Эъҷози ҳунари матлуба

№67 (4173) 06.06.2020

Сокини шаҳри Хуҷанд Матлуба Ниёзова аз беҳтарин бонувони ҳунарманд ба ҳисоб рафта, дар кашидадӯзиву муҳрачинӣ ҳамто надорад.

unnamed- Ба ин ҳунар аз хурдсолӣ шавқ дорам. Ҳар манзараи зеборо медидам,  кашидадӯзӣ мекардам. Вақте бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд, меҳрам ба касб дучанд гардиду паи сайқали маҳорати хеш кӯшидам, — гуфт ӯ.

Ва минбаъд дар маркази ҳунарҳои халқии «Баҳор»-и маркази вилояти Суғд фаъолиятро идома дод.

Иштирокчии бисёр озмунҳост. Аз ҷумла, дар озмуни умумиҷумҳуриявии «Атласи тоҷик» 8 маротиба ширкат варзида, ҳунарашро ба маъраз гузошт ва 6 маротиба ҷойи якумро ишғол кард.

- Нахустин муваффақиятам 15 апрели соли 2006 ба даст омад. Дар озмуни умумиҷумҳуриявии «Атласи тоҷик», ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ба куртаи атласи муҳрачинӣ кардаам, ки барои  офариданаш як сол заҳмат кашида будам, ҳакамон Гран-приро сазовор донистанд, — изҳор дошт Матлуба.

15 июли соли 2011-ум аз хотираи Матлуба Ниёзова ҳеҷ гоҳ зудуда намешавад. Ӯ дар озмуни «Атласи тоҷик», ки бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Рӯдакӣ баргузор гардид, ширкат варзид.

Ба он духтаре, ки ба саҳна дар тан либоси атласи муҳрадор, дар даст Парчами миллии кишвар баромад, тамошобинон бештар кафкӯбӣ карданд. Тавре ҳамсуҳбатам зикр кард, он курта дар 1 солу 8 моҳ тайёр шудааст.

Матлуба Ниёзова ҳамчун арзи сипос ба заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба муносибати 60 — солагии Сардори давлат симои азизашонро муҳрачинӣ кардааст.

Инчунин ҳунармандро насиб будааст, ки бо Пешвои миллат вохӯрад.

- Соли 2012 дар чорабинӣ бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз, ки дар толори «Кохи Сомон» баргузор гардид, баъди супоридани туҳфа Президенти мамлакат ба ман насиҳати падарона карданд, ки хонда соҳибмаълумот шавам. Баҳри иҷрои ин дастурашон чанд сол муқаддам ба факултети санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дохил шуда, айни ҳол дар курси сеюм таҳсил дорам, — мегӯяд Матлуба.

- Мехоҳам ба ноҳияҳо сафар кунам, семинар ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии кашидадӯзиву муҳрачинӣ, сӯзанӣ ва тоқидӯзиро ба дигарон омӯзам, — афзуд ӯ.

Матлуба баробари машғул будан ба ҳунарҳои мардумӣ дар корҳои хайру савоб низ фаъол аст. Вай ба кӯдакони узви босираашон суст куртаҳои зебову шинамро, ки бо муҳра ороиш ёфтаанд, ҳадя кардааст. Илова бар ин, ба донишҷӯёни МД «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд» таълим медиҳад.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»