Ба истиқболи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Заминаи ҳуқуқии ташаккули давлатдории навин

№13 (3159) 08.02.2014

Сарконун

Имсол аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки арзишҳои волои он бо такя ба анъанаҳои миллии ниёгонамон дар эъмори давлати демократӣ, озоду мустақил ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт, бист сол сипарӣ мешавад.

Ба истиқболи ин рӯйдоди муҳими сиёсии кишвар рӯзнома тасмим гирифтааст, ки таҳти ин рубрика маводи ҷолибу хонданӣ пешкаши хонандагон гардонад. 

DSC_2490Дар Конститутсия институт ва масъалаҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, мақом ва салоҳияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар, салоҳият ва вазъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мустақилияти ҳокимияти судӣ, ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор будани назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат ва дигар падидаҳои воло муқаррар гардидааст.

Доир ба зарурат ва муҳимияти қабули Конститутсияи кишвар дар бунёди давлатдории миллӣ Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992, ки Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон буданд, аз ҷумла иброз доштанд: «…асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро, бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, такмил дода, барои бунёди давлати нав — давлати демократии ҳукуқбунёд замина гузоштан лозим аст».

Ҷиҳати амалӣ намудани қарорҳои қабулнамудаи ин Иҷлосияи таърихӣ ва дар амал татбиқ кардани вазифаҳои дар Муроҷиатномаи Сарвари давлат ба мардуми кишвар овардашуда, дар мамлакат ислоҳоти конститутсионӣ идома дода шуд ва зарурати қабул намудани аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо дарназардошти арзишҳои байналмилалӣ ва вазъияти ҳамонвақта, ба миён омад. Дар Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкил намудани комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида, ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия суръати тоза бахшида шуд.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва зарурии Комиссияи конститутсионӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия муайян кардани заминаи ниҳодҳои давлатдорӣ ва шакли идораи давлат буд. Баъд аз муҳокимаҳои тӯлонӣ Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулияти таърихии хеш, таҳлили аслии воқеият ва талаботи ҷомеаи кишвар ба хулоса омад, ки лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шакли ҷумҳурии президентиро пешбинӣ менамояд, ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия карда шавад. Пас аз муҳокимаи пешакӣ 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз — Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои волои Конститутсия амалӣ шуда, барои аз байн бурдани хавфе, ки ба Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ниҳоят ба ягонагии миллат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё ва роҳи сулҳу субот боз гардид. Аз ин хотир, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти миллиро доро мебошад, пурра ҷавобгӯйи талаботи нави замон буда, дарвоқеъ қонуни ваҳдати миллӣ ва рушду нумуи халқ ва давлати Тоҷикистон дониста мешавад.

Баъд аз мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1995 «Дар бораи Нақшаи ташкили кор ҷиҳати мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, дар заминаи он чандин қонуну кодексҳо, қабул гардида, ба танзими муносибатҳои ҷамъиятии мавҷуда нигаронида шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 2013 дар Паёми табрикотии хеш ба муносибати 19-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод  гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд.

Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун неруи тавонои ҳуқуқӣ консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро, ки табиатан ба ӯ хос мебошанд, мустаҳкам намуда, уҳдадории давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар менамояд».

Бо назардошти пешрафти ҳаёти ҷомеа ва ташаккули низоми сохтори давлатӣ зарурати такмили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада, ду маротиба яъне солҳои 1999 ва 2003 дар асоси баргузории раъйпурсии умумихалқӣ мардуми кишвар барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин Қонуни асосӣ изҳори розигии худро иброз доштанд.

Тибқи тағйиру иловаҳои соли 1999 воридшуда, баробари дигар навовариҳо, бори аввал дар низоми ҳокимияти давлатӣ парламенти касбӣ иборат аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт. Ҳамин тавр барои рушди парламентаризми миллӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд. Парлумони кишвар ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нишонаҳои аввалиндараҷаи мавҷудияти давлати демократию ҳуқуқбунёд маҳсуб ёфта, бо фаъолияти худ тавассути таҳия  ва  қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ҷомеа, тасдиқ кардани санадҳои байналмилалӣ дар пешрафти Тоҷикистони муосир нақши  босазо дорад.

Тоҷикистон санадҳои зиёди байналмилалиро, ки хусусияти универсалӣ доранд, дар соҳаҳои гуногун, аз қабили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини ҳуқуқҳои занону кӯдак, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, пешгирии ҳолатҳои шиканҷа пазируфтааст, ки онҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Сатҳи амали онҳо дар моддаи 10 Конститутсияи мамлакат муқаррар гардидааст.

Мутобиқи ислоҳоти конститутсионии соли 2003, дар  Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф гардида, ба низоми судии мамлакат — Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дохил шуд ва муҳлати ваколати судяҳо даҳ сол муқаррар ва чандин меъёрҳои дигари ин санади муҳим низ такмил дода шуданд.

Падидаи муҳиме, ки дар Конститутсияи кишвар, аз ҷумла дар моддаҳои 59-62 таҷассуми худро пайдо намудааст, муайян гардидани зинаи муҳими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз ҷониби мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар, яъне тартиби қабули қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ба шумор меравад. Дар асоси амалишавии ин меъёрҳои Конститутсия парламентаризми миллии Тоҷикистон рушду такомул ёфта, аз ҷониби парлумони мамлакат раванди қонунэҷодкунӣ, хусусан қонунҳои миллӣ, ки мақсаду мароми онҳо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишвар мебошад, бомаром идома дорад. Дар ин ҷода метавон қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро номбар кард, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи  ташаббуси қонунгузорӣ ба парлумони кишвар пешниҳод шуда буданд.

Таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар як самти фаъолияти муҳими субъектони ҳуқуқэҷодкунанда ба шумор рафта, бо такя ба меъёрҳои Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва таъмини риояи афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд, адолати иҷтимоӣ ва афкори ҷамъиятӣ амалӣ мегардад.

Дар Конститутсияи кишвар аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо пешбинӣ гардидааст, ки чунин таҷриба дар амалияи ҳуқуқэҷодкунии давлатҳои гуногун вобаста аз сохти давлатдориашон мавҷуд аст. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби қабули қонунҳои конститутсиониро аз қабули қонунҳо тафовут гузоштааст. Дар моддаҳои дахлдори он (моддаҳои 7, 15, 27, 47, 48, 51, 61, 66, 74, 78, 83, 84, 95) қабули қонунҳои конститутсионӣ пешбинӣ гардидаанд, ки ҳамчун санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ равона карда мешаванд.

Ҳамчунин барои қабули қонунҳои конститутсионӣ нисбат ба дигар қонунҳо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҷонибдории аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ пешбинӣ гардида, он дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ афзалият доштани қонунҳои конститутсиониро аз дигар қонунҳо нишон медиҳад.

Дар кишвар қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қабул шудаанд ва мавриди амал қарор доранд, ки ба фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ бахшида шудаанд.

Тибқи муқаррароти моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дар сурати  хилофи Конститутсия будани қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Маҳз амали мустақими меъёрҳои Конститутсия ва таъмини волоияти он  тақозо намуд, ки дар ин замина Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати конститутсионӣ  таъсис дода шавад. Дар ҳамин радиф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1995 таҳти №238 «Дар бораи фаъолияти ташкилии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. 3 ноябри соли 1995 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки барои ба фаъолияти касбӣ, яъне ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шурӯъ намудани ин ниҳоди демократӣ мусоидат намуд. Аҳамияти мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити муосир, пеш аз ҳама барои он муҳим арзёбӣ мегардад, ки дар ҳифзи Қонуни асосии кишвар, яъне ҳифзи арзишҳои конститутсионии дилхоҳ давлати муосири демократӣ қарор дорад. Назорати конститутсионӣ яке аз институтҳои муҳими ҳуқуқии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор рафта, ба фаъолияти он ҳалли масъалаҳои муҳими таносуби сарчашмаҳои гуногуни қонунгузории дохилӣ, муносибатҳои мутақобилаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мустаҳкамкунии низоми таҷзияи ҳокимият, такмил додан ва ба Конститутсия мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва дигар санадҳоро вобаста менамоянд. Мақомоти назорати конститутсионӣ хоси ҳама гуна шаклҳои сохтори давлатӣ буда, дар зиёда аз 115 давлати ҷаҳон, аз қабили Австрия, Албания, Арманистон, Венгрия, Испания, Италия, Латвия, Литва, Қазоқистон, Озарбойҷон, Олмон, Федератсияи Россия  ва дигар давлатҳои пешрафта     фаъолият менамояд.

Назорати конститутсионӣ намуди махсуси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар давлат ба шумор меравад, ки он барои санҷиши мутобиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия  аз тарафи  мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ ва ё мақомоти махсуси назоратӣ дар асоси муроҷиати субъектони муайян равона гардидааст.

Дар моддаи 89 Конститутсия ва моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки он метавонад  мувофиқати қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии мақомоти қонунгузорӣ ва иҷроияи кишвар, судҳои олӣ, олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, инчунин қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистонро ба Конститутсия муайян намояд. Ҳалли баҳсҳои байни мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин байни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳудудии худидоракунии маҳаллиро, ки ба салоҳияти онҳо вобаста мебошад, ҳаллу фасл мекунад.

Суди конститутсионӣ, ки ҳамчун мақомоти назорати конститутсионӣ баҳри таъмини волоияти Конститутсия дар кишвар амал дорад, дар як вақт масъалаи ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешаванд, муайян менамояд.

Мақомоти мазкур дар як вақт масъалаҳоро оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон вобаста ба қонун ва дигар санади ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ баррасӣ мекунад, инчунин ба  Конститутсия  мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар парвандаи мушаххас, ки аз тарафи суд нисбаташон татбиқ шудааст, тибқи тартиби муқарраршуда, муайян менамояд.

Суди конститутсионӣ вобаста ба салоҳияти касбӣ дар асоси дархосту пешниҳоди субъектони муроҷиат ба он тӯли фаъолияти хеш  масъалаҳои зиёдеро оид ба муайян сохтани номутобиқатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия баррасӣ ва қарору таъиноти дахлдор қабул намудааст, ки дар таҳкими адолати конститутсионӣ дар кишвар саҳми назаррас доранд. Чунончӣ, 27 сентябри соли 2013 аз ҷониби Суди конститутсионӣ дархости шаҳрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Суди конститутсионӣ дархости мазкурро ҳаматарафа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, муайян намуд, ки муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз болои таъиноти (қарори) дар рафти муҳокимаи судӣ оид ба интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул кардашуда шикоят ва эътироз овардани иштирокчиёни мурофиаи судиро манъ менамояд, боиси маҳдуд гаштани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон оид ба муроҷиат ба мақомоти судӣ гардида, ба мазмуну муҳтавои моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам нест. Зеро ҳама гуна тартибе, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо маҳдуд сохта, монеаи ба амал баровардани онҳо, аз ҷумла ҳуқуқи шикоят намудани санадҳои судӣ мегардад, он ҳамчун маҳдуд кардани кафолати ҳифзи судӣ ва ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳо ва қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, Суди конститутсионӣ муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ арзёбӣ намуд.

Дар асоси ин қарори Суди конститутсионӣ аз ҷониби парлумони кишвар ба қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид ва муқаррароти номбурдаи мавриди баҳс аз Кодекси мазкур хориҷ карда шуд.

Бо қабули қарори Суди конститутсионӣ меъёри санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки мавриди баҳси конститутсионӣ қарор гирифтааст, бекор шуда, дар ин хусус қарори Суди конститутсионӣ ба субъекти дахлдори ҳуқуқэҷодкунанда барои иҷро фиристода, дар воситаҳои ахбори омма инъикос ва чоп карда мешавад.

Бинобар салоҳияти густурдаи аҳамияти давлативу ҷамъиятӣ доштани Суди конститутсионии кишвар, дар Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ гардидааст, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё баъзе нуқтаҳои онҳо, ки аз тарафи Суди конститутсионӣ ғайриконститутсионӣ дониста шудаанд, эътибори худро гум мекунанд, дар баробари ин, амали дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои дигари ба санади ғайриконститутсионӣ эътирофшуда асос ёфтаанд, бекор мегарданд. Аз ҷониби Суди конститутсионӣ ба амал баровардани салоҳияти муайян кардани мутобиқатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, санадҳои қабулнамудаи Суди конститутсионӣ қатъӣ буда, нисбати онҳо шикоят кардан мумкин нест ва иҷрои онҳо аз тарафи ҳамаи мақомот, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, ки қарорҳо ба онҳо дахл доранд, ҳатмӣ мебошанд.

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ байни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷи кишвар, аз қабили ҷумҳуриҳои Арманистон, Туркия, Украина ва Федератсияи Россия Ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки барои боз ҳам густариш ёфтани муносибатҳои мутақобилан судманд мусоидат менамоянд.

Суди конститутсионӣ ҳамчун ниҳоди демократӣ дар таҳкими адолати конститутсионӣ, тавассути таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи музаффариятҳои даврони истиқлол, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва ба ҳамин васила барои эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд нақши муассир дорад.

Маҳкам МаҳмудовРаиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор