Қадрдонии ҷавонмардони тоҷик дар Россия

№42 (3836) 05.04.2018

 кемеревоБо вуҷуди он ки муҳоҷират мушкилоти худро дораду ҳамватанони мо баъзан дар кишварҳои дигар мавриди озору таҳқир қарор мегиранд, хушбахтона, мунтазам ҷавонмардӣ нишон медиҳанд. Панҷ ҷавони тоҷик 25 — уми марти соли ҷорӣ барои наҷоти осебдидагони аз сӯхтор дар маркази тиҷоратии «Зимняя вишня» — и Кемерово далерӣ нишон доданд. Ин амали ҷавонмардона дар воситаҳои ахбори оммаи Федератсияи Россия инъикоси густурда ёфт.

31 марти соли ҷорӣ ҳамватани мо Фарзон Салимов аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Россия қадрдонӣ шуд. Роҳбари  он Александр Бастрикин  дар Кемерово бо Фарзон Салимов ва се нафари дигар мулоқот карда, таъкид намуд, ки онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба одамон ёрӣ доданд.

Фарзон Салимов гуфтааст, ки тақдими ифтихорномаву медал барояш ногаҳонӣ буд. «Чизеро интизор набудам. Қаблан ҳам гуфта будам, ки ҳар коре кардем, дар роҳи ризогии Худо буд. Ба ҳар ҳол,  қадрдонӣ ба одам неру мебахшад», — афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи сӯхтори шадиди 25 — уми март дар маркази тиҷоратии «Зимняя вишня» дар Кемерово 64 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар захмӣ  шуданд.

 Таҳияи К. БУРҲОНИДДИН,

«Садои мардум»