Афғонистон. Сиёсатмадорон муомила карданд

№64 (4170) 30.05.2020

Акнун сулҳро чашмдор шудан мумкин аст?

friendsБаргузории интихобот дар Афғонис­тон, хоса интихоботи президентӣ, яке аз он равандҳои сиёсиест, ки соли 2001 (дар шаҳри Бонни Олмон) тарҳрезӣ гардид. Идеяи баргузории он дар кишвар, ки тавонад мухолифати лидерҳои муҷоҳидинро хотима гузорад, борҳо аз забони шахсиятҳои сиёсии Афғонистон садо дод, вале тарҳ фақат дар «Конфронси Бонн» тавассути кишварҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шуд.

Дар конфронси мазкур ташаббускорон тасмим гирифтанд, ки дар Афғонистон, ибтидо ҳукумати муваққатӣ таъсис дода, сипас, интихоботи президентиро доир намоянд, то ки мардум президенти навро интихоб кунад. Ба ҳамин хотир, моҳи декабри соли 2001 дар «Конфронси Бонн» Президенти Афғонис­тон Бурҳониддин Раббонӣ аз қудрат канор рафт ва Ҳомид Карзай роҳбари ҳукумати давраи гузариш таъин шуд. Тибқи барнома, моҳи октябри соли 2004 дар Афғонистон интихобот баргузор гардид ва роҳбари ҳукумати муваққатӣ — Ҳомид Карзай Президенти кишвар интихоб шуд.

Ташаббускорони «Конфронси Бонн» интихоботи президентиро дар Афғонистон ҳамчун омили ба эътидол овардани вазъ ва таъмини сулҳ пешбинӣ карданд, аммо на интихоботҳои президентиву парламентӣ, на қабули конситутсияву тадбирҳои дигари сиёсӣ ба хотима додани кашмакашҳо дар кишвар мусоидат карда натавонистанд. Ҳатто ҷалби лидерҳои ақвоми гуногуни кишвар ба қудрат ва маснадҳои баланд низ натавонист ба бесуботӣ нуқта гузорад. Баръакс, се интихоботи президентие, ки солҳои 2009-2019 дар Афғонистон доир гардиданд, рақобату ихтилофро миёни номзадҳои пешсаф ва пайравони онҳо шиддат бахшид. Моҷаро дар интихоботи соли 2009 норозигии яке аз номзадҳои асосӣ — Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба вуҷуд овард. Ӯ Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистонро дар роҳ додан ба тақаллуб ҳангоми шуморидани овози интихобкунандагон гунаҳкор кард ва эълон дошт, ки аз иштирок дар даври дуюми интихобот худдорӣ меварзад.

Соли 2014 низ доктор Абдуллоҳ аз тақаллуби густарда дар интихоботи президентӣ шикоят намуд, вале дар натиҷаи созиш бо миёнаравии амрикоиҳо ба мақоми раиси ҳукумати иҷроия таъин шуд.

Соли 2019 доктор Абдуллоҳ боз ҳам аз адами шаффофият ҳангоми ҳисоби раъйи интихобкунандагон эътироз кард ва вақте ки Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро Президенти қонунии Афғонистон эълон намуд, доктор Абдуллоҳ пирӯзии ӯро эътироф накарда, ҳукумати худро ташкил дод.

Азбаски дуҳокимиятӣ ё набудани маркази ягонаи тасмимгирӣ дар сиёсати давлат мушкилии зиёдро пеш меорад, бинобар ин, ҳар ду сиёсатмадор, ки пешсафи интихоботи охири Афғонистон буданд, пас аз муколамаву гуфтугӯи тӯлонӣ, ниҳоят, ба мувофиқа расида, созишнома имзо карданд.

Созиши ҷонибҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ, алалхусус, Россия, Хитой, Эрон ва Покистон истиқбол намуданд. Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш низ аз тавофуқи Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ изҳори хушҳолӣ намуд. Ӯ гуфт: «Мо ҷонибҳои манфиатдорро даъват мекунем, ки аз ин фурсат истифода бурда, ба раванди сулҳ ҳамроҳ шаванд, зеро танҳо сулҳу субот метавонад бадбахтиро дар Афғонистон хотима бахшад».

Тибқи созишномаи имзошуда, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон монда, Абдуллоҳ Абдуллоҳ вазифаи Раиси Шӯрои олии оштии миллиро ба зимма гирифт ва минбаъд раванди музокироти Ҳукумати Афғонистонро бо ҳаракати «Толибон» назорат хоҳад кард. Ҳамчунин, бар асоси созиш нисфи вазоратҳои кишвар, аз ҷумла, вазоратҳои адлия, меҳнат ва иҷтимоиёт, нақлиёт, иқтисодиёт, кишоварзӣ, обёрӣ ва чорводорӣ, маориф, сарҳад ва масоили ақвом, саноат ва савдо, телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ дар тобеияти Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор гирифта, минбаъд таъини роҳбарони ниҳодҳои мазкур салоҳияти ӯ мебошад.

Яке аз шартҳои созишнома ба лидери қавми ӯзбеки Афғонистон, собиқ ноиби президент Абдулрашиди Дӯстум додани рутбаи «маршал» буд. Гуфта мешавад, ки ҷонибдорони Муҳаммад Ашраф Ғанӣ муддати зиёд ин пешниҳодро қабул накарданд, аммо вақте диданд, ки қазия роҳи ҳалли дигар надорад, ниҳоят, розӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки Дӯстумро яке аз ҷонибдорони муҳими доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар раванди интихоботи президентӣ ҳисоб мекунанд. Ҳоло коршиносон ба ин ақида ҳастанд, ки барандаи асосии созиши байни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ генерал Абдулрашиди Дӯстум аст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфтааст, ки муомилаи онҳо роҳи сулҳро ҳамвор карда, ҳукуматдориро дар Афғонистон қувват мебахшад.

Дар ҳамин ҳол нигоҳи таҳлилгарон ба муомилаи сиёсатмадорон ду навъ аст. Як гурӯҳ хушбин аст ва андеша дорад, ки ин тасмими онҳо метавонад сулҳи деринтизорро ба Афғонистон биёрад. Далели онҳо ин аст, ки акнун назорати раванди оштии миллиро нафари нисбатан амалгаро ба уҳда дорад. Аз ин рӯ, ӯ метавонад ба ягон дастоварде ноил шавад.

Гурӯҳи дигар ба ин назаранд, ки Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар панҷ соли гузашта зимоми қудрат­ро дар даст доштанд, натавонистанд, ки бо ҳаракати «Толибон» ба мусолиҳа расанд. Ҳамчунин, ин нуктаро ҳам таъкид мекунанд, ки дар созишнома тақдири иттифоқчиёни доктор Абдуллоҳ – Муҳаммади Муҳаққиқ, Карим Халилӣ, Анварулҳақ Аҳадӣ ва чанде дигар аз сиёатмадорон норӯшан мондааст, ки метавонад бо мурури замон норозигиро бештар намояд.

Ба ҳар сурат иттиҳоди Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ ба манфиати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст. Агар онҳо созиш намекарданд, мавқеи ҳукумати кунунӣ дар раванди музокирот бо ҳаракати «Толибон», ки вақтҳои охир аз лиҳози сиёсиву низомӣ хеле фаъол шуд, заиф мегардид.

М. УСМОН, «Садои мардум»