Қабули эъломияи «Гурӯҳи 20» вобаста ба пандемияву тағйирёбии иқлим

№ 05.11.2021

,1Чанде пеш дар шаҳри Рими Италия 16-умин нишасти роҳбарони кишварҳои «Гурӯҳи 20» (G 20) баргузор гардид. Яке аз мавзӯъҳои калидии он тағйирёбии иқлим ва роҳҳои мубориза бо гармшавии глобалӣ буд. Иштирокчиёни чорабинӣ амалисозии ҳадафҳои Созишномаи Париж оид ба иқлим дар хусуси зарурати нигоҳ доштани гармии глобалӣ дар сатҳи 1,5 дараҷаро якдилона қобили қабул донистанд.

Мавзӯи дигари асосии ҳамоиш мубориза бо  пандемияи COVID — 19 буд. Шоҳи Арабистони Саудӣ Малик Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар ин хусус андешаҳояшро чунин баён кард:

- Бо гузашти 20 моҳ то ҳол иқтисоди ҷаҳон аз пайомадҳои пандемия азият мекашад. Бархе аз кишварҳои  камдаромад дар бобати дастрасӣ ба ваксинаю тақсимоти он бо мушкилот рӯ ба рӯ мебошанд. Аз ин рӯ, аҳамияти нақши «Гурӯҳи 20» дар пешбурди ҳамкорӣ ва кумак барои дастрасӣ ба ваксина муҳим арзёбӣ мегардад.

Малик Салмон зикр кард, ки сиёсати пешгирифтаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар оғози ин буҳрон барои коҳиши оқибатҳои беҳдоштӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии пандемия натиҷаи назаррас дода, ба раванди барқароршавии босуръат мусоидат намуд.

,2- Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар нигаронии кишварҳои ҷаҳон роҷеъ ба тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии он шарик буда, нақши пешбарандаро дар самти таъмини ҷаҳон бо энергияи тоза тавассути дастгирии бештари инноватсия ва рушд идома мебахшад,- гуфт Малик Салмон.

Аз рӯи натиҷаи ҳамоиши дурӯза иштирокчиёни нишасти «Гурӯҳи 20» эъломия қабул намуда, дар самтҳои мубориза бо коронавирус буҳрони глобалии иқтисодӣ, ноил гаштан ба энергияи бекарбон, мусоидат ба интиқоли бемамониати энергия ва дигар  масоил уҳдадориҳо ба зимма гирифтанд.

«Гурӯҳи 20» моҳи декабри соли 1999 таъсис ёфта, 19 кишвар ва Иттиҳоди Аврупоро дар бар мегирад. Ҳоло 60 дарсади аҳолии сайёра, 80 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон ва 75 дарсади содироти олам ба кишварҳои узви ин гурӯҳ рост меояд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»