Айнӣ. 275 иншоот ба истифода дода шуд

№66 (4172) 04.06.2020

ramz_30solagiҶиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ вусъат ёфта, дар маҷмӯъ, 499 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Тибқи иттилои МИМҲД ноҳия, то ҳол 275 иншоот, аз қабили муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ, китобхона, марказ ва бунгоҳҳои тиббӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ, меҳмонхона, толору майдончаҳои варзишӣ ва коргоҳҳои дӯзандагию оҳангарӣ ба истифода дода шуданд.

tmp-cam-7516721916256167528Аз ҷумла, 9 корхонаи истеҳсолӣ, 9 меҳмонхона, 20 маркази хизмат­расонӣ ва савдо, 9 дорухона, 36 сартарошхона ва кошонаи ҳусн ба фаъолият оғоз карданд. То охири соли ҷорӣ 25 коргоҳи истеҳсолии дигар ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ки дар маҷмӯъ, беш аз 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Инчунин, таъмир ва навсозии 25 клуб  ва қасри фарҳанг, 14 китобхона ва 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумӣ дар деҳаи Ревади деҳоти «Урметан», ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»