Харобкориҳои табиат бартараф мешаванд

№97 (3734) 15.08.2017

2Харобкориҳое, ки моҳи июли соли равон бар асари боришоти зиёд дар навоҳии водии Рашт рух доданд, бо дастгирии Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо батадриҷ бартараф карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бар асари боришоти зиёди борон ва фаромадани сел 4 июли соли равон дар деҳаҳои Ҳалқарфу Бедак ва Қулои деҳоти «Навдӣ», шаҳраки Ғарм, Ялдамичи деҳоти «Қалъанак», Ярхаби деҳоти «Ҳиҷборак» ва Кӯҳдомани деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт дар маҷмӯъ ба 70 хоҷагӣ зарар расид.

Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Рашт Шодмон Ғиёсов иттилоъ дод, ки бар асари боришоти борон, селе, ки аз доманакӯҳҳои деҳоти «Навдӣ» фаромад, 47 хоҷагӣ, аз ҷумла 2 хонаи истиқоматӣ  ва 27 иншооти ёрирасон пурра, 4 хонаи истиқоматӣ ва 10 иншооти ёрирасон қисман, 47 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, як трансформатор, 1 пули мошингузар ва 2,5 километр роҳҳои маҳаллӣ хисорот дида, 2,5 километр хатҳои интиқоли барқ, 610 метр хатҳои оби нӯшокӣ вайрон гардида, 11 сар чорвои калон ва 110 сар паранда  дар деҳаҳои Ҳалқарфу Бедаки деҳоти «Навдӣ» ва шаҳраки Ғарм зери сел монд. Дар деҳаи Қулои деҳоти «Навдӣ» низ 13 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 7 иншооти ёрирасон, деҳаи Ялдамичи деҳоти «Қалъанак» ду пули мошингузар, деҳаи Ярхаб 5 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, деҳаи Кӯҳдомани деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода 1 километр роҳи дохилӣ ва 11 қиъаи замини наздиҳавлигӣ зарар диданд.

Ба қавли манбаъ, зарари ҳодисаи табиӣ дар ин мавзеъҳо пурра бартараф гардидааст. Дарёчаи Лояк ба дарозии 3,5 км, рӯди Ялдамич 800 метр ва роҳҳои  деҳаҳои Бедаку Ҳалқарф, Қуло, Кӯҳдоман, Ярхаб ва шаҳраки Ғарм тоза карда шудаанд. Хатҳои интиқоли барқ ва оби нӯшокиро низ сари вақт барқарор намуданд.

- Шоми ҳамон рӯз таҳти роҳбарии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода ситоди фаврӣ таъсис ёфт ва ҳайати он ба ҷойи ҳодисаҳо ҳозир шуданд. Техникаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шахсӣ фавран ба он ҷойҳо сафарбар карда шуданд, — гуфт раиси ҷамоати шаҳраки Ғарм Муминшо Қаюмов. -Ситод фаъолиятро  аз кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф оғоз кард.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Зокирзода ва муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майор Рустам Шоҳиён ба ноҳия омада, барои рафъи хисорот ба масъулин дастуру супориш доданд. Аз ҳисоби захираҳои моддии Ҳукумати мамлакат ба зарардидагоне, ки хонаҳои истиқоматиашон пурра зери сел монда буданд, маҳсулоти ғизоӣ дастрас гардид.

Сокини деҳаи Ғарми Боло Муслиҳиддин Салоҳов иброз намуд, ки дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти ноҳияро дар рӯзҳои сахт хеле хуб эҳсос намудем. Онҳо моро танҳо нагузоштанд ва бовар дорам, ки ҳеҷ гоҳ намегузоранд. Ҳатто дар даврони шӯравӣ, агар манзили зистатро суғурта намекардӣ, дар чунин рӯзҳо касе ба додат намерасид. Бо вуҷуди он ки суғурта надоштем, моро дастгирӣ карданд.

-Бо дастгирии Ҳукумати кишвар баҳри бартарафсозии хисороти офати табиӣ то кунун беш аз 30 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Ҳодисаҳои соли 2015 рухдода низ ба ноҳия хисороти зиёд оварда буд, вале бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар деҳаҳои Бедак — 45, Ҳазорчашма — 35 ва Ялдамич 5 хонаи истиқоматӣ сохта шуд. Имсол низ зарардидагонеро, ки пурра хонаҳои истиқоматиашон зери сел мондаанд, танҳо ва бе хона намемонем, — гуфт раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»