Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

Ифтитоҳи маркази савдои Ӯзбекистон дар Хуҷанд

№123 (3760) 17.10.2017

ввввЧанде пеш дар шаҳри Хуҷанд   Маркази савдои Ӯзбекистон ба фаъолият оғоз кард. Зимни ифтитоҳи он Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳқосим Шоисломов иброз дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев  саъю талошҳо ҷиҳати беҳбуд бахшидани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя авҷи тоза гирифтааст.

- Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ҷонибдори рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ин ду халқи бародар мебошад. — Мутмаинем, ки ҳамкориҳо дар оянда густариш ёфта, ба татбиқи лоиҳаҳои ҷадид мусоидат менамоянд, — гуфт Шоҳқосим Шоисломов.

Муовини якуми раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ин рӯйдоди муҳимро ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар арзёбӣ намуда, афзуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омода аст, бо дарназардош­ти анъанаҳои таърихии дӯстии устувор аз имкониятҳои мавҷуда барои таҳкими ҳамкорӣ истифода намояд.

Дар марказ молҳои саноатӣ, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти озуқа, нӯшокиҳо, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, маҳсулоти заргарӣ, нассоҷӣ ва ғайра ба фурӯш гузошта шудаанд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»