Манъи муваққатии фаъолияти 34 иншоот дар Рашт

№54 (3691) 18.05.2017

123123123Солҳои охир дар ноҳияи Рашт назорати санитарӣ ва корҳои профилактикӣ  рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Мирзомаҳмуд Обидов зимни суҳбат иттилоъ дод, ки соли равон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ»  корҳои назаррасеро ба анҷом расониданд. Дар марказ шуъбаҳои назорати давлатии санитарию гигиенӣ, назорати давлатии эпидемиологӣ, ташхисгоҳи бактериологӣ, ташкили оморӣ, бақайдгирии молиявӣ, кадрӣ ва дезинфексионӣ — безараргардонӣ фаъоланд. Таҳти назорати мутахассисони шуъбаи санитарӣ — гигиенӣ 67 иншооти саноатӣ, 203 иншооти маишӣ, 119 иншооти барои кӯдакону наврасон пешбинишуда ва 172 иншооти коммуналӣ қарор гирифтааст. Тайи як соли охир  дар иншооти мазкур 403 санҷиш гузаронида шуда, 62 огоҳӣ ва 403 санад пешниҳод гардидааст.

2191 нафар соҳибкори инфиродӣ, фурӯшанда ва коркунони ташкилоту муассисаҳои ноҳияро аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ба онҳо барои кор иҷозат дода шуд. Дар ташкилоту муассисаҳо, фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ ва ошхонаҳо корҳои профилактикӣ, безараргардонӣ гузаронида, бо 6 ташкилоту муассиса шартнома ба имзо расид.

101 соҳибкори инфиродӣ ва фурӯшанда бо сабаби риоя накардани қоида ва меъёрҳои  санитарӣ, инчунин нигоҳдории маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта ҷарима шуданд. Фаъолияти 34 иншоот муваққатан боз­дошта, 1231 кг маҳсулоти пастсифат аз муомилот гирифта шуд. Ҳамчунин, барои фаъолияти муассиса, корхона ва соҳибкорони инфиродӣ 210 хулосаи санитарию эпидемиологӣ дода шуд. Айни ҳол 957 нафар гирифтори бемориҳои сироятӣ ва 1151 нафар гирифтори бемориҳои паразитӣ дар ноҳия ба қайд гирифта шудаанд.

Мирзомаҳмуд Обидов изҳор намуд, ки мушкили асосӣ паст будани дониши санитарии шаҳрвандон, бахусус кормандони марказҳои хизматрасонӣ дар деҳоти дурдаст мебошад.

- Баҳри самаранокии фаъолият боз ҳам тақвият додани корҳои профилактикӣ ба манфиати кор аст. Умед дорем, ки Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиии ноҳияи Рашт то охири сол бо таҷҳизоти замонавии лабораторӣ ва бинои алоҳида таъмин мегардаду барои кормандон шароити боз ҳам беҳтари корӣ фароҳам мешавад, — гуфт М. Обидов дар фарҷоми суҳбат.

 Матн ва сурати

Мирзосафар РИЗВОНОВ,

ноҳияи Рашт