Қадрдонии ҷавонони фаъол дар рӯзи ҷавонон

№59 (3696) 27.05.2017

DSC0112223 майи соли равон дар шаҳри Турсунзода роҳпаймоии идона таҳти шиори «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» доир шуд. Дар он зиёда аз даҳ ҳазор ҷавон ширкат намуданд.

Раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода дар назди иштирокдорон сухан ронда, таъкид кард, ки таҷлили Рӯзи ҷавонон дар арафаи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек аст.

Дар навбати худ ҷавонони шаҳри Турсунзода аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ободу зебо намудани Ватан саҳми босазо гузоранд.

Он рӯз як зумра ҷавононе, ки дар ободии шаҳр саҳми босазо гузошта, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардаанд, бо ифтихорномаву мукофотҳои пулию молии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардонда шуданд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»