Забон ва занон

№34 -35 (4140 - 4141) 19.03.2020

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои гус­тариши забони модарӣ тамоми шароит фароҳам омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 сентябри соли 2005) таъкид доштанд, ки: «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳифаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзияш-забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».

Дар баробари ин, соли равон, дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи Модар, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонувони тоҷик туҳфа гардидани китоби арзишманди тозанашр — «Забони миллат – ҳастии миллат» рӯйдоди фараҳбахш дар ҳаёти маънавии бонувон ба шумор меравад. Ин туҳфа бесабаб набуд, чунки забони модарӣ нахустунсури миллату давлат, нахустомили ҳифз ва рушди мероси фарҳангию сарвати маънавӣ, арзишмандтарин дороии башарӣ маҳсуб меёбад. Қайд кардан бамаврид аст, ки забон ба воситаи модари забондону донишманд ба фарзанд интиқол ёфта, покизаву беолоиш нигоҳ доштани он низ ба занон иртибот дорад.

Пешвои миллат дар муқаддимаи китоб қайд намудаанд, ки: «Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад».

Китоб барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шуда, рушди забони моро аз асри XIII то ибтидои асри XX инъикос менамояд. Он бо истифода аз асарҳои дар давраҳои гуногун таҳияшудаи илмӣ омода гардида, аз лиҳози сабку ҷобаҷогузорӣ ва тарзи пешниҳод аз дигар осори забоншиносӣ фарқ мекунад. Дар ин асари бунёдӣ дастовардҳои охири забоншиносиву тоҷикшиносии ватаниву ҷаҳонӣ ҷамъбаст гардидааст.

Он аз пешгуфтор, ҳафт боб, хулоса, китобнома (410 адабиёти истифодашуда) ва 431 саҳифа иборат мебошад. Дар пешгуфтор мухтасар таърихи густариши забони тоҷикӣ — аз давраи бостон то ба ҳол, истиқлол ва аҳамияти таърихии он дар сарнавишти забони тоҷикӣ, ҳадафу мақсади муаллиф, вазифаҳои забоншиносон дар пажӯҳиши забоншиносии забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Асар арзиши баланди илмӣ дошта, муаллиф таърихи забони тоҷикӣ, муборизаи мардуми тоҷик барои ҳифзи забону адаб ва фарҳангро дар асоси далелҳои муътамад бозгӯйӣ намудааст.

Дар даврони истиқлолият забони тоҷикӣ бо шарофати таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба таври густурда мавриди истифода қарор гирифта, ба забони робитаҳои байналмилалӣ  мубаддал гардид.

Мояи ифтихор аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат аз оғози соҳибистиқлолӣ барои рушди забони миллӣ ва ташаккулу таҳкими он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар тадбирҳои муассир андешида шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби зикршуда қайд кардаанд, ки: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад…

Омӯзиши таърихи ташаккул ва таҳаввули забони тоҷикӣ имкон медиҳад, ки мо забонамонро дӯст дорем, барои ҳифзи он талош варзем ва ба хотири ғанӣ гардонидани ин забони ширину шево тамоми неруи зеҳнии кишварро сафарбар карда, рушди бемайлони онро таъмин намоем».

Ба ин суханони арзишманд чизе илова намуданро ҷоиз намедонам.

Наргис РАҲМОНОВА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон