Муҳовара

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал — Бодӣ: «Мехоҳам ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вусъати бештар пайдо намоянд»

№45 (3839) 12.04.2018

DSC_7405Аз барқароршавии робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ беш аз 26 сол пур шуд. Ба ин хотир бо сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал — Бодӣ вохӯрда, дар хусуси вазъ ва дурнамои робитаҳо пурсон шудем.

- Ҷаноби сафир, мехос­тем суҳбатро аз робитаҳои парлумонии Тоҷикистону Арабис­тони Саудӣ оғоз намоем.

- Бо камоли хушӣ мегӯям, ки миёни ҳар ду кишвар робитаҳои хеле зичи парлумонӣ ба роҳ монда шудааст. Боздидҳои сатҳи олии тарафайн далели ин гуфтаҳоянд. Чунончӣ, Раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим моҳи майи соли 2016 ба Тоҷикистон сафари расмӣ намуд ва то ҳол он истиқболи гармеро, ки дида буд, ба некӣ ёд мекунад.

Январи соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз Арабистони Саудӣ боз­дид ба амал овард. Барои ман шарафи бузург аст, ки дар он сафар Шукурҷон Зуҳуровро ҳамроҳӣ намудам. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ходими ҳарамайни шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Раиси Маҷлиси Шӯро ва чанде аз аъзои Ҳукумати Арабистони Саудӣ мулоқот доштанд. Зимни вохӯриҳо дар хусуси масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт. Ман бисёр  мехоҳам, ки ҳамкориҳои суд­манд миёни парлумонҳои ҳар ду кишвар вусъат ёбанд.

- Шумо аз робитаи гурӯҳҳои дӯстии парлумонии ҳар ду кишвар  низ қаноатмандед?

- Дар Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ Кумитаи дӯстӣ бо Тоҷикис­тон амал мекунад. Гарчанде то ҳол мулоқоти алоҳидаи байни гурӯҳҳои дӯстӣ барпо нашуда бошад ҳам, аснои сафари ҷонибҳо вохӯриҳо сурат хоҳанд гирифт. Албатта, гурӯҳҳо муваззаф ҳастанд, ки дар самти сиёсатҳои роҳбари ду кишвар вобаста ба мақому  ҷойгоҳ саҳме дош­та бошанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки байни ду парлумон ҳамкорӣ нест. Табодули боздидҳо дар сатҳи олии парлумонӣ метавонад ин норасоиро пӯшонад.

- Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?

- Ростӣ, ба он дараҷае, ки мо мехоҳем, ҳанӯз ба роҳ монда нашудаанд. Аммо дар баъзе аз бахшҳо ҳамкориҳо хуб ҷараён доранд. Яке аз ниҳодҳое, ки дар амалишавии як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон саҳм дорад, Бунёди саудии рушд мебошад. Ҳаҷми маблағи қарзии он дар Тоҷикистон 580 миллион  риёл (зиёда аз 1 миллиард сомонӣ) — ро дар бар мегирад. Тибқи  созишнома, Бунёди саудии рушд аз соли 2002 дар бунёди роҳи «Шкев — Зиғар», азнавсозии роҳи «Қалъаи Хумб — Кӯлоб», таҷҳизонидани таваллудхонаю беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» дар шаҳри Душанбе ва сохтмону таҷҳизонидани чанд мактаби таҳсилоти умумӣ маблағгузорӣ намудааст.

Чанде пеш як ҳайат аз Арабис­тони Саудӣ ба Тоҷикистон омада, мавзӯи идома додани ҳамкориро баҳри маблағгузорӣ дар соҳаҳои маорифу иҷтимоиёт баррасӣ намуданд. Намояндаи Бонки саудии рушд иброз дошт, ки ҳар дархости аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, баҳри татбиқи он чора андешида хоҳад шуд.

Ғайр аз ин, Маркази Малик Салмон низ чанд лоиҳаи башардӯстонаро дар Тоҷикистон амалӣ намуд. Чанде қабл кумаки бебозгашт ба маблағи 10 миллион доллар барои Тоҷикистон ҷудо шуд. Яке аз навтарин лоиҳаҳое, ки маркази номбурда амалӣ кард, сохтмону муҷаҳҳазгардонии бинои нав дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Умед дорам, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси Маркази Малик Салмон Абдуллоҳ ибни Рабеа ширкат хоҳад варзид. Тоҷикистон кишвари амн аст, вале дар он офатҳои табиӣ зиёд рӯй медиҳанд. Аз ҷиҳати гирифтани кумакҳои башардӯстонаи Маркази Малик Салмон Тоҷикистон дар ҷойи чорум қарор дорад.

- Нақши Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки яке аз кишварҳои бонуфузи ҷаҳони ислом ба шумор меравад, дар ҳалли қазияҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон чӣ гуна аст?

- Дарвоқеъ, Арабистони Саудӣ нақши муҳимро дар ҳалли қазияҳои мамолики исломӣ мебозад ва он танҳо бо қазияҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон маҳдуд намешавад, балки ҳама қазияи ҷаҳони исломро фарогир аст. Масалан, чанде пеш Арабистони Саудӣ ба мусулмонони қавми роҳинҷаи Мянма 15 миллион доллар ҷудо кард. Ҳаҷми ёрии башардӯстона ба мардуми Яман бошад, 1 миллиард долларро ташкил медиҳад. Новобаста аз он ки шӯришчиёни ҳусӣ бо дастгирии ҳомиёни хориҷӣ аз Яман ба қаламрави Арабис­тони Саудӣ беш аз 100 ракета ва ба шаҳрҳои Яман зиёда аз 200 ракета парронда бошанд ҳам, Ҳукумати Арабистони Саудӣ расонидани кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми осебдидаи Яман идома хоҳад дод. Масалан, барои дастгирии қурби пули миллии Яман Арабистони Саудӣ ба бонки давлатии ин кишвар 2 миллиард доллар вадиат (амонат) гузошт. Дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба дигар  кишварҳои ҷангзада низ кумак мерасонем ва тарафдори бо роҳи сулҳу оштӣ ҳал гардидани низоъҳо ҳастем.

- Чанд сол боз дар хусуси фиристодани муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сухан  меравад, вале сабаб чист, ки он ҳанӯз пурра ҳал нагардидааст?

- Дар Арабистони Саудӣ муҳоҷирони меҳнатии  беш аз 100 кишвари дунё кор мекунанд. Шояд дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳама шумораи камтаринро ташкил диҳанд. Мо умед дорем, ки аз Тоҷикистон низ табибон, муҳандисон ва  мутахассисони дигар соҳаҳо барои кор ба Арабистони Саудӣ хоҳанд рафт. Ҳоло теъдоди хеле  ками онҳо дар Арабистони Саудӣ ҳамчун ронанда ва ходиму ходима кор мекунанд. Агар мушкиле дар кору зиндагии онҳо вуҷуд дошта бошад, мақомоти махсус ҳаст, ки зимни муроҷиат қазияро ҳал мекунад. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ҳамеша ин мас­ъаларо дар мадди назар қарор дода, сари вақт ба муроҷиаткунандагон дасти кумак дароз менамояд.

Аммо баъзан ин мавзӯъро ашхосе расонаӣ мекунанд, ки мехоҳанд обро лой карда, моҳӣ доранд. Бархе аз воситаҳои ахбори омма ҳам масъаларо насанҷида, ба нашр мерасонанд. Умуман, мушкилот барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳама кишвар ҷой дорад. Мо ба муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Арабистони Саудӣ кор мекунанд, тавсия медиҳем, ки зимни ба миён омадани мушкилот ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд.

- Ҳамкорӣ дар соҳаҳои  маорифу тандурустӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Мо хоҳони густариши ҳамкорӣ дар ҳама соҳа ҳастем. Чанде пеш ҳайати намояндагони яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ар Риёз ба Тоҷикистон омада, бо роҳбарияти ДМТ ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд. Устодони донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ хоҳони густариши ҳамкорӣ буда, ҳар як пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Ҳоло иддаи каме аз донишҷӯёни Арабистони Саудӣ дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Чанд донишҷӯйи тоҷик низ дар макотиби олии Арабистони Саудӣ таҳсил доранд. Умед дорам, ки ин шумора бештар мешавад. Вазоратҳои маорифи ҳар ду мамлакат идораҳои салоҳиятдоре ҳастанд, ки самти таҳсил ва ихтисосҳоро муайян карда, донишҷӯёнро аз кишварҳои ҳамдигар қабул менамоянд.

Чанде пеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба Арабистони Саудӣ рафта, бо вазири тандурустии мо мулоқот дошт. Ин оғози ҳамкориҳост. Ман боварӣ дорам, ки миёни ниҳодҳои тандурустии ҳар ду кишвар ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда хоҳад шуд.

- Дар матбуот хабаре низ дарҷ шуд, ки Арабис­тони Саудӣ сохтмони бинои нави парлумони Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунад. Он то куҷо ҳақиқат дорад?

- Ман низ ин хабарро аз воситаҳои ахбори омма хондам. Вале дар ин хусус ягон иттилооти расмӣ ба дасти мо нарасидааст. Зимни сафари Шукурҷон Зуҳуров ба Арабистони Саудӣ низ ин мавзӯъ тамоман радду бадал нашуд. Маълум нест, ки расонаҳои хабарӣ аз кадом манбаъ онро дастрас кардаанд, ки ҳақиқат надорад. Ҳатто навишта буданд, ки Сафири Арабистони Саудӣ дар ин мавзӯъ чунину чунон гуфт. Дар асл ман дар ин хусус ягон чиз нагуфтаам. Аз ин рӯ, борҳо лозим омадааст, ки вобаста ба ин овозаи беасос раддия нависем. Агар, воқеан Раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ ин ваъдаро медод, ҳатман иҷро мекард.

- Имсол бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон  шудааст. Оё дар Арабистони Саудӣ дар хусуси захираҳои  туристии Тоҷикистон маълумоти кофӣ доранд?

- Мо аз ин иқдом бохабар буда, мақомоти марбутаи кишварро огоҳ намудем, ки хеле саривақтӣ ва муҳим аст. Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои сайёҳӣ кишвари пешрафта мебошад. Табиати дилкаш, манзараҳои зебо, чашмаҳои мусаффо, тинҷиву осудагӣ, тозагидӯстдорию меҳмоннавозии тоҷикон қалби ҳар як сайёҳро тасхир мекунад. Ин ҳама омили ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мебошад. Ман ба хотири пешрафти соҳаи туризми кишвари шумо ду пешниҳод дорам.

Ба ақидаи ман, яке аз роҳҳои ҷалби шумораи бештари сайёҳон ба Тоҷикистон лағви раводид барои баъзе аз кишварҳост. Ҷумҳуриҳои ҳамсояи Тоҷикистон, ба хотири он ки сайёҳон бештар биёянд, барои шаҳрвандони баъзе аз давлатҳо сафари  бе раводидро иҷозат доданд. Ташаккур ба роҳбарияти Тоҷикистон, ки барои зиёда аз 80 кишвар низоми гирифтани раводидро хеле осон карданд. Агар барои кишварҳое, ки сокинонаш майли бештари ба Тоҷикистон омаданро доранд, раводид лағв шавад, теъдоди сайёҳон ба маротиб меафзояд.

Мавзӯи дигар, беҳтар намудани инфрасохтори туризм аст. Имрӯз бояд минтақаҳои туристӣ инфрасохтори замонавӣ дошта бошанд. Масалан, ман дар Искандаркӯл будам, ки он яке аз зеботарину нодиртарин кӯлҳои ҷаҳон аст. Лекин меҳмонхона ва дигар инфрасохтори муосиру роҳи дуруст надорад, вагарна теъдоди сайёҳон ба он ҷо меафзояд. Чунончӣ, «Сафеддара» баъди таъмиру навсозӣ ба як мавзеи дӯстдоштаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ  табдил ёфт.

- То ин дам ба кадом минтақаҳои Тоҷикистон сафар кардед ва аз Тоҷикис­тон ба Арабистони Саудӣ кадом маҳсулотро содир кардан мумкин?

- Ман қариб 75 дарсади Тоҷикис­тонро дидаам. Ҳамаи он зебоянду мардумаш меҳмоннавоз. Дар Тоҷикистон бисёр чизҳое ҳастанд, ки метавонанд дар Арабистони Саудӣ харидори зиёд дошта бошанд. Масалан, хушкмева, меваҳои тару тоза, шарбат, чарм ва як қатор маъданҳо.

Мо дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ кӯшиш дорем, ки роҳҳои нави густариши ҳамкориро ҷустуҷӯ карда, нишондиҳандаи робитаҳои иқтисодиро баланд бардорем. Рисолати мо густариш додани ҳамкориҳост.

- Барои суҳбати озоду самимӣ ташаккур!

- Саломат бошед! Умед дорам, ки ин суҳбати аввалину охирин нахоҳад буд. Ман дар забони тоҷикӣ калимаҳои зиёди арабиро вохӯрдам. Кӯшиш менамоям, ки дар давоми фаъолият ин забони ширину равон ва гувороро омӯзам.

Мусоҳибон

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ