Айб дар ош аст ё дар мош?

№53 (3847) 01.05.2018

КулиЧаро беш аз 20 сол аст, ки банди қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд иҷро намешавад?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханрониашон фармуданд: «…Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд». Зеро «Таҷрибаи ветеранҳои муҳтарам, зиндагиву фаъолияти онҳо барои мардум ва хусусан, барои наслҳои ҷавони кишвар, дар сохтмони як ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта сабақи нодир аст».

Чанде пеш нусхаи чор қарори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод дар бобати пешниҳоди коргарони кооперативи кишоварзии «Ширин»-и ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод, раиси ноҳия ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафарободро дар мавриди номгузорӣ кардани шаҳраки Меҳнатобод ба номи Қулӣ Ҷумъаев дастрас намудам. Бояд тазаккур дод, ки талаботи он қарорҳо дар зарфи 20 соли сипаригардида иҷро нашудааст.

Қулӣ Ҷумъаев аз нахустин фотеҳони Мирзочӯли тоҷик буда, пас аз хатми факултети агрономии Институти хоҷагии кишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур) зиёда аз 30 соли умри пурбаракати хешро дар кори мубаддалсозии ноҳияи Зафаробод аз як чӯли бе обу гиёҳ ба гулистони ҳақиқӣ сарф кардааст. ӯ давоми 21 сол директори хоҷагиҳои давлатии «40-солагии Тоҷикис­тон» ва «Ленинобод» буд. Бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоён», «Ветерани меҳнат», унвони «Корманди хизматнишондодаи хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон», грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва чанд медалу ифтихорномаи дигар сазовор гардидааст.

Ба хотири пайгирии ­масъала ба Бойгонии давлатии вилояти Суғд муроҷиат кардем. Маълум гардид, ки дар ин бобат Қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 25 июни соли 2004, №158 содир гардидааст. Дар он, аз ҷумла омадааст: «Бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи неки яке аз фотеҳони Мирзочӯли тоҷик, собиқадори меҳнат, Агрономи хизматнишондодаи Тоҷикистон Қулӣ Ҷумъаев ба шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод номи Ҷумъаев Қулӣ гузош­та шуда, минбаъд он ҳамчун шаҳраки Қулӣ ­Ҷумъаеви ноҳияи Зафаробод номида шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки қарори мазкурро ҷонибдорӣ ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд. Аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки номи шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафарободро ба номи Қулӣ Ҷумъаев тағйир диҳад». Раиси маҷлис Қ. Қосимов, директор Г. Ҷарқинзода, бойгончии пешбар М. Орифова.

Тибқи бандҳои дигари қарори мазкур иваз кардани номи Истгоҳи роҳи оҳани Ленинобод ба «Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд», номгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 ва 29-и ноҳияи Айнӣ ба номи Наврӯз Восиев ва Мерганд Султонов, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 — и шаҳри Чкалов (ҳоло Бӯстон) ба номи Бобоҷон Исмоилов ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба номи Холйигит Ишматов низ пешниҳод гардида буд. Ман бо шахсони масъули мақомоти маҳаллии ин шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла бо мудири шуъбаи ташкилии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Ӯзбакой Каримова, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Деваштич ва Бӯстон Зикрулло Иброҳимов ва Ҷамолиддин Насриддинзода суҳбати телефонӣ доштам. Маълум гардид, ки қарори мазкур ба истиснои банди дуюми он, яъне ба номи Қулӣ Ҷумъаев номгузорӣ шудани шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод пурра иҷро шудааст.

Чаро аз чанд банди қарори мазкури Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд танҳо банди дуюми он иҷро нашудааст. Маълум гардид, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 609 «Дар бораи тасдиқи Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо…» номгузорӣ ва дигар кардани номи ташкилот, муассиса ва корхонаҳои давлатӣ ба салоҳияти Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вогузор гардида, масъалаҳои номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву ­маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишини кишвар дар асоси моддаи 9 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Яъне, дар ҳолати мазкур ҳаллу фасли бандҳои ин қарор, ба ҷузъ банди дуюм, яъне номгузории Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ба номи Қулӣ Ҷумъаев, боқӣ ба салоҳияти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд вобаста будааст.

Чун иваз кардани номи Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ба салоҳияти мақоми олии қонунгузори кишвар вобаста аст, масъалаи дастрас шудан ё нашудани қарори мазкур ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар зарфи беш аз 20 сол ҳалли худро наёфтани он, бенатиҷа боқӣ мондани талабу дархости аҳолии шаҳраки Меҳнатобод, ки дар ҳамон вақт наздик ба 9000 нафарро ташкил медодааст, барои мо норавшан боқӣ мемонад.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Зафаробод Зуҳуриддин Рустамов мегӯяд, ки корнамоиҳои Қулӣ Ҷумъаев, Н. Верхоглазенко, Темур Холмирзоев, Ҳамдам Ҳусейнов барин родмардони Зафаробод, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, барои насли наврасу ҷавон боиси ибрат мебошанд. Пас абадӣ гардонидани ному кори неки ин фарзонамардҳо вазифаи ҷонии имрӯзиён ба шумор меравад.

Мутмаинем, ки нашри матлаб баҳри нуқта гузоштан ба масъала омили таҳрикбахш хоҳад буд.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»