30 январ - иди Сада

Муждаи нахусти баҳор

№12 - 13 (3806 - 3807) 30.01.2018

IMG_2189Мувофиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 январи соли 2018 таҳти №1480  ҳар сол  30 январ дар кишвар иди Сада  таҷлил мегардад.

Он яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози 31 — уми январ рост меояд. Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани шаби «Ялдо» ё пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Мардум ба хотири ин ҷашн гулханҳои бузург афрӯхта, шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода менамуд ва оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва ­бозё­ф­т­ҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва оини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон зиёда аз даҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари Ориёно падид омадааст.

Нахустин бошишгоҳи қабилаҳои сершумори ориёӣ тахминан чордаҳ ҳазор сол пеш паҳноҳои Сибири Ғарбӣ, доманакӯҳҳои Урал ва даштҳои ҷанубии Россия, аз ҷумла соҳилҳои рӯдхонаҳои Обу Енисей то кӯли Байкал будааст, ки ба ин бозёфти харобаҳои шаҳри Аркаим ва дигар осори бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд. Гурӯҳи калони қавму қабилаҳои ориёӣ пас аз сар шудани яхбандию хунукиҳои шадид аз қисмати шимолии Осиё ночор кӯч баста, сӯйи минтақаҳои гарми ҷануб ва сарзамини кунунии Осиёи Миёна меоянд.

Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулхан меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истихроҷи филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, алайҳи аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт.

Ҷашни Сада ҳарчанд суннати хоси зардуштӣ набошад ҳам, марбут ба бузургдошти оташ аст ва оташ назди зардуштиён муқаддасу арҷманд мебошад.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки иди Сада  рамзи омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад.

Саратон Маҳмудова,

муаллимаи синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии № 51, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе