Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе

№149 (3943) 15.12.2018

DSC_0007+-+Ҳар сол барои аёдати дӯстон, ҳамкурсон ва хешу табор ба шаҳри Душанбе сафар мекунам. Шояд аз нарасидани вақт ё аз зиёд будани дидорбинӣ бароям боре муяссар нагашт, ки пойтахти кишварро бодиққат тамошо кунам. Хушбахтона, имсол ба орзуи деринаам расидам. Рӯзи аввал ба Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ, ки ба ман илму касб омӯхт, рафтам. Шаҳраки Лучобро шинох­та намешавад. Зеро дар даврони шӯравӣ он деҳаеро мемонд. Ҳоло бошад, даромадгоҳи Лучоб тағйир ёфта, гирду атрофро дарахтҳои сояафкану гулу гулзор иҳота намудааст. Иншооти варзишии навсохт, ки дар атрофи донишкада эъмор шудаанд, аз баракати истиқлолият аст.

Дар даврони донишҷӯиям бо ҳамсабақонам борҳо бароям муяссар гашта буд, ки дар чойхонаи овозадори «Роҳат» ғизо тановул намоям. Он низ тағйир ёфтааст. Қадамзанон ба гулпӯшкунандагони хиёбонҳо  аҳсан гуфтам. Аҳсан ба роҳбарияти шаҳр, ки дар муддати кӯтоҳ пойтахтро ба яке аз  шаҳрҳои зебою  мутараққӣ табдил доданд.

Каме болотар назарам ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ афтода, лаҳзае тарзу усулҳои ороиш ва меъмории онро тамошо намудам. Бо чанд донишҷӯ низ ҳамсуҳбат гаштам. Ҳама як ҷавоб гуфтанд: «Шукронаи сулҳу ваҳдат, ки аз неъматҳои истиқлол баҳра мебарем ва муваззафем, ки барои Ватани хеш содиқ монем». Аҳсан ба ин гуна ҷавонон, ки созандагони ҷомеаи навини моянд.

Аз Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ то ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ фосила чандон зиёд нест, аммо ба ҳар тарафе нигарӣ, чашмат ба сохтмонҳои бузург ва дарахтони  дилкашу хушбӯй меафтад. Бо ду марди нуронӣ ҳамсуҳбат шудам. Яке аз онҳо оҳ кашида гуфт: «Афсӯс, ки ҷавонии мо — одамони давраи шӯравӣ «хушк» гузашт ва чунин ободиро надидем». Шахси дуюм, ки Абдусалом ном дошт, гуфт: — Шукронаи даврони истиқлол, ки саломат ҳастему дар фазои сулҳу ваҳдат умр ба сар бурда истодаем. Ободиҳоеро, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем, дар 70 соли даврони шӯравӣ мушоҳида накарда будем.

Ғарқи тамошои  пойтахт гузаштани вақтро пай набурдам. Зебогии шоми Душанбе ба гуфтан рост намеояд. Гирду атроф ва ҷойҳои истироҳатӣ чароғон буда, бо технологияи навин муҷаҳҳазанд. Хурсандии кӯдакон ҳадду канор надорад. Дар боғҳое, ки сайругашт намудам, барои наврасону кӯдакон василаҳои дилхушкунанда муҳайё буданд. Онҳоро бояд оқилона истифода бурд.

Замоне ки дар боғи «Ирам» сайругашт доштам, назарам ба дастаи ҳаваскорони шаҳри Ҳисор афтод. Аз ҳунарнамоии онҳо ҳаловат бурдам. Гирду атроф пур аз тамошобин. Нафароне буданд, ки ихтиёран рақс мекарданду қисми дигар  таронаҳои марғубро замзама мекарданд. Дар тарафи дигари боғ маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуда буд. Дар қатори ҳамватанон сайёҳони хориҷӣ низ буданд, ки бошавқ чорабиниҳои фарҳангиро тамошо мекарданд. Рӯзи дуюмро аз тамошои  майдони Исмоили Сомонӣ оғоз намудам. Тарзи ороиши хонаҳо ва дигар иншоотро тамошо мекардаму ба худ суол намудам: Наход дар як муддати кӯтоҳ ин корҳоро ба анҷом расонида бошанд?

Дар маҷмӯъ, аз сайругашти чандрӯза бо хотироти ғанӣ ба хона  баргаштам, ки он ҳамаро рӯи қоғаз овардан мушкил аст.

Бегуфтугӯ, Душанбе аз зеботарин ва тозатарин шаҳрҳост. Моро лозим аст, ки бо ахлоқи ҳамида ва маданияти баланд  онро боз ҳам машҳуртар гардонем.

Файзулло ЗИКРИХУДОЕВ, омӯзгори МТМУ №40, ноҳияи Дарвоз