Афғонистон: таҳдидҳои нави минтақавӣ

№1 (3795) 04.01.2018

Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Афғонистон: таҳдидҳои нави минтақавӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони корпуси дипломатии Федератсияи ­Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекис­тон, Қазоқистон, Қирғизистон, пажӯҳишгарону коршиносон ширкат варзиданд.

Котиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимшо Искандаров дар мавзӯи «Буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон: таҳдиду хатарҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ» сухан ронда, ёдовар шуд, ки чанд моҳи охир вазъияти низомию сиёсии Афғонис­тон рӯ ба ташаннуҷ ниҳодааст. Ин ҳолат, пеш аз ҳама, ба фаъолшавии ҷангиёни ҳаракати «Толибон», «Давлати исломӣ» ва шарикони хориҷии онҳо дар минтақаҳо, алалхусус вилоятҳои шимолии бо Осиёи Марказӣ ҳамсарҳади Афғонистон ва зуҳуроти ҷудоихоҳии миллӣ дар минтақаҳои мазкур вобастагӣ дорад.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар низ аз вазъи сиёсиву низомии Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки бояд ба таҳдиду хатарҳои нав механизмҳои муассири муқовимат коркард шавад. Агар гурӯҳи «Толибон» асосан аз паштунҳо иборат бошад, мубаллиғони «Давлати исломӣ» бинобар маблағи зиёд доштан тоҷикону ӯзбекони Афғонистонро низ ба сафи худ ҷалб карда истодаанд.

Ба гуфти коршиноси масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, ҳарчанд намояндагони ҳукумати марказии Афғонистон таҳдиди ҷангиёни «Давлати исломӣ»- ро ночиз шуморанд ҳам, ба таври ногаҳонӣ дар мавзеъҳои гуногуни Афғонистон пайдо шудани ҷангиён боиси нигаронист.

- Имрӯз ба гуфтушунид ҷалб кардани танҳо гурӯҳи «Толибон» кафолати сулҳ дар Афғонистон шуда наметавонад, зеро дар миёни гурӯҳи «Толибон» ҳоло тафриқа ба миён омадааст. Ҳамчунин, дар Афғонис­тон гурӯҳҳои нави мусаллаҳе фаъолият мекунанд, ки ба «Толибон» вобастагӣ надоранд, — афзуд ӯ.

Профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикис­тону Россия Комилҷон Саидов иброз дошт, ки ҳар чӣ бештар амалӣ кардани лоиҳаҳои иқтисодӣ фикри мардуми Афғонистонро ба сӯи ободкориҳо ҷалб месозад.

Дар соли сипаришуда дар ин ҷода нақши Ҳиндус­тон назаррас буд. Аз ин рӯ, Ҳиндустон дар қатори Федератсияи Россия барои ба эътидол овардани вазъи Афғонистон нақши муассир гузошта метавонад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»