Ба мо муроҷиат мекунанд

«Қаҳрамон»-и матбуот

№33 (3827) 13.03.2018

ё марде, ки 11 сол боз барои адолат талош мекунад

Сокини кӯчаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе Умаралӣ Саидов 11 соли охир «қаҳрамон»- и матбуоти  мамлакат гаштааст. Баҳси манзили бо шаҳрванд Навотой У. Расулова қариб дар тамоми рӯзномаҳои мамлакат ба  табъ расида бошад ҳам, вале дар мақомоти судӣ ҳалли ниҳоии худро наёфтааст. Аз ҷумла, Умаралӣ  Саидов  дар рӯзномаи «Минбари халқ»  12 маротиба, «Ҷавонони Тоҷикистон» — 4, «Крим- инфо» — 2, «Тоҷикистон» — 2, «Фараж» — 2 маротиба, «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Пайкон», «Вечёрка», «Имрӯз нюс» ва «Нигоҳ» дар бораи сохтакории ҳуҷҷатҳо, аз ҷониби мақомоти САҲШ ва нотариус, иҷро нашудани ҳукми суд, бе иштироки ӯ баровардани ҳалномаи судӣ ва ғайра  шикоят намудааст.

- Ман 22 декабри соли 1992 дар кӯчаи Афзалӣ 93- и шаҳри Душанбе аз Анатолий Кузнетсов тавассути ваколатнома манзилашро харидам, — мегӯяд Умаралӣ  Саидов. — Бародари раҳматиам Саидов Эмомалӣ бо имзои сохта, хонаи маро ба номи худ кардааст. Инро экспертизаи хатшиносӣ, ки соли 2007 гузаронида шуд, муайян намуд. Бо қарори судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Иброҳим Каримов  аз 29 июли соли 2008  ман соҳибмулк шудам. Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур Р. Аҷиков оид ба аз хона, воқеъ дар кӯчаи Афзалӣ 93, кӯчонидани Навотой Расулова бе додани дигар манзили истиқоматӣ ҳалнома баровард.  Суд борҳо сохтакорӣ будани ақди никоҳи Н. Расулова бо бародари раҳматиамро исбот намуд. Аммо то ҳол Н. Расулова манзили маро барнагардонидааст.

У. Саидов 4 майи соли 2016 оид ба кӯчонидани Н. Расулова  ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ариза навишт. Аммо судя К. Қурбонзода дидаю дониста моддаи 64 банди 2 ва моддаи 198  банди 3- ро сарфи назар карда, манзили Умаралӣ  Саидовро ҳамчун мерос тақсим кардааст. Оид ба ин масъала У.  Саидов ба  марҳилаи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе  шикоят  намуда, аз судя Т. Ҳафизов хоҳиш кард, ки хатшинос З. Ямакова, ҳамчунин корманде, ки дар  сохтакорона  ба номи шахси дигар ҳуҷҷат кардани манзили Умаралӣ  Саидов саҳм гузоштааст, ба суд даъват карда шавад. Аммо судя Т. Ҳафизов бе иштироки У. Саидов ва намояндаи ӯ 11 декабри соли 2017 барои тақсими мерос ҳалнома баровард. Ана ҳамин гуна рафтори ғайрикасбии баъзе аз судяҳо боиси сарсонии У. Саидов гаштааст.

Ба Умаралӣ  Саидов баъди муроҷиат ба рӯзномаҳо аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62 ҷавоб, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 64, Прокуратураи шаҳри Душанбе — 29, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — 8, Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 12,  Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 59 ва МИМҲД шаҳри Душанбе 9 ҷавоб омадааст.

- Вақте бозиҳои пасипардагии баъзе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқро  мебинам, ҳайрон мешавам,- мегӯяд Умаралӣ  Саидов. — Чаро иддае дар забон даъвои риояи  адолат намуда, дар амал хилофи гуфтаҳо амал мекарда бошанд? Ягона ниҳоде, ки дарду азоби маро дарк мекунад, матбуот аст. Ташаккур ба рӯзноманигороне, ки вазъи маро дарк намуда, барои барқароршавии ҳақиқат ба ман баринҳо беғаразона кумак мерасонанд. Ман то охир барои пойдории адолат талош хоҳам кард. Боварӣ дорам, ки адолат ҳатман  тантана мекунад.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»