Қаҳрамонон фаромўш намегарданд

№151 (3452) 09.11.2015

Дар арафаи Рӯзи милитсия бо пешниҳоди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57-и деҳаи Кумарғи ноҳия ба номи майори милитсия Алибой Идиев гузошта шуд. Қарор оид ба ин масъала дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ 30 октябри соли равон тасдиқ гардида буд. Дар маросими ботантана, ки рӯзи 7 октябри соли 2015 ба ин муносибат баргузор гардид, раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорони шодравон Алибой Идиев ва фаъолони ноҳияи Айнӣ иштирок карданд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Айнӣ Ӯзбакой Каримова иттилоъ дод.

Қобили зикр аст, ки собиқ корманди дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алибой Идиев дар ҳодисаҳои 4-16-уми сентябри соли равон ҳангоми амалиёт алайҳи несту нобуд кардани гурӯҳи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконаш дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат қаҳрамонона ҳалок шуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алибой Идиев (пас аз марг) бо ордени Спитамен дараҷаи 2 сазовор дониста шуд. Инчунин аз ҷониби Роҳбари давлат аҳли оилаи марҳум бо хона дар шаҳри Душанбе таъмин гардиданд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»