1300 рӯзи ободонӣ ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

№83 (3877) 07.07.2018

Яке аз масъалаҳое, ки чанде пеш дар иҷлосияи XV Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт, вазъи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 19 декабри соли 2017 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.

Муовини раиси вилояти Суғд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Назира Ғаффорӣ дар ин робита чунин изҳори андеша намуд:

- Тибқи Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд дар ҳама шаҳру ноҳияи вилоят коргоҳҳои дӯзандагӣ ва коркарди шир таъсис дода шаванд. Соли ҷорӣ дар вилоят мебоист 22 коргоҳи дӯзандагӣ таъсис ёбад. Аз ин шумора 17 адади он ба фаъолият оғоз кардааст. Ҳамчунин, таъсиси 170 корхонаи саноатии хурду миёна бо панҷ ҳазор ҷойи корӣ дар нақша аст.

Зикр гардид, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони иншооти соҳаи маориф низ авҷ мегирад. Тибқи нақша бунёди ҳашт муассисаи нави таълимӣ дар шаҳраку деҳоти вилоят, зиёда аз 400 синфхона дар назди 43 муассисаи таълимӣ, ду бинои мактаб-парваришгоҳ, барқарор кардани 46 бинои садамавии муассисаҳои таълимӣ, 9 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва чор бинои ёрирасону варзишӣ дар назар аст, ки ба боз ҳам беҳтар шудани вазъи таълиму тарбия дар мактабҳо мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки шароити озмоишгоҳу синфхонаҳои фаннӣ беҳбудӣ мехоҳад. Бо вазъи мавҷуда иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 таҳти №544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» душвор хоҳад шуд.

- Соҳаи тандурустӣ бо тамоми дастоварду муваффақият ҳанӯз аз муаммову мушкил орӣ нест. Аз ҷумла, масъалаи пешгирии як қатор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта ва гирифторшавӣ ба ВНМО масъулияти ҷиддиро талаб мекунад, — гуфт Н. Ғаффорӣ ва илова кард: — Дар вилоят ҳанӯз ҳам муҳоҷирати меҳнатии занон ба назар мерасад. Дар панҷ моҳи соли равон 7224 нафар зан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Илоҷи ҳалли ин масъала ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занони хонашин ва бо ҷойи доимии кор таъмин намудани онҳост.

Муовини раиси вилоят ёдовар шуд, ки баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори раиси вилояти Суғд 1300 рӯзи ободонӣ эълон шудааст ва созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо мекунад.

Тибқи масъалаи дигари рӯзнома раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчун номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Суғд №2» ба ҷойи вакили хориҷшуда пешниҳод гардид.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»