Кумаки сафорати Покистон ба зарардидагони Хуросон

№ 16.06.2020

FB_IMG_159220013021913 июни соли равон бо ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 67 хонаводаи аз сели моҳи май зарардидаи деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон 68 тонна семент ҳамчун хайрия дастрас шуд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар зимни суханронӣ дар ҳузури муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода, муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода ва сокинони деҳа дар бораи робитаҳои деринаи дӯстона Покистону Тоҷикистон сухан карда, таъкид намуд, ки мардуми ду кишвар дар лаҳзаҳои шодмонию душвор доимо бо ҳам буданд. Аз ин рӯ  мардуми Покистон ба аҳди бародарӣ устувор монда, ҳамеша  омодаи кумак ба бародаронаи тоҷик мебошанд.

FB_IMG_1592200124673Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода ба Имрон Ҳайдар аз номи сокинони деҳа изҳори сипос намуда, ин панди Саъдии Шерозиро ёдовар шуд:

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Кумаки башардӯстонаи сафорати Покистонро тавассути техникаи Кумитаи ҳолатҳои  фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба ноҳияи Хуросон оварда, бо иштироки намояндагони комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ба осебдидагон тақсим карданд.

Бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода мутахассисони соҳаи меъморӣ лоиҳаи сохтмони манзилро барои ҳар як оила таҳия намуда, бинокорон мувофиқи ин тарҳҳо хона месозанд.

С. АМИНИЁН, «Садои мардум»