Айнӣ: Ноҳияе бо имкониятҳои бузург

№77 (3871) 23.06.2018

iskandar_ozero-3Ноҳияи Айнӣ, ки ба гуфти Президенти кишвар «дар дили Тоҷикистон ҷойгир шудааст», бо кӯҳҳои сарбафалаккашида, оби рӯду чашмаҳои софу зулол, табиати нотакрор ва кӯлҳои назаррабо ҷолиб аст. Искандаркӯл, кӯлҳои Аловиддин, кӯҳҳои Фон, дараи Яғноб, парваришгоҳи Вота-Ёвон, манори Варз ва даҳҳо мавзеи сайёҳиву таърихии он дили сайёҳонро тасхир кардааст.

Ноҳия соли 1930 таъсис ёфта, ҳафт ҷамоати деҳот ва як ҷамоати шаҳрак дорад. Аҳолиаш аслан ба кишоварзӣ машғуланд. Дар баробари ин, бо фаъол шудани корхонаҳои бузурги саноатӣ садҳо нафар сокин бо ҷойи кор таъмин гаштанд. Метавон гуфт, ки соҳаҳои асосӣ ва афзалиятнок дар он саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аст.

Солҳои соҳибистиқлолӣ бо тадриҷан мавриди истифода қарор додани конҳои ангишт ва таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ноҳия аз дотатсияи давлатӣ баромада, ба кумаккунандаи буҷетҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ табдил ёфт.

Дар он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкории хурду миёна диққати махсус дода мешавад. Айни замон 1595 нафар соҳибкор, аз он ҷумла бо шаҳодатнома 1034 нафар ва бо патент 561 нафар хизматрасонии гуногунро амалӣ мекунанд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби онҳо 469,4 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гашт. Онҳо асосан ба тиҷорат, истеҳсоли обҳои ташнашикан, коркарди мева, масолеҳи сохтмон, дару тирезаи чӯбиву пластикӣ, хишт ва ғайра машғул мебошанд.

Дар ноҳия панҷ корхонаи азими саноатӣ-Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки Тоҷикистону Америка (ҶММ КМ ТА) «Анзоб», Корхонаи фаръии шахтаи (КФШ) «Фон-Яғноб», ҶДММ «Талко-Ресурс», Ширкати металлургии «Анзоб», ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷик» ва се корхонаи мавсимии хурд-ҶДММ «Шамтуч», ҶДММ «Зеробод», ҶДММ «Мустафо 2013» фаъолият доранд.

Саноатчиён моҳҳои январ-апрели соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 236081,9 ҳазор сомонӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35553,3 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 177,7 дарсадро ташкил менамояд. Истеҳсоли маҳсулот дар ҶММ КМ ТА «Анзоб» 114045,2 ҳазор сомониро ташкил дод. Истеҳсоли консентрати 30-дарсадаи сурмаю симоб ба 13203,6 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4671,4 тонна кам мебошад.

ҶММ КМ ТА «Анзоб» яке аз калонтарин корхонаҳои саноати кӯҳӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва дар Осиёи Марказӣ ягона корхонаест, ки ба истихроҷ ва коркарди маъдани сурма машғул мебошад. Он соли 2005 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва барқароркунии соҳаи саноати кӯҳӣ таъсис ёфт. Фаъолияти асосии он истихроҷ ва коркарди маъдани сурмадори кони «Ҷиҷикрӯд» мебошад, ки соли 1939 аз тарафи геологҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иктишоф шудааст.

Дар давраи таъсис (аввали солҳои 2000-ум) ҳолати истеҳсолӣ ва сатҳи истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии корхона 10 дарсадро ташкил медод. Таҷҳизоти истеҳсолӣ фарсуда ва куҳна шуда, бинобар аз байн рафтани робитаҳои истеҳсолию хоҷагидорӣ, имконияти ба фурӯш баровардани маҳсулоти тайёр набуд. Бо ворид намудани сармояи мустақим, нав кардани таҷҳизоту дастгоҳҳо, харидорӣ ва насб намудани таҷҳизоти технологии муосир ҳаҷми истихроҷу коркарди маъдан солҳои охир ба зиёда аз 460 ҳазор тонна дар як сол расида, истеҳсоли хокаи сурма ҳафт маротиба афзуда, ба зиёда аз 60 000 тонна дар як сол баробар гардид.

Таъсиси корхонаи муштарак бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ имкон дод, ки неруи кадрӣ нигоҳ дошта шавад. Айни ҳол дар корхона шумораи коргарон ба 890 нафар расонда шудааст, ки 99,9 дарсади онҳо аз ҷумҳурӣ мебошад. Барои таъмини истеҳсолот бо мутахассисони болаёқат ва ҷавон, корхона таълими донишҷӯёнро дар донишгоҳҳои олии кишвар ва филиали донишгоҳҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мекунад. Айни ҳол дар корхона зиёда аз 30 нафар мутахассиси ҷавон фаъолият менамоянд.

Корхона дар панҷ соли охир ба давлат зиёда аз 300 миллион сомонӣ маблағ пардохт кардааст. Танҳо соли 2017-ум 79378,52 ҳазор сомонӣ андоз супоридааст, ки нисбат ба як соли пеш 31 207,52 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби фонди иҷтимоӣ барои корҳои эҳсонкорӣ ва расонидани ёрии молиявӣ солҳои 2007-2018 «Анзоб» 1950,59 ҳазор сарф кардааст. Солҳои 2008-2017 ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва интернатҳо 177469 сомонӣ, барои ҷамоатҳо ва мақомоти давлатӣ -362028, барқарор намудани пули байни шаҳраки Зарафшон ва роҳи асосӣ якҷоя бо маб­лағгузории хориҷӣ — 137200, ба нафақахӯрону камбизоатон -346204, ба фонди хайрияи зарардидагон аз офатҳои табиӣ — 71210, ба беморхонаи Зарафшон-1 — 17000, ба мактаби санъати шаҳраки Зарафшон-1-18461 ва барои таъмири боғчаи бачагона — 398582 сомонӣ маблағгузорӣ кардааст. Айни замон таъмири бинои ошхонаи боғчаи бачагона амалӣ гардида истодааст, ки сметаи хароҷоти он 180000 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, ҳиссагузорӣ дар сохтмони варзишгоҳ 250000 сомонӣ ва хароҷоти таҷлили чорабиниҳои идона 222431 сомониро дар бар мегирад. Инчунин, солҳои охир бо ибтикори корхона як қатор чорабинӣ барои беҳдошти муҳити зист ба иҷро расид, ки зиёда аз 8 миллион сомонӣ сарф шуд.

Ҳамчунин, дар ноҳия Ширкати металлургии «Анзоб» фаъолият менамояд, ки маҳсулотро аз ҶММ КМ ТА «Анзоб» харидорӣ намуда, металли симоб ва сурма истеҳсол менамояд. Он моҳҳои январ-апрели соли 2018 ба маблағи 73842,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 270,9 дарсадро ташкил медиҳад.

Коргоҳи саноатии бузурги дигари ҷумҳурӣ, ки дар ноҳия фаъолият дорад, Корхонаи фаръии Шахтаи (КФШ) «Фон-Яғноб» мебошад ва сол то сол истихроҷи ангиштро зиёд намуда истодааст. Аз ангишти истихроҷкардаи он на танҳо аҳолӣ, балки корхонаҳои саноатӣ низ васеъ истифода мекунанд. Корхона агар соли 2014 ба маблағи 12 миллион сомонӣ маҳсулот истихроҷ карда бошад, пас ин рақам соли 2017-ум 25,224 миллион ва дар чор моҳи соли 2018 ба зиёда аз 18 миллион сомониро ташкил дод. Дар корхона 238 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, таъминоти иҷтимоии онҳо хуб аст.

ҶДММ «Талко-Ресурс», ки соли 2013 дар самти истихроҷи ангишт бо сармояи муштараки Сингапур ва Тоҷикистон таъсис ёфтааст, аз корхонаҳои дигари бузурги кишвар аст. ҶДММ «Талко-Ресурс» ҳамчун фармоишгар ва ширкати хитоии ҶНКК ҳамчун пудратчӣ дорои 386 га қитъаи замини кӯҳкорӣ дар мавзеи Канте ва 443 га қитъаи замини истихроҷӣ дар мавзеи Ҷиҷикрӯд мебошад. Дар он 149 нафар бо ҷойи кор фаро гирифта шудаанд, ки 8 нафар шаҳрванди хориҷианд. Корхона ду ширкати пудратӣ- «Маъдан» ва ҶДММ «Сосон»-ро тавассути шартнома ба кор ҷалб намудааст, ки дар умум шумораи кормандон ба 204 нафар мерасад. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ корхона 78 671,7 тонна ангишт истихроҷ намудааст. Корхонаҳои бузурги саноатии кишвар, аз ҷумла КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» тавассути ҶДММ «Талко-Ресурс» бо ангишт таъмин мешаванд.

Мусаллам аст, ки рушди саноат ба инкишофи дигар соҳаҳо мусоидат менамояд. Аз ҳисоби фаъолияти бонизоми корхонаҳои зикршуда ноҳияи Айнӣ ба минтақаи саноатӣ табдил ёфтааст. Фаъолияти муназзам ва бобарори корхонаҳои бузурги саноатӣ, албатта ба ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд. Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, то якуми майи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети ноҳия 134,1 дарсад иҷро гардида, 44252 ҳазор сомониро ташкил дод. Бино ба маълумоти расида, мушкилоти қарздорӣ аз ҳисоби музди маош ва нафақа чанд соли охир аз байн рафтааст.

Гузашта аз ин, мувофиқи нақша рӯзҳои наздик дар ноҳияи Айнӣ сохтмони боз як корхонаи бузурги саноатӣ дар самти истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо шурӯъ мешавад. Дар сурати ба фаъолият оғоз намудани он ва ба истифода додани иқтидорҳои дигари саноатӣ, ки дар минтақа хеле зиёданд, ҳазорҳо нафар соҳиби ҷойи кор гардида, ба Буҷети давлат маблағҳои иловагӣ ворид мегардад. Умуман, бунёд ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ табдил додани Тоҷикистонро аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ метезонад.

Айнӣ бо вуҷуди ноҳияи кӯҳистон будан шароит ва иқлими мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ дорад. Хусусан, иқлими он барои бунёди боғҳо, парвариши картошка ва чорводорӣ мувофиқ аст.

Айни замон дар ноҳия 2 хоҷагии зотпарварӣ, 41 хоҷагии ҷамоавӣ ва 1122 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Майдони умумии заминҳо 515820,1 га буда, заминҳои корами обӣ — 1441,6, чарогоҳ — 141641,4, боғҳо — 834,3, заминҳои наздиҳавлигӣ — 1625 ва заминҳои ёрирасони шаҳрвандон 624 гектарро ташкил медиҳад. Баробари ҷӯю каналҳои худҷорӣ 502 га замин ба воситаи 4 пойгоҳи обкашӣ обёрӣ мешавад.

Дар ноҳия имкони якбора аз чанд намуди саёҳӣ истифода кардан вуҷуд дорад. Ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Шамси Табрезӣ, Манори Варз, Хоҷа Исҳоқи Валӣ, Абулқосими Гургонӣ, Мулло Абдуллоҳи Валӣ, Маҷмааи таърихиву фарҳангии Нақибхон Туғралро ҳар сол дар баробари ҳазорҳо нафар тоҷикистонӣ, ҳамчунин шаҳрвандони давлатҳои ҳамҷавору ҳамсоя зиёрат менамоянд. Искандаркӯл, кӯлҳои Аловиддин, кӯҳҳои Фон, дараи Яғноб ва парваришгоҳи Сойи Вота таваҷҷуҳи хориҷиёнро бештар ҷалб кардаанд. Инчунин, дар ноҳия ҳанӯз ҳам ҷойҳои таърихии кашфношуда зиёданд ва бо гузаронидани корҳои ҳафриётӣ метавонанд ҳамчун хатсайрҳои нави сайёҳӣ муаррифӣ шаванд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои татбиқи пурраи Барномаи маҳаллии рушди туризм тадбирҳои суд­манд андешидааст. Шиору овезаҳо оид ба мавзеъҳои сайёҳии ноҳия бо забонҳои давлатӣ ва русиву англисӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд насб карда шудааст. Инчунин, дар гулгашти устод С. Айнии маркази ноҳия рӯйхати минтақаҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, ҷойҳои тамошобоб насб шудаанд, ки диққати сайёҳони дохиливу берунаро ҷалб месозанд.

Ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ фароҳам овардани шароит аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи Работ, шаҳраки Зарафшон, маркази ноҳия, тагоби Хушекат инфрасохтори хизматрасонӣ бо истифода аз меҳмонхонаҳои хусусии дорои ташноб, хӯроки тезтайёр, ҷойҳои истироҳат ба роҳ монда шудааст.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ноҳияи Айнӣ бо мавзеъҳои гуногунранг минтақаи ҷолиб аст. Дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад, ки зимни мавриди истифода қарор гирифтани онҳо зиндагии мардум хубтару заминаҳои рушд бештар мегардад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»