Таъсиси пажӯҳишгоҳи курортологӣ зарур аст

№26 (4132) 27.02.2020

IMG-11616240fde2a16b4fe0467cd36c22f6-VБо тақозои ҳаёт иддае аз табибони тоҷик дар Федератсияи Россия фаъолият намуда, бо донишу тахассуси баланд ва муомилаи нек соҳибэҳтиром гаштаанд. Яке аз онҳо духтури дараҷаи олӣ, асабшинос- барқарорсоз Тӯйчибой Иброҳимов мебошад. Номбурда солиёни зиёд дар Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм, Беморхонаи клиникии №3 (шаҳри Душанбе), Маркази барқароркунии солимии собиқадорони  ҷангу меҳнат (шаҳри Хуҷанд), Беморхонаи физиотерапевтӣ (Хуҷанд) ва Хадамоти назорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2019 дар шаҳри Москва фаъолият дорад. Бо ӯ дар мавзӯи бемориҳои вобаста ба асаб ва усулҳои табобати ғайримаъмулӣ мусоҳиб шудем.

- Ҳоло дар бисёр мамолики пешрафта бо мақсади пешгирии бемориҳо тарзи ҳаёти солимро тарғиб мекунанд. Аз нуқтаи назари илми тиб ин иқдом то чӣ андоза асос дорад?

- Воқеан, сарчашмаи аксар бемориҳо аз асаби хароб аст. Барои пешгирии онҳо тарзи ҳаёти солимро пеш гирифтан, қоидаҳои беҳдоштро риоя намудан, ғизои солим хӯрдан, табъро болида нигоҳ доштан, аз об ва ҳавои тоза баҳравар шудан лозим аст. Яъне, тавсияҳои зикршударо истифода бурдан боис ба пешгирии бемориҳо мешавад. Аз ин рӯ, дар кишварҳои пешрафта субҳгоҳон машқҳои  дастаҷамъона мегузаронанд ва ба фитнес — клубҳо мераванду чорабиниҳои зидди тамокуву шароб доир мекунанд.

Аммо дар баъзе аз ҳолатҳо, фарз кардем, агар бемор аз дарди меъда шикоят кунад, духтур ӯро муоина карда, барои таскин дору менависаду аз пайи муолиҷаи сарчашма ё решаи беморӣ намешавад. Ҳол он ки агар бемор хуб истироҳат кунад, ғизои солиму витаминдор хӯрад, ба варзиш машғул шавад, шифоёбиаш зудтар фаро мерасад. Бо мақсади муътадил шудани гардиши хун рӯзе камаш  2 — 3 километр роҳ гаштан лозим аст. Хулоса, тарзи ҳаёти солим касро аз бисёр бемориҳо раҳоӣ мебахшад. Аз ин рӯ, агар бемор тарзи ҳаёти солимро риоя накарда, ба духтур муроҷиат кунад, доимо пойбанди дору мегардад.

- Алҳол дар кӯчаву бозор, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва хонаводаҳо бисёриро асабӣ, хашм­гин ва афсурдаҳол мебинем. Баҳри пешгирии ин ҳолатҳо чӣ тадбир андешидан лозим аст?

- Яке аз сабаби ҳолатҳои зикршуда невроз ва афсурдаҳолӣ (ҳаяҷони рӯҳӣ) мебошад. Афсурдаҳолӣ дар ҷаҳон паҳн шуда, аз он 350 — 400 миллион нафар азият мекашанд. Занон нисбат ба мардон бештар ба афсурдаҳолӣ гирифтор мешаванд. Аз ин рӯ, дар бисёр кишварҳо гурӯҳҳои сайёр ташкил намуда, бо гирифторони афсурдаҳолӣ кор мебаранд. Соҳибкорони муваффақ ва аксар мансабдорон дар кишварҳои мутараққӣ табиб — равоншиноси шахсӣ доранд, ки барои пешгирии  невроз ва афсурдаҳолӣ (депрессия) бо онҳо кор мебарад.

Хуб мешуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гурӯҳҳо ташкил намуда, ба мардум кумаки равонӣ расонад. Сари вақт расонидани кумаки равонӣ бисёр бемориҳо, ҳолатҳои нохуш, ба монанди хушунати хонаводагӣ, худкушӣ ва ҷудошавии оилаҳоро пешгирӣ карда метавонад.

Оби гарм- Ҳоло дар бораи усулҳои ғайримаъмули табобат, аз ҷумла,  анималотерапия зиёд мегӯянду менависанд. Ҳамчун  асабшинос дар ин хусус чӣ андеша доред?

- Анималотерапия усули табобат бо ёрии ҷонварон аст. Онро петтерапия ва зоотерапия низ мегӯянд. Дар ИМА Созмони байналмилалии табобат бо  ҷонварон (Pet Therapy International) фаъолият мекунад. Ин усул ба якчанд шоха, ба монанди иппотерапия (табобат бо асп), канистерапия (муолиҷа бо саг), делфинотерапия (муолиҷа бо делфин), фелинотерапия (муолиҷа бо гурба) ва апитерапия (муолиҷа бо занбӯри асал) тақсим мешавад. Ҳар кадом аз ин усулҳоро дар мавриди хос истифода мебаранд. Масалан, муҳаққиқони ИМА ва Англия муайян карданд, ки муошират бо гурба зимни муолиҷаи бемориҳои равонӣ, дилу рагҳо, осебёбии мағзи сар, афсурдаҳолӣ, невроз, шизофрения ва муътодони машруботу маводи мухаддир кумак мерасонад. Хур — хури гурба боис ба зудтар сиҳатёбии ҷароҳат ва мустаҳкамшавии устухонҳо мегардад.

Тавассути иппотерапия бемориҳои артрит,  вайроншавии гардиши хуни мағзи сар, склероз, миопатия ва эпилепсияро метавон табобат кард.

Лиз Хартели даниягӣ дар айёми кӯдакӣ фалаҷ буд. Табиби  маҳкамиродае 9 сол хаста нашуда, ба ӯ аспсавориро ёд дод. Дар натиҷа, соли 1952 Лиз Хартел зимни Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Хелсинкии Финландия ба гирифтани медали нуқра ноил гашт. Бо сабаби самарабахш будани ин усули табобат аз соли 1992 дар  Финландия мутахассиси «иппотерапевт» тайёр мекунанд. Дар Тоҷикистон низ метавон  илова бар табобати  маъмулӣ аз усулҳои зикршуда истифода бурд.

- Тоҷикистон ҳарчанд аз ҷиҳати масоҳат хурд бошад ҳам, аз ҷиҳати номгӯи гиёҳҳои шифобахш бойтарин  ҷумҳурии Осиёи Марказист. Назари шумо вобаста ба  гиёҳдармонӣ чӣ гуна аст?

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи гиёҳҳои шифобахши мамлакатро ҳамеша таъкид мекунанд. Давоҳои аз гиёҳҳо тайёршуда манфиати бештар доранд, зеро табииянд. Вале вобаста ба шароите, ки дорем, ҳанӯз гиёҳдармонӣ ва истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахш қаноатбахш нест. Аз рӯи мушоҳидаҳои ман, дар Федератсияи Россия бо гиёҳдармонӣ бештар таваҷҷуҳ доранд.  Модоме ки ворисони Сино ҳастем, бояд тибқи тавсияҳои Сардори давлат амал намуда, ин шохаи тибро ривоҷу равнақ бахшем. Гиёҳҳо на танҳо тавассути истеъмол, балки ҳангоми аз накҳати онҳо нафас кашидан низ манфиат мерасонанд. Дар тиб шохаест бо номи ароматерапия (накҳатдармонӣ), яъне, бӯи гулу гиёҳҳо дар муолиҷаи баъзе аз бемориҳо кумак мерасонанд. Масалан, равғани пудина, қаранфул (гвоздика), мармарак, райҳон ва лимӯ таъсири зиддистрессӣ доранд.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе ва маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат боғҳои зебои фароғатӣ бунёд кардаанд. Дар онҳо сайру тамошо кардан табъро болида ва асабро ором месозад.

- Дар мамлакат обҳои маъданию гармчашмаҳо низ зиёданд, вале дар хориҷа ҳанӯз ба таври бояду шояд тарғиб нашудаанд. Бо мақсади муаррифии онҳо чӣ тадбирҳоро амалӣ бояд кард?

-Вақте ман дар Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм кор мекардам, ҳар сол кайҳоннаварди маъруф, ду карат Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, генерал – майори авиатсия Владимир Ҷонибеков ба он ҷо меомад. Зеро оби он барои муолиҷаи узвҳои такягоҳу ҳаракат беҳтарин дармон аст. Иқлими хушобу ҳавояш асабро ором намуда, ба кас  неру мебахшад.

Ҳар як осоишгоҳи кишвар барои муолиҷаи бемориҳои муайян хос гардонида шудааст. Масалан, оби гидрогенсулфиду бромдори  осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфара барои табобати  бемориҳои дилу рагҳои хунгард, системаи асаб, узвҳои такягоҳу ҳаракат, пӯст, вайроншавии мубодилаи моддаҳо муфид аст.

Оби «Шоҳамбарӣ», ки дар таркибаш йод, бром, молибден, оҳан ва ғайра дорад, беҳтарин давои бемориҳои меъдаю рӯда ва талхадон мебошад.

Таркиби оби «Ҳавотоғ»-и шаҳри Истаравшан бо оби «Ессентуки» қариб як хел аст. Он барои системаи асаб, ҳаракати хун дар  мағзи сар ва меъдаю рӯдаҳо аҳамияти калон дорад.

Барои амиқтар омӯхтани хосияти шифобахшии обҳои маъданию гармчашмаҳои Тоҷикистон дар назди Академияи илмҳои тибби ҷумҳурӣ таъсиси Пажӯҳишгоҳи курортологӣ зарур аст. Дар Федератсияи Россия, дар шаҳрҳои Москва, Томск, Пятигорск ва Сочи чунин пажӯҳишгоҳҳо фаъолият мекунанд. Пажӯҳишгоҳи давлатии курортологии шаҳри Пятигорск соли 1920 таъсис ёфта, олимони он дар таҳқиқи обҳои минералии Қафқоз саҳми назаррас гузоштаанд. Дар ҳайати он чор беморхона дар шаҳрҳои Кисловодск, Пятигорск, Ессентуки ва Железноводск шомил буда, 16 доктори илм ва 39 номзади илм фаъолият мекунанд. Инчунин, дар ин мамлакат маҷаллаи илмӣ — соҳавии «Курортная медицина» («Тибби осоишгоҳӣ») ба нашр мерасад.

Ҳамчунин, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси шуъбаи курортологӣ зарур аст. Бояд мутахассисони аз ин соҳа бохабарро ҷамъ намуда, натиҷаҳои мушаххаси  зимни муолиҷаи  беморони муайян  бадастомадаро пешкаши доираҳои илмӣ кард. Дар хусуси обҳои шифобахш ва шароити осоишгоҳҳо ба забонҳои англисию арабӣ, олмонӣ, японию хитойӣ, фаронсавию испанӣ маълумот ва наворҳои видеоӣ таҳия намуда, тавассути интернет паҳн кардан лозим аст. Танҳо бо «обҳои шифобахш дорем» гуфтан кор анҷом намеёбад. Барои ҷалби сайёҳону мизоҷон бештар кор ҷаҳд кардан аст.

Мусоҳибон Самариддин АСОЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум».

Душанбе — Москва – Душанбе