Нуқтаи назар

«Аълочӣ». Чаро олимон аз паи ислоҳи он намешаванд?

№147 (3784) 12.12.2017

Ба қарибӣ шиносам, ки омӯзгор аст, шаҳодатномаеро нишон дода гуфт:

- Маро табрик гӯед, Аълочии мао­риф шудам.

Шаҳодатномаро хондам, дар он пас аз овардани ному насаби омӯзгор навиштаанд: «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон».

Ҳайратзадагии ман ду сабаб дошт. Аввалаш ибораи «аълочӣ» сохта ва номуносиб аст. Чун бо адабиёти классикии тоҷику форс зиёда аз 40 сол боз сарукор дорам, дар ҳеҷ куҷо бо пасованди «чӣ» калимасозиро вонахӯрдаам. Аз ин бармеояд, ки ин ибораи сохта тарҷумаи айнии вожаи «отличник»-и русист.

Дар ҳамон замон вожаҳои дигари русӣ, аз қабили «тракторист», «двоечник», «безработный» «тракторчӣ», «дучӣ», «бекорчӣ» ва «отличник»-ро «аълочӣ» тарҷума кардаанд ва онҳо ба таркиби забони мо ҳамчун хатои ом ворид шудаанд.

Тарафи дигари нигаронии ман ба мафҳуми «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» рабт дошт.

Хуб медонем, ки чанд сол қабл собиқ Вазорати маориф «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном гирифт. Чунин муттаҳидкунӣ ба дигар кумитаю вазоратҳои ҷумҳурӣ низ дахл дошт. Масалан, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш низ якҷоя шуданд.

Пас дар тақлид ба Вазорати мао­риф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо низ метавонанд нишонҳои соҳавии худро ба ин тариқ созанд  ва аз рӯи мантиқ «Аълочии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» ва «Аълочии ҷавонон ва варзиш» бояд номида шаванд.

Дар ин сурат оё таносуби соҳаҳо, гузашта аз он, рабту маънӣ хароб намешаванд?

Ин ҷо боз суоли дигаре пайдо мешавад. Агар пагоҳ Вазорати маориф ва илм ба ду вазорати мустақил мубаддал гардад, баъд тақдири нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», чӣ мешавад?

Дар замони шӯравӣ нишони «Аъло­чии маорифи халқ», дар баробари омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ба устодони макотиби олӣ низ дода мешуд.

Дар ҳолате ки нишони мазкур «Аълочии маориф ва илми Тоҷикис­тон» ном гирифтааст, суоле ба миён меояд, ки нафари танҳо ба тадқиқ машғулбуда ҳуқуқи маънавии гирифтани нишони «Аълочии маориф» ва омӯзгори одие, ки танҳо ба таълиму тадриси шогирдон машғул аст, ҳуқуқи доштани унвони «Аълочии илм»-ро дошта бошад?

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (иборат аз 2 ҷилд, Нашриёти «Советская Энциклопедия», Москва-1969) вожаеро бо номи «аълочӣ» пайдо накардам. Ин табиист, чуноне ки дар боло арз гардид, дар ниёгони мо чунин тарзи калимасозӣ вуҷуд надошт.

Дар ҷилди якуми ин китоб (саҳ. 110) мураттибон дар тафсири калимаи «аъло» онро «болотар», «баландтар», «баланд» шарҳ дода, аз ашъори Хоҷуи Кирмонӣ байти зерро мисол овардаанд:

Зи Фирдавси аъло рухаш ояте,

Ба майдони хубӣ қадаш рояте.

Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (Нашриёти «Русский язык», Москва-1985, саҳ.654) вожаи «отличник» -ро — «аълочӣ», «аълохон» тарҷума кардаанд, маълум аст, ки калимаи русии «отличник» бо вожаҳои «отличать», «отличие», «отличаться», «отлично», «отличный» ҳамреша аст.

Мусаннифони китоби «Русско-персидский словарь» И. К.Овчиникова, Г. А.Фругян ва Ш. М. Бади (Москва, соли 1965, саҳ. 547) вожаи «отличник»-ро ба тарзи зайл тафсир кардаанд: 1. «Отличник» (учашийся) — «муҳассили мумтоз», «донишҷӯи дорои муаддили олӣ». 2. «Отличник» (произвоства) — коргари мумтози тавлид, «Отличник» (боевой подготовки) — «сарбози мумтоз».

Ба назари ман, ба тарҷумаи вожаи русии «отличник» вожаҳои тоҷикии «шоиста» ва «арзанда»-ро низ метавон илова кард.

Дар ҷилди аввали «Энсиклопедияи советии тоҷик» (Душанбе, соли 1978) дар ин бора омадааст: «Нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқ» дар Тоҷикистон соли 1944 таъсис ёфта, бо он кормандони беҳтарини муассисаю корхонаҳои Вазорати маорифи халқи республикаҳои иттифоқӣ ва иттифоқи касабаи коркунони маориф, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ мукофотонида мешуданд.

Кормандони беҳтарини соҳаҳои дигар, ки барои рушди маориф хизмати шоиста кардаанд, бо тавсияи вазоратҳо ва муассисаҳои дахлдор низ бо ин нишон сарфароз мешуданд. То соли 1977 (яъне то замони чопи китоб) дар Тоҷикистон 7052 нафар бо нишони «Аълочии маорифи халқ» мукофотонида шудаанд.

Дар китоби тозанашри «Энсиклопедияи миллии тоҷик», ҷилди 2, саҳ. 208 ба тафсилоти «Аълочии маорифи Тоҷикистон» илова кардаанд, ки «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» баъдан «Аълочии маорифи Тоҷикис­тон» ном гирифт.

Соли 2009 нишони «Аълочии ифтихории маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки ба он шахсоне, ки дар рушди соҳаи маориф хизмати арзанда кардаанд, қадр карда мешаванд».

Ба назари ман, вақти он расидааст, ки донишмандони забоншинос шакли дурусти вожаи ифодакунандаи маънои «отличник»-и русиро рӯи кор оранд. Шояд ба ҷои вожаи сохтаву бемаънии «аълочӣ» яке аз калимаҳои гӯшнавози «шоиста», «арзанда»-ро қабул намоем.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибис­тиқлол бо номи «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофоти давлатӣ мавҷуд мебошад, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзандатарин шахсиятҳои кишвар дода мешавад. Пас, чаро соҳаҳои дигар низ нишони соҳавии худро барои мисол «Корманди шоистаи матбуоти ҷумҳурӣ», «Корманди шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ», «Корманди шоистаи нақлиёти ҷумҳурӣ» ва ғайра номгузорӣ накунанд?

Ба касе пӯшида нест, ки нишонҳо, аз қабили «Аълочии фарҳанг», «Аълочии маориф», «Аълочии матбуот» ва ғайра бисёр беқадр шудаанд. Бисёр шахсонеро медонем, ки аз ин соҳаҳо фарсахҳо дур мебошанд, вале соҳиби нишон ва унвонҳои ифтихорианд.

Фурсате фаро расидааст, ки ҳама гуна нишон насиби афроде гарданд, ки баҳри такомули ин ё он соҳа хизмати арзанда карда бошанд.

Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»