Ноумедӣ дар «Равзанаи умед»

№26 (3663) 07.03.2017

00a2efefa985728f6d002e625c2d5f0a028fd995_900Ҳар боре ки модарро пеши назар меорам, ашк беихтиёр аз дидагонам равон мешавад. Агар заррае барои модарам хизмат карда бошам, шукр мегӯям. Аммо хизматашро ҳеҷ гоҳ гардонда наметавонам.

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,   

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Ҳамчунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст:

«Ҳарчанд дар ҷомеаи мо Зан-Модар мақоми арзанда дорад, бо вуҷуди ин мо дар назди ӯ ҳанӯз қарздорем».

Бузургворе фармудааст: «Зонуи худро ба замин гузор ва барои модарат дуо кун. Дар зиндагӣ ду бор зону задам, як бор барои Офаридагорам ва бори дигар барои модарам.

Муҳаббати модар ба фарзанд беандоза мебошад, ҳамеша ғами онҳоро мехӯраду месӯзад, ки дар зиндагӣ барояшон чӣ насиб мешуда бошад».

Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,

Гарде аз роҳи модарон бошад.

Хок шав зери пои ӯ, ки биҳишт,

Дар қадамгоҳи модарон бошад.

Мақсад аз навиштани ин сатрҳо бозгӯйӣ намудани ҳаёти як зан – модари 77 — сола Муқадам Расулова, сокини шаҳри Душанбе мебошад, ки аз дасти 3 духтараш дарду ранҷ мекашад ва муҳтоҷи дастгирист.

Фарзанди чорумаш, тифли 7-моҳаи дар кӯча партофташуда мебошад, ки ӯро тӯли 30 сол хӯронду пӯшонд ва ҳамчун фарзанд ба воя расонд. Баъд аз он ки ӯ калон шуд, нисбат ба модар беҳурматӣ зоҳир намуд.

5 феврали соли 2017 ба воситаи «Телевизиони Сафина» барномаи «Равзанаи умед» дар бораи ин модар пахш шуд. Барномаро тамошо мекардаму гаштаю баргашта ба худ суол медодам. Шаб аз нисф гузашта бошад ҳам, сурату гуфтаҳои модари бечора пеши назарам меомад.

Дар бисёр мавзӯъ мақолаҳо навиштаам, аммо ҳангоми навиштани сатрҳо дар ҳаққи фарзандони бемеҳру шавқат қалам ба ман итоат намекард. Модар, ки дар пиронсолӣ муҳтоҷи дастгириву ёрист, аз фарзандонаш касе нест, ки дасташро гирад. Ҷавонеро, ки бо навозиш калон кард, нисбат ба модар хиёнат намуд ва хонаашро фурӯхта, бе ному нишон гаштааст. Амали духтаронаш низ нобахшиданист. Ҳаминро гуфтаниам, ки духтаронаш чунин рафторро аз фарзандони худ бояд интизор шаванд. Духтари дуюмаш бошад, модарашро латукӯб намудааст. Модаре, ки фарзандонашро хӯронду пӯшонид ва соҳиби маълумот гардонид, дар ҷавоб чунин подош гирифт.

Муқадам Расулова гарчанде дар хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе бошад, худро танҳо ҳисоб намекунад. Ӯ тамоми шароити зиндагиро дорад. Миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор мекунад.

- Ӯст нигаҳбони ман — Эмомалӣ Раҳмон, — мегӯяд, модар.

Саволе пайдо мешавад, ки дар чунин моҷароҳо чаро ҳамсояҳо худро бетараф мегиранд? Агар мо бемасъулиятиро афзалтар ҳисоб кунем, пас ояндаи ҷомеаи мо чӣ мешавад? Аз ин хотир, барномаи «Равзанаи умед» боиси дастгирист.

Ба роҳбарият ва масъулони «Телевизиони Сафина» барои чунин барномаи таъсирбахшу ибратомӯз изҳори сипос менамоям. Бигузор ба ин монанд барномаҳои телевизионӣ, ки дархӯри зиндагии имрӯза мебошанд, зиёдтар шаванд.

Ф. Зикрихудоев,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии № 40-и ноҳияи Дарвоз