Аз фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон

№41 (3991) 13.04.2019

Пешниҳоди вакил: «Порахӯрон бояд қабристони алоҳида дошта бошанд!»

00Вакили Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Александр Шерин пешниҳод кардааст, ки барои террористону порахӯрон ҳукми қатл ҷорӣ карда шавад ва ҳатто қабристони алоҳида бояд дошта бошанд, то ки наздиконашон аз зиёрати онҳо, бинобар хиҷолат кашидан, худдорӣ кунанд ва барои аҳли ҷомеа пайомади аъмоли нопоки ин тоифа ҳувайдо шавад.

- Барои ин табақа ҳабс ҷазои сабук маҳсуб меёбад ва бо истифода аз роҳу усулҳои гуногун имкони ба озодӣ баромаданашон мавҷуд аст. Бо ин зуҳуроти номатлуб танҳо бо як роҳ – ҳукми қатл мубориза бурдан самаровар хоҳад буд, — гуфтааст вакил. Барои тақвияти суханонаш А. Шерин таҷрибаи Ҷумҳурии Халқии Хитойро мисол овардааст.

 

Ваколати парлумони Ӯзбекистон зиёд гардид

F6aUtbRxbUXdt3zy7QVqyNp6SNgnND_6Аз 1-уми апрели соли равон парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси фармони Президент номзадҳоро ба мансабҳои муовини Сарвазир ва роҳбарони вазорату идораҳо тасдиқ менамояд. Қаблан он танҳо барои тасдиқи номзадии Сарвазир ваколат дошт.

Илова ба ин, Президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ба Сарвазир Абдулло Орипов супориш додааст, ки то 1-уми май лоиҳаи ду қонун – «Дар бораи кабинаи вазирон», «Дар бораи банақшагирии стратегӣ»-ро , ки тавсеаву такмили фаъолияти вазоратҳоро пешбинӣ менамояд, дар таҳрири нав таҳия намоянд.

 

Парлумони Қазоқистон барои хароҷоти Елбаси 2,6 миллион доллар пешбинӣ кард

Казакстан10 апрели соли равон парлумони Қазоқистон қонун дар бораи Буҷети давлатиро барои се соли оянда пазируфт, ки дар асоси он барои хароҷоти собиқ Президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев 1 миллиард танга (2,6 млн. доллар) ҷудо мешавад.

Тибқи маълумоти расонаҳо, 4 апрел сенати Қазоқистон лоиҳаи қонуни буҷаи сесолаи кишварро барои такмил ва ворид кардани хароҷоти дастгоҳи Президенти пешин, боло бурдани моҳонаи бархе аз кормандони муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ баргардонд.

Ёдовар мешавем, ки Нурсултон Назарбоев баъди қариб 30 соли роҳбарӣ марти соли ҷорӣ истеъфо дод. Тибқи муқаррароти қонуни конститутсионии ин кишвар «Дар бораи Президенти нахустин — Пешвои миллат» (Елбаси), Нурсултон Назарбоев ба як қатор имтиёз, аз ҷумла манзил, бӯстонсаро, мошин, нафақа, муҳофиз, дахлнопазирии якумрӣ ҳақ дорад.

 Ираклий Кабахидзе: «Толори баргузории ҷаласаҳои парлумон ба номи президент гузошта шавад!»

 

26-maisiiРаиси парлумони Гурҷистон Ираклий Кобахидзе пешниҳод кардааст, ки толори баргузории ҷаласаҳои пленарии парлумони ин кишвар ба номи Президенти аввалин Звиад Гамсахурдиа гузошта шавад.

- Ман ба бюрои парлумон пешниҳодамро бобати амалӣ намудани ин иқдом манзур кардам. Ибтикори мазкур моҳиятан тантанаи адолат аст, зеро санад дар бораи эҳёи соҳибис­тиқлолии Гурҷистон маҳз дар ҳамон толор ва дар замони Раиси Шӯрои Олӣ будани Звиад Гамсахурдиа эълон гардида буд, — иброз доштааст Ираклий Кобахидзе.

Звиад Гамсахурдиа 26 майи соли 1991 Президенти Гурҷистон интихоб ва моҳи январи соли 1992 дар натиҷаи даргириҳо аз мансаб барканор шуд. Номбурда дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳ паноҳ бурда, соли 1993 дар ҳолати мармуз вафот кард. Ҳарчанд мақомоти дахлдор иллати маргашро худкушӣ арзёбӣ карданд, вале наздикони ӯ ба ин фарзия бовар надоранд.

 Дар Эстония парлумони нав ба фаъолият шурӯъ кард

 

inx960x640Чоруми апрели соли равон аввалин ҷаласаи Рийгикогу – парлумони Эстония даъвати Х1V доир шуд. Ҳайати мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори ин кишвар дар асоси интихоботи 3-юми марти соли ҷорӣ муайян ва аз 101 вакили панҷ ҳизб таркиб ёфтааст.

Дар ҷаласа Президенти кишвар Керсти Калюлайд суханронӣ намуд ва вакилони тозаинтихоб ба зери матни қасами касбӣ, ки онро вакили аз ҳама солхӯрда Энн Ээсмаа қироат кард, имзо гузоштанд.

Таҳияи Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»