мерасанд. Кадом қувваи азиме ба халқи мо, ба халқи тамаддунофари тоҷик мадад намуд, то дар муддати на чандон тӯлонӣ ба худ ояд, худро бишносад. Ва ба худ бигӯяд, ки ба ӯ чӣ шуд? Миллате, ки дар тӯли таърих ба сари касе шамшер набардошта буд, имрӯз онро ба сари хеш бардоштааст. Даме саргарон монд, аз хеш суол кард ва ин посухро ба ӯ шахсе дода тавонист, ки аз рӯзи аввали зимоми давлати тоҷиконро ба дӯш гирифтанаш паёми сулҳоварӣ шиораш гардида буд. Ана ҳамон қувваи бузург, қуввае, ки тамоми арзу саморо дар ихтиёраш дорад, ба мардуми мо марде, бузургеро роҳнамо сохт, ки ӯ тавонист ин миллатро сарҷамъ бисозад. Хешро ба ҳар кӯву дар зад, то мардуми сарсону саргардонашро ҷамъ оварад. Ба ояндасозии онҳо боварӣ бубахшад. Аз Афғонистон дарс гирифт, ба халқаш дарс омӯхт, дарси матонату далерӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, бахшиданҳо ва баҳамоиҳо.

Солҳое, ки дар Афғонистон будам, дафъае чанд мазори ҳамватанони хешро, ки дар бисткилометрии шарқи шаҳри Мазори Шариф, маркази маъмурии вилояти Балхи бостон, воқеъ гардидааст, зиёрат намудаам. Ин мавзеъ он замон Кампи сахӣ ном гирифта буд ва то кунун онро мардуми Балх ҳамин гуна ном мебаранд ва ҳатто ин бошишгоҳи муҳоҷирини иҷбории тоҷик ҳоло чун як маҳали аҳолинишин чунин ном гирифтааст. Мардуми Афғонистон асрҳо баъд низ ин ҷойро бо ин ном дар таърихи хеш сабт хоҳанд кард, яъне боз таърих мардуми Хуросони бузургро баъди ҳазорсолаҳо ба ҳам ҳамдарду ҳамқисмат хоҳад гардонд.

Кашмакашҳои дохилии кишвари ҳамзабону ҳамсояи мо чорумин даҳа аст, ки идома меёбад. Барои ба ин кишвар сулҳ овардан кишварҳои зиёде вориди саҳна гардиданд, аммо то ҳол комёб нашудаанд. Онҳо раҳгум задаанд. Ин кишвар абармардони зиёдеро ба инсоният ва ҷомеаи ҷаҳонӣ туҳфа намудааст, мутаассифона,  дар эҷоди як зиндагии шоиста ва орому осуда баҳри халқи хеш то ҳол ноком  мондаанд. Ман борҳо дар шаҳру деҳоти дурдасти ин кишвар бо мардуми одии он, ки ташнаи сулҳу оромианд, ҳамсуҳбат шудаам. Онҳо ба мо,  мардуми Тоҷикистон, ҳасад мебаранд, ки чӣ гуна тавонистем сулҳ биёварем. Дар баробари мо хушанд, ки Роҳбари оқилу доно ва сулҳпарвар дорем. Ӯ на танҳо ғами худиро мехӯрад, балки ғамшарики ҳамсояи муштаракзабону муштаракфарҳанг низ мебошад. Ҳар дафъа то аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ аз боби чолишҳои минтақавӣ, аз он ҷумла Афғонистони оғушта дар хун, сухан накунад ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилоти он даъват нанамояд, дилаш қарор намегирад. Дар тасаввураш оромии Афғонистон оромии ҷаҳон аст. Мисоли равшани ин ғамшарикии Пешвоямонро ман бори дигар замоне мушоҳида кардам, ки аз миёни роҳбарони давлатҳо аввалин шуда, баъди ҳамлаи маргбори чанд рӯзи пеши даҳшатафканон ба шифохонаи Чорсадбистари низомӣ дар Кобул, тасаллияти мардуми Тоҷикистонро ба Президенти Афғонистон баён намуд.

Чоряк аср мешавад, ки мо соҳиби истиқлолиятем. Агарчӣ чанд соли аввали он барои миллати мо солҳои душвору сангин, яъне солҳое буданд, ки гӯё мо имтиҳони соҳибдавлат шудан ё нашуданро месупурдем. Хушбахтона, ин имтиҳони сахту сангинро гузаштем. Ҳоло мо ба сӯи рушд ва тараққӣ қадам мезанем. Аз он замоне ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, дар рӯҳияи мардуми мо боварӣ, умед ба ояндаи нек ҷо гирифт ва имрӯз амалӣ гашта истодаанд. Аз замони имзои ин санади тақдирсоз бист сол сипарӣ мешавад, ки барои таърихи миллати тоҷик муддати чандон тӯлонӣ нест, аммо дар ин давраи кӯтоҳ дастовардҳоеро соҳиб гаштем, ки барои ба онҳо ноил гардидан шояд як аср лозим меомад. Роҳҳо сохтем, нақбҳо кандем, ҷанубро ба шимолу шарқу ғарб пайваст намудем, дилҳоро ба ҳам наздик ва ба хонаҳои ҳамдигар равуо кардем, маҳалу маҳалгаройиро аз байн бурдем.

Инҳоянд меваҳои ширини ваҳдати миллии  мо ва ман аз он меболам, ки имрӯз чун як тоҷики хуштолеъ аз ин меваҳои ширини ваҳдат мечашам ва лаззат мебарам.

Имрӯз Тоҷикистон на танҳо ба хонаи ягонаи мо — тоҷикистониён, балки ба хонаи умеди тоҷикони олам мубаддал гаштааст. Борҳо хондаам ва шунидаам, ки аз ваҳдати мо дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Афғонистону Эрон, изҳори хушӣ мекунанд ва Сарвари мо, Пешвои моро дар ҷойгоҳи Куруши Кабир мебинанд, ки шукӯҳу шуҳрати давлати тоҷиконро аз марзҳои Хуросони бузург фаротар бурдааст. Имрӯз забони дарии тоҷикӣ ба воситаи Пешвои мо аз баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ садо медиҳад. Созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба Сарвари мо боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд, ибтикору ташаббусҳои моро дар ҳалли мушкилоти имрӯзаи сайёра ба эътибор мегиранд. Ин ҳама даст­овардҳо ва эътирофи байналмилалӣ касб кардани кишварамон тавассути Роҳбари хирадманд, сулҳпарвар ва башардӯстамон ба мо насиб гардидааст.

Мирзоалӣ МИРАЛИЕВ,

омӯзгори фанни забони англисии Мактаби

байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе