Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Қӯрғонтеппа. Ваъдаҳои «осмонӣ»-и масъулин ба бонувони мардикор»

№6 (3800) 13.01.2018

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа мақолаи «Қӯрғонтеппа. Ваъдаҳои «осмонӣ»-и масъулин ба бонувони мардикор»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» №141 (3778) 28 ноябри соли 2017 ба чоп расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба мардикорӣ машғул шудани занон ва муносибати масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз он ҷумла Қӯрғонтеппа, Бохтар ва Хуросонро мавриди таҳлил қарор дода, рӯзноманигор Сулаймон Султонов ҳамчунин, андешаҳояшро дар ин маврид баён намудааст, ки қобили дастгирист.

Ҳукумати кишвар тамоми тадбирро андешида, даҳҳо санадро ба тасвиб расонидааст, ки модарону хоҳарон ҳамқадами замон бошанду дар рушду пешрафти кишвар саҳм гузоранд.

Мардикорӣ низ аз ҷумлаи корҳое мебошад, ки бонувон ба он машғуланд ва ҷойи тааҷҷуб нест, ки имрӯзҳо бонувони тоҷик чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ба василаи он рӯз мегузаронанд.

Бонувони шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Бохтар ва Хуросон, ки дар мақола аз хусуси мардикории онҳо сухан меравад, асосан ба корҳои мавсимӣ машғуланд. Ҳоло, ки онҳо қувваи корӣ доранд, аз уҳдаи супоришҳои ба зиммаашон гузошташуда ба осонӣ мебароянд, барои дар синну соли пиронсолӣ бо нафақапулӣ таъмин будан ба онҳо фаҳмонида шуд, ки дар корҳои доимӣ дар ташкилоту муассисаҳо фаъолият намоянд.

Барои ба кори доимӣ ва касбомӯзӣ ҷалб намудани сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа Раҷабалиева Оиша аз маҳаллаи ба номи Умари Хайём ва Бутаева Файзигул аз кӯчаи ба номи Ҷ. Абдуллоев ба масъулин супориш дода шуд.

 А. Исмоилзода,

раиси шаҳри Қӯрғонтеппа