Ёде аз аввалин сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродуллоҳ Шерализода

«Агар шӯравӣ дусад Муродуллоҳ медошт…»

№47 (4153) 14.04.2020

20 30Гузашти давр ҳама чизро дар тафаккури инсон ба осорхона табдил медиҳад. Ҳодисаҳо таърих мешаванд ва воқеаҳо аз саҳифаҳои рӯзнома ба саҳафоти китоб мераванд. Китобҳо бошанд, дар рафи китобхонаҳо зери чангу ғубор мехобанд. Бо гузашти солҳо наслҳои нав меоянд ва шояд… сиёсатҳо низ тағйир меёбанд ва арзишҳо шакл иваз мекунанд, вале ном пойбарҷо мемонад. Номи абармардон. Абармардоне, ки барои халқу миллат ва Меҳан ҷон нисор кардаанд. Фидоиёни роҳи ҳақ…

Нависандаи доғистонӣ Расул Ғамзатов дар китоби «Доғистони ман» гуфтаи аҷибе дорад: «Марди кӯҳистонӣ бояд ду чизро эҳтиёт кунад: кулоҳ ва номи худро. Попохро касе эҳтиёт карда метавонад, ки калла дошта бошад. Номро касе эҳтиёт карда метавонад, ки дили пуроташ дошта бошад». Ин ҳақиқат аст. Танҳо чунин шахсон метавонанд лоиқи номи баланду нигаҳдорандаи он бошанд. Вале ангуштшуморанд онҳо.

Муродуллоҳ Шерализода аз зумраи шахсиятҳои соҳибном буд. Вай умрро сарфи хидмати миллат намуд, баҳри ободии Меҳан талош варзид. Чунон ки аз суҳбат бо дӯстону ҳамкоронаш дарёфтем, нафаре буд, ки баҳри бо некӣ мондани номаш шабу рӯз заҳмат мекашиду ҳар лаҳзаи умрро сарфи хидмат ба марзу бум менамуд ва то вопасин лаҳзаи зиндагӣ дар сангари мардонагӣ қарор дошт.

«Балкони хонаҳои мо рӯ ба рӯи ҳамдигар буданд. Муродуллоҳ ҳамчун сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» шабҳо то соатҳои 3-4 кор мекард. Баъзан шабона ҳар ду ба балконҳои худ мебаромадем ва бо ҳам мубодилаи назар мекардем», — навиштааст Шодӣ Шабдолов.

Нависанда ва журналисти шинохтаи тоҷик Бахтиёр Муртазоев дар як мақолааш дар бораи Муродуллоҳ Шерализода чунин нигоштааст: «Мароми зиндагии Муродуллоҳ дар мақоми аввал ва бо сифати олӣ анҷом додани вазифаи хидматӣ буд. Дар кадом вазифа будан барои ӯ муҳим набуд. Барояш муҳим он ба ҳисоб мерафт, ки вазифаашро ҳамеша бо масъулият, мувофиқи тавон ба иҷро расонад. Шояд ба ҳамин ваҷҳ аст, ки Муродуллоҳ дар ҳар муассисаю созмоне, ки хизмат намуд, соҳиби обрӯ ва мартабаи баланд гардид. Дар байни тарҷумонҳое, ки дар Афғонистон иҷрои вазифа намудаанд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ ягона шахсе буд, ки тибқи таомулу тартиботи давр муншии Кумитаи ҳизбӣ интихоб гардид. Бовар дошта бошед, ки ин кори андаке нест. Аксари мушовирон ниёзманди машварати ӯ буданд».

Ҳасанбой Дӯст, яке аз олимони варзидаи соҳаи таърих, ки солҳои инқилоби Афғонистон ба сифати тарҷумон хидмат кардааст, чунин ҳикоя мекунад:

- Ман дар вилояти Фароҳ тарҷумони ҳизбӣ будам. Дар он ҷо бемории вабо пайдо шуд. Аз Кобул табиби ҳарбӣ — дагарвол (полковник) Абдул Вакил омад. Ҳангоми мулоқот пурсид, ки аз куҷо мешавам.  — Аз Душанбе, — ҷавоб додам ман. Ӯ аз ҷой хест, ба мулоқоти расмӣ нанигариста, маро ба оғӯш гирифт ва бӯсид. Агар Шӯравӣ дусад нафар чун Муродуллоҳ касонро мефиристод, дигар зарурат ба танку тӯп набуд, — гуфт ӯ.

Қаҳҳор Маҳкамов — аввалин Президенти Тоҷикистон дар яке аз нигоштаҳояш дар бораи Муродуллоҳ Шерализода овардааст: «Ман нафареро мисли Муродуллоҳ надида будам. Ӯ дар дафтари хотироти ман ҳамчун як инсони поквиҷдон, серғайрат ва бошараф боқӣ мондааст. Касе ӯро кушта бошад, Худо мезанад. Аз куштани ӯ дида, гуноҳи бузург набуд».

Матолиби ба нашр расондаи рафиқону ҳаммаслакони ин марди шариф перомуни фаъолияти кориву инсониаш ҳама аз меҳру садоқати ӯ нисбат ба Ватану миллат дарак медиҳанд. Ҳар яке таассуф мехӯрад, ки марг гулчин асту дар ҳама давру замон беҳтаринҳоро ба коми худ мекашад. — Шояд хостаи Худованд ҳам чунин бошад, ки азизтарин нафаронро ба зудӣ назди худ мехонад, — хулоса кардааст яке аз дӯстонаш.

Аз воқеоти он солҳо ба дурустӣ дарк мекунем, ки дар сӯги Муродуллоҳ Шерализода миллат гиристааст. Марги ӯ барои доираи журналистони тоҷик чун марги озодиву ҳақталошӣ ҷилвагар мешуд, ки дар пай 150 ҳазор куштаву беному нишонгашта дошт…

Аз давраи роҳбариаш дар рӯзномаи «Садои мардум» ба хубӣ аён мегардад, ки устод Муродуллоҳ Шерализода, воқеан, ҳамчун роҳбар шахси кордону варзидае будаанд. «Услуби роҳбарии устод Шерализода мабнӣ ба ширинзабонӣ, на танҳо дар муоширати самимӣ бо ҳамкорону муроҷиин зоҳир мегардид, балки фазилати забондонии эшон шеваи корбарии «Садои мардум»-ро зебу тақвият мебахшид», — менависад Қироншоҳ Шарифзода.

Маҳз бо ибтикори ӯ дар нашрияи навтаъсиси «Садои мардум» қаламкашони неруманду тозапардозе гирд омада буданд. Бо як нигоҳ ба дӯхтаҳои солҳои аввали рӯзномаи «Садои мардум» метавонем ба ин гуфтаҳо итминон пайдо кунем. Вай нафаронеро ба кор ҷалб карданд, ки алҳол аз зумраи соҳибмактабон ва номбардорони журналистикаи тоҷиканд. Бахтиёр Муртазо, Додоҷон Раҷабӣ, Шариф Ҳамдампур, Марямбонуи Фарғонӣ, Мардони Муҳаммад, Акбари Саттор, Қироншоҳ Шарифзода ва чандин нафари дигар, ки таърихи журналистикаи навини тоҷик бидуни сабти номи онҳо дар саҳфаҳои худ ҳеҷ арзише нахоҳад дошт, аз зумраи кадрҳои баргузидаву тарбияткардаи Муродуллоҳ Шерализода буданд. Ба ҷуз ҳирфавият дар вуҷуди ҳар як корманди интихобкардаи ӯ ҳисси худшиносиву меҳанпарастӣ ҷӯш мезад ва тавре аксарият мегӯянд, ягона хоҳишаш аз кормандон ҳамин будааст, ки танҳо доири баҳамоии миллат нависанд. Худ то охирин нафас дар ҳамин роҳ устувор монд.

Агар умр вафо мекарду тири нохалафе, ки синаи ӯро дарида буд, хато меҷаст, 14 апрели соли равон ба синни 75 мерасид, вале афсӯс… Мо ӯро бо ин сана табрик гуфта наметавонем. Фақат ҳамин қадар аз дастамон меояд, ки дар ҳақаш дуо кунем: Худо ҷояшро ҷаннату хонаи охираташро обод  гардонад!

Аҳли эҷоди рӯзномаи «Садои мардум»