Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

«Алмосӣ» — макони рушди туризми муолиҷавӣ

№67 (4017) 13.06.2019

Яке аз сарватҳои бузурги диёр обҳои зулоли кӯлу дарё ва чашмаҳои мусаффои шифобахш ба шумор меравад. Дар даврони шӯравӣ аз ҷумҳуриҳои бародар истироҳаткунандагони зиёд ба кишвар омада, бо истифода аз обҳои шифобахш саломатӣ барқарор мекарданд.

 Дар масофаи се километр аз самти рости шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода, дар деҳаи Хирманаки шаҳри Ҳисор чашмаи шифобахши «Алмосӣ» ҷойгир аст. Соли 1936 дар натиҷаи кофтукобҳои  геологӣ дар ин мавзеъ аз чуқурии 2000 метр оби шифобахш баромад, ки ҳарораташ 39 — 54 дараҷаро  ташкил медиҳад.

- Истифодаи оби «Алмосӣ» ба беморони дилу раг, диабет, системаи асаб, касалиҳои занона ва мардона, узвҳои такягоҳ, мушаку пайвандҳо, сутунмуҳра, миёндард (радикулит), тарбод, остеохондроз ва ғайра муфид аст, — мегӯяд директори ҶДММ «Сангчашма»  Эгам Нарзуллоев. — Сулфиди газмонанди таркиби оби чашма ба пӯст таъсир расонида, зимни қабул кардани  ваннаи сулфидӣ рагҳои капилярӣ, артерия ва венаҳо васеъ гардида, суръати гардиши хун  зиёд мешавад.

Таҷрибаҳо нишон доданд, ки бо таъсири ванна ва ҳавзҳои сулфидӣ мубодилаи моддаҳо беҳтар гашта, аз организми инсон ҷудошавии маҳсулоти  нолозими мубодилаи нитрогенӣ зиёдтар мешавад. Ба гуфти Эгам Нарзуллоев, ваннаю ҳавзҳои оби сулфидиро дар  осоишгоҳ бештар дар ҳарорати 36 дараҷа ва дар ҳолатҳои алоҳида 34 дараҷа истифода мебаранд. Дар рафти табобат вобаста ба  навъи беморӣ ва ҳолати бемор ҳарорат метавонад тағйир ёбад.

- Вобаста ба ҳолати бемор муҳлати муолиҷа 8 — 10 рӯзро дар бар гирифта, давомнокии  обдармонӣ 8 — 10- 15 дақиқаро ташкил медиҳад. Баъди аз об баромадан 2 соат дароз кашидан лозим аст, — мегӯяд сарвари осоишгоҳ.

Баъзеҳо худсарона «оби шифобахш аст»- гӯён аз меъёри муқарраргардида бештар дар ваннаҳо нишастан мехоҳанд. Зиёд нишастан дар оби гарми чашма ба фаъолияти рагҳои хунгард, дил, системаи асаб ва нафаскашӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин, ба ванна ва ҳавз­ҳои оби сулфидӣ тавре  ғӯтавар шудан лозим аст, ки об аз қафаси сина каме поинтар бошад. Ин меъёрро ҳатто ҳангоми мавҷудияти дардҳо дар мушакҳои китфҳо ва гардан риоя намудан лозим аст.

Дар давраи шӯравӣ беморон дар фазои кушод танҳо бо кашидани чодар аз оби шифобахши «Алмосӣ» истифода мебурданд. Баъд аз истиқлолият масъулини ҶДММ «Сангчашма» бо сохтани  иморат ва ҳавзу ваннаҳои замонавӣ сатҳи хизматрасониро бамаротиб боло бурданд. Ҳоло ба осоишгоҳ на танҳо аз минтақаҳои ҷумҳурӣ, балки аз Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон  низ беморон меоянд. Ба онҳо обдармонӣ, лойдармонӣ, гузоштани озекрит, парафин, сӯзандармонӣ, барқдармонӣ, (электрофарез, сандалии барқӣ), шустани узвҳои ҳозима (рӯдаҳо), маҳси бадан (умумӣ, нуқтавӣ, бонкавӣ) ва ҳуқнаи хурд (микроклизмаҳо) пешниҳод мешавад.

Роҳбарияти осоишгоҳ азми қавӣ доранд, ки шароити  будубош ва истироҳати муроҷиаткунандагонро боз ҳам беҳтар намуда, сатҳу сифати хизматрасониро баландтар бардоранд.

С. СУННАТӢ«Садои мардум»