Пешниҳод

«Қаҳрамонон»-ро ба гулгашт баргардонем

№54 (3848) 03.05.2018

фывфывСоли 2005 бахшида ба 60-солагии Ғалаба бар фашизм бо пешниҳоди муаррихи варзида, зиндаёд Ҳасанбой Шарифов дар шоҳроҳи соҳили рости шаҳри Хуҷанд, рӯ ба рӯйи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, «Гулгашти қаҳрамонон» бунёд шуд. Дар он портрети 15 Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 10 дорандаи ҳар се дараҷаи ордени  «Шараф» аз вилояти Суғд насб гардидааст. Агар кас шабона аз он ҷо гузарад, зери шуои чароғ симои номбардорони Ватанро бемалол дида метавонист.

Чанде пеш ба ин мавзеъ гузорам афтоду тахмин кардам, ки дар он чизе намерасад. Чун диққат кардам, дидам, ки аксҳои он ҷавонмардони бебок дар ҷойи худ нестанд. Ба Шӯрои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании вилоят занг задам. Муовини раиси он Шавкат Бурҳонов гуфт, ки портрети қаҳрамонон соли гузаш­та ҳангоми азнавсозии кӯча бо дастури раиси вақти вилоят ба боғи «Ғалаба» кӯчонида шудааст:

- Мо ҳам аз кӯчонида шудани он бехабар мондем, — гуфт Шавкат Бурҳонов. — Чун ба масъулони азнавсозӣ эрод гирифтам, гуфтанд, ки «ин кори шаҳрдорон аст». Дар МИҲД-и шаҳри Хуҷанд масъулон гуфтанд, ки «ба мо аз боло супориш шуд». Тарбуз аз бағалам афтоду муҳри хомӯшӣ ба лаб задам, вале аз дил гузарондам: наход портрети номбардорони Ватан, ки аксар дар ҳифзи Ватан ҷони ҷавонашонро қурбон кардаанд, ба маконе кӯчонида шуда бошад, ки он ҷо, ба ҷузъ рӯзҳои иду айём, касе  намеравад…

Боғи «Ғалаба», ки замони шӯравӣ, дар соҳили рости дарёи Сир бо иқдоми Кумитаи иҷроияи шаҳр бунёд меёфт, бинобар аз байн рафтани давлати шӯравӣ сохтмонаш нотамом монд. Даҳ сол муқаддам бо пешниҳоди Шӯрои вилоятии ҷанговарони интернатсионалист дар он ҷо марқади ёдгорӣ ба хотири шаҳидони ҷанги афғон гузошта шуд. Сипас, нишони оҳании «Досу болға»-и замони шӯравиро, ки дар истгоҳи «Универмаг»-и шаҳр меистод, шаҳрдорон канда, ба боғ оварданд. Дертар ҳайкали доҳии пролетариати ҷаҳон — В. И. Ленинро низ ба ин ҷо кӯчониданд. Бархе шӯхикунон ин маконро «парки монументҳо» ҳам мегӯянд.

Дар ҷустуҷӯйи «Гулгашти қаҳрамонон» ба боғи «Ғалаба» рафтам. Гуфтаҳои Шавкат Бурҳонов рост баромад. Дар  боғ «паша ҳам пар намезад». Танҳо дар як кунҷи дурдасти он марди фарбеҳи чорпаҳлу менишаст, ки аз афташ, посбони атраксионҳо буд. Портрети қаҳрамононро дар он ҷо насбкарда ёфтам, аммо, на бо он шукуҳу шаҳомате, ки дар ҷойи аввал  буд. Бархе аз онҳо байни дарахтони арча монда, симои қаҳрамононро паноҳ мекарданд. Гулгашти аввала дар миёни шоҳроҳ, рӯ ба рӯйи яке аз муассисаҳои калонтарини таҳсилоти олии кишвар – ДДҲБСТ қарор дошт. Дар шафати он Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст, ки ҳар рӯз ҳазорҳо ҷавон вақти ба дарс омадану ба хона баргаштан чашмашон ҳатман ба аксҳои ин родмардони Ватан меафтод ва як рӯйдоди муҳими таърихи ҷаҳон-Ғалабаи халқи советӣ бар фашизм ба хотирашон меомад.

Пас аз қомат афрохтани маҷмааи «Истиқлол», хусусан бегоҳирӯзӣ, ин мавзеъ ба макони асосии сайругашти сокинону меҳмонон табдил ёфтааст. Аз ҷумла, баъди кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ Хуҷанди қадимаро аллакай садҳо сокини ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон тамошо карданд. Чӣ бадӣ дошт, агар сокинон зимни сайругашт ба фарзандони худ ин расмҳоро нишон дода, ёд аз бобоҳои қаҳрамони худ мекарданд? Оё зимни тамошои маҷмааи «Истиқлол» ба меҳмонон мухтасар аз корнамоии ҷавонмардони тоҷикистонӣ дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоя кардан муаррифии миллати тоҷик нест?

Мо аминем, ки хатсайри меҳмонони дохиливу хориҷӣ ҳамеша боғи Камолу бозори марказии «Панҷшанбе», Қасри Арбоб ва шояд Наврӯзгоҳ ҳам бошад. Лекин касе аз сокинон, аз ҷумла камина — сокини ҳамин маҳалла боре надидаам, ки мизбонон меҳмононро ба ин мавзеъ ҳидоят карда бошанд.

- Бо гузашти солҳо арзиши муборизаву корнамоии абармардони ҷабҳаи ҷанг дар қалбҳо боз ҳам равшантар шуда, барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад, — гуфта буданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Имрӯз, бо ин гуна амал, магар мо гуфта метавонем, ки воқеан ҳам, корнамоии абармардон ба насли ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад?  Бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои баёншуда, пешниҳод менамоям, ки «Гулгашти қаҳрамонон» аз макони беодаму аз назарҳо дур ба ҷойи пештарааш баргардонида шавад.

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»