Ҷайҳун. Нақшаи содироти лимӯ зиёд гардид

№149 (3943) 15.12.2018

cropВодии Вахш бо лимӯи навъи аъло берун аз кишвар низ шуҳрати зиёд дошту дорад. Навъҳои беҳтарини ин меваи ситрусӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон низ парвариш мешаванд.

Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Нуралӣ Валиев, айни замон дар 125 гектар гармхона парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст. Солҳои қаблӣ парвариши он дар заминҳои наздиҳавлигии сокинон ба роҳ монда мешуд.  Бо сабаби серхаридор будани ин навъи мева дар хоҷагиҳои деҳқонӣ низ гармхонаҳо ташкил гардида, ҳоло майдони умумиашон 20 гектарро ташкил медиҳад.

Муовини якуми раиси ноҳия Диловар Собирзода гуфт, ки бо вуҷуди ғанӣ будани таҷриба барои кишоварзони ноҳия моҳе як маротиба семинари омӯзишӣ гузаронида мешавад. Мувофиқи дурнамо ҳар сол майдони лимӯзор аз 10 то 15 гектар зиёд карда мешавад. Барои мисол, соли ҷорӣ масоҳати ин намуди мева 12 гектар зиёд карда шуд.

Бино ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия, соли гузашта 3 ҳазору 35 тонна лимӯ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия содирот шуда, имсол мувофиқи нақша бояд ин нишондиҳанда ба 3 ҳазору 500  тонна расонида шавад.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»