Заминаи мукаммали қонунгузорӣ тақвиятбахши соҳибистиқлолист

№11 (4431) 18.01.2022

Ба даст овардани соҳиб­истиқлолӣ ва гузариш аз як сохти иҷтимоию иқтисодӣ ба дигар, навсозии арзишҳои иҷтимоӣ ва ҷамъиятиро талаб менамуд, то сохтори куҳнаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва давлатӣ ба шаклҳои нави идоракунӣ ва давлатдорӣ мутобиқ гардад. Амалӣ намудани талаботи нав бе заминаи мукаммали қонунгузорӣ ғайриимкон буд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, то кадом сатҳу дараҷа ҳуқуқбунёд будани давлат ба сатҳу сифати қонунҳои он вобаста мебошад. Ташаккули қонунгузорӣ дар шароити барои мамлакат махсус ва дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ, инчунин, вазъияти дохилӣ ва берунӣ, новобаста ба душвориҳо, мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ сурат гирифт. Зимнан, рушди қонунгузории Тоҷикистонро метавон ба марҳилаҳои зерин ҷудо намуд:

1. Марҳилаи аввали барқароршавии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (солҳои 1991-1994);

2. Марҳилаи гузоштани асосҳои низоми нави қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (солҳои 1995 – 2000);

3. Марҳилаи фаъолнокшавии таҳия ва қабули қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (солҳои 2000- 2010);

4. Марҳилаи устуворшавӣ ва такмили минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2010 то ба ҳол).

Марҳилаи аввал давраи аз ҳама душвори ташаккул ва инкишофи қонунгузории Тоҷикистон буд. Буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаро фарогирифтаи солҳои 90-уми асри гузашта ба рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ бавуҷудомада ва танзими самараноки ҳуқуқии он имконият намедод. Қонунҳое, ки солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият қабул шуданд, наметавонистанд барои барқароршавии муносибатҳои нави давлатдорӣ мусоидат намоянд. Дар он давра як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо мақсади ба эътидол овардани вазъият қабул шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод намудани шахсоне, ки дар давраҳои аз 27 март то ба 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои низоъҳои ҳарбӣ ҷиноят ва кирдор содир намудаанд» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳамон ҷумлаанд. Тибқи қонуни дуюм, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президиуми Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат эълон шуд. Мақсади дигари қонунҳои қабулкардашуда ба тартиб овардани муносибатҳои нави ҷамъиятии дар давраи соҳибистиқлолӣ бавуҷудомада, аз ҷумла, муайян кардани сиёсати ягонаи гумрукӣ, танзими низоми пулӣ, андоз ва фаъолияти корхонаҳо, рақобат ва фаъолияти монополистии субъектҳои хоҷагидорӣ, суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии молумулки онҳо ва ҳифзи иҷтимоии гурезаҳо буд.

 Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 марҳилаи дигари ташаккул ва такмили қонунгузорӣ оғоз гардид. Ба воситаи Конститутсия тағйироти куллие, ки бояд дар ҳама сохти ҷамъиятӣ ба вуҷуд ояд, расмӣ (қонунӣ) гардонида шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногуншаклии моликиятро эътироф намуда, кафолати озодии иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳама гуна шакли моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро эътироф намуд. Барои амали он қонунҳои зиёд қабул шуда, барои тақвияти конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, салоҳиятнокии мақомоти ҳокимияти давлативу ҳифзи ҳуқуқ, рушди соҳаи молия ва иқтисод шароит муҳайё шуд. Кодефикатсиякунонии қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла, дар соҳаи замин, меҳнат, оила, манзил, ҷиноятӣ, мурофиавӣ ва дигар қонунгузориҳо оғоз гардид. Як қатор қонунҳое қабул шуданд, ки ба воситаи онҳо иқтисоди бозорӣ ба танзим дароварда шуд. Қабули Кодекси гражданӣ (соли 2000) ба рушди қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои иқтисоди бозорӣ замина гузошт. Мавриди амал қарор гирифтани Кодекси андоз ва як қатор қонунҳои нав, асосҳои ҳуқуқии иқтисодиёти миллӣ ва хусусиятҳои ташаккулёбии онро муайян намуда, муносибатҳои граждании байни субъектҳои гуногунро ба тартиб дароварданд, шаклҳои ташкили ҳуқуқии шахсони ҳуқуқиро муайян намуда, иштироки давлат дар ин муносибатҳо ва тартиби руёнидани андозҳоро муайян намуданд.

Ташаккул ва такмили низоми қонунгузории мамлакат дар марҳилаи сеюм ба ворид намудани тағйиру иловаҳо аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 1999, инчунин, соли 2003 вобастагӣ дорад. Онҳо заминаи ҳуқуқиро барои барпо намудани парламенти дупалатагӣ муҳайё намуда, салоҳияти якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин, ваколати ҳар як маҷлисро дар алоҳидагӣ муайян сохт.

 Парламенти касбӣ шумораи зиёди кодексҳо ва қонунҳоро қабул намуд, ки фаъолияти субъектҳои гуногуни муносибатҳои ҳуқуқиро ба танзим дароварданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба фаъолияти ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷроия ва суд) тааллуқ доштанд. Дар он давра кодефикатсияи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ ба анҷом расида, қонунҳои хислати хусусию оммавидошта, инчунин, кодексҳои нави мурофиавӣ, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ ва ҷиноятӣ, қабул шуданд.

Минбаъд ҷараёни ташаккул ва рушди қонунгузории Тоҷикис­тон то дараҷае устувор гардида бошад ҳам, вале бартараф намудани оқибатҳои буҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ, зарурати ҳифзи соҳибистиқлолии давлатӣ, барпо кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди устувори давлати ҳуқуқбунёд яке аз вазифаҳои муҳими таъмини соҳибистиқлолии давлат ба ҳисоб мерафт. Дар чунин шароит гузаронидани сиёсати ҳуқуқии дуруст ва бонизом нисбат ба низоми ҳуқуқӣ, аз ҷумла, самаранокӣ ва сифати қонунҳои қабулкардамешуда то дараҷае воситаи муҳими мустаҳкамкунии Истиқлолияти давлатӣ гардид. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси консепсия ва барномаҳои дарозмуддат рушд ёфт. Бо ин мақсад як қатор консепсияҳо ва барномаҳо оид ба рушди қонунгузорӣ қабул шуданд. Консепсияи дурнамои инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2015 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2011 тасдиқ шуд. 2 ноябри соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар асоси он 6 барномаи давлатӣ аз ҷумла, дар бораи сохтори давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният, таъмини ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳифзи муҳити зист, молия, андоз, гумрук, фаъолияти бонкӣ, қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ, инчунин қонунгузории меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, татбиқ шуданд.

Дар ин раванд қонунҳои амалкунанда низ дар таҳрири нав қабул ва ба қисмати зиёди онҳо ­тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Таҳлили ҷараёни қонунгузории Тоҷикистон нишон медиҳад, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои асосии ҳуқуқ ва қонунгузорӣ ба санадҳои зарурии кодефикатсионӣ таъмин гардидаанд. Бегуфтугӯ, қабул ва такмили қонунгузорӣ минбаъд низ идома меёбад. Зеро муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд ва зарурат ба танзимро доранд. Ин раванд бо тартиби муқарраршуда ва бо дарназардошти демократикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ амалӣ мегардад. Ин ҷанбаҳо дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2028» муайян шудааст.

Камбудиҳо дар қонунгузорӣ мумкин аст ҷой дошта бошанд. Зарур аст, ки барои бартараф кардани онҳо субъектҳои дорои ташаббуси қонунгузорӣ фаъолтар бояд шаванд. Вале он санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки то ба ҳол қабул шудаанд, саривақтӣ ва муҳим маҳсуб мешаванд.

М. РАҲИМЗОДА,

узви вобастаи АМИТ,

 доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

 профессор,

 Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон