Аккосони рӯйдоди муҳими таърихӣ

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

Дар инъикоси Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ саҳми суратгирони касбӣ — мухбири суратгири Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Маҳмудҷон Бобоҷонов, суратгирони рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») Шарифҷон Муҳаммадҷонов ва Исроилҷон Рабиев басо калон аст. Ҳар се собиқадор ва Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Шарифҷон Муҳаммадҷонов барандаи ҷоизаи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС (соли 1988) низ буд.

сур1Маҳмудҷон Бобоҷонов

Маҳмудҷон Бобоҷонов ҷараёни иҷлосияро аз рӯзи аввал то охир аксбардорӣ кард. Суратҳои гирифтааш дар мақола ва асарҳо истифода гардидаанд.

Исроилҷон Рабиев лаҳзаҳои нотакрори иҷлосияро умри ҷовидон бахшид. Баъзан вақт фикру мулоҳизаҳояшро низ ҳангоми танаффус ба вакилон ва шахсони масъул бобати ин ё он масъала баён медошт. Далел як лаҳзаи баҳсаш бо собиқ Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Акбаршо Искандаров аст, ки чун экспонати нодир дар толори таърихи Қасри Арбоб нигоҳ дошта шудааст. Мутаассифона, бойгонии ӯ бар асари бесарусомониҳо соли 1993 бинобар оташ гирифтани дафтари кориаш нобуд гардид.

сур3Шарифҷон Муҳаммадҷонов

Шарифҷон Муҳаммадҷонов дар иҷлосия пурра иштирок накарда бошад ҳам, суратҳои соҳирона гирифтааш аз маҳорати баланди касбиаш шаҳодат медиҳанд.

Сенафарон ибтидои солҳои 50 ва 60-уми асри пешин аз мактаби суратгирони бомаҳорат Амон Натанович Габриэлов ва Александр Симченко маҳорат омӯхта, умри хешро дар рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод»-у «Ленинабадская правда» сарф карданд. Аммо афсӯс, ки онҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Маҳмудҷон Бобоҷонов дар синни 68 (моҳи ноябри соли 2014), Исроилҷон Рабиев дар синни 55 (моҳи октябри соли 2007) ва Шарифҷон Муҳаммадҷонов дар синни 72 (моҳи августи соли 2009) аз дунё реҳлат карданд. Ёдашон ба хайр.

сур2Исроилҷон Рабиев

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум».

Суратҳо аз бойгонии муаллиф