Ҳаҷми робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Бошқирдистон афзудааст

№132 - 133 (4082 - 4083) 02.11.2019

02IMG_1294Дар ин бора Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистон Радий Хабиров зимни мулоқот бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомиддин Сатторов, ки 28 октябри соли равон дар шаҳри Уфа баргузор гардид, иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки Бошқирдистону Тоҷикистонро риштаҳои ҳамкорию дӯс­тии бисёрсола ба ҳам мепайванданд. Ин аст, ки сол то сол ҳаҷми робитаҳои тиҷоратӣ меафзояд. Масалан, соли 2017 табодули мол миёни ҳар ду ҷумҳурӣ, ки 25 миллион долларро ташкил медод, соли сипаришуда ба 31 миллион доллар расид. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ бошад, гардиши мол қариб ду маротиба афзуд.

Имомиддин Сатторов таҳкими робитаҳоро ҷонибдорӣ ва изҳор намуд, ки имкониятҳои то ҳол истифоданашуда хеле зиёданд.

03IMG_1271Ба андешаи ӯ, робитаҳои иқтисодиро вусъат бахшидану ҳамкориро дар сатҳи минтақавӣ густариш додан хеле муҳим аст. Зеро Бошқирдистон бо вилоятҳои Тоҷикистон робитаи самарабахш ва дар самти ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия мавқеи муҳим дорад.

- Бошқирдистон, ки яке аз минтақаҳои рушдкардаи Федератсияи Россия ба ҳисоб меравад, метавонад дар бунёди корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳм гузорад, — гуфт Имомиддин Сатторов ва сарвари Бошқирдистонро бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиёт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

Радий Хабиров иброз намуд, ки Ҷумҳурии Бошқирдистон бо зиёда аз сад кишвар ҳамкориро ба роҳ мондааст. Соли 2018 ҳаҷми савдои хориҷии он 5,5 миллиард долларро ташкил дод. Бахусус, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсулоти нефту химия, шиша, равғани офтобпараст ва ғайра содир мекунад.

Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдис­тон дар хотима изҳор дошт, ки нимаи аввали соли 2020 бо доираи соҳибкорони Бошқирдистон ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Самариддин АСОЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум», Душанбе — Москва — Уфа – Душанбе