Қалъаи Сарвода кай обод хоҳад шуд?

№130 (4392) 19.10.2021

received_321624973046755Қалъаи Сарвода ёдгории таърихиест, ки дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ (дар теппаи байни дарёҳои Пасрӯд ва Фондарё) ҷойгир аст. Девори он аз санг ва хишти хоми маҳаллӣ бунёд шуда, бино ба омӯзиши мутахассисон, ба асрҳои XVII — XIX тааллуқ дорад. Рӯзе, ки мо аз ин макони таърихӣ дидан кардем, вайронаеро мемонд. Дохили қалъа ва роҳҳои атрофи он пур аз партову алаф буд ва деворҳои боқимонда дар ҳоли нобудӣ қарор доштанд.

Барои гирифтани маълумот оид ба ин вазъ ба раиси шаҳраки Зарафшон Олим Самизода муроҷиат кардем. Ӯ гуфт, ки нигоҳубини қалъа ва роҳравҳои он ба уҳдаи КВД «Манзили Сарвода» вогузор шудааст.

Иҷрокунандаи вазифаи директори корхонаи мазкур Баҳром Мирзобошиев зимни суҳбат зикр кард, ки КВД «Манзили Сарвода» масъули нигаҳбонии Қалъаи Сарвода набуда, танҳо нигаҳдории роҳҳо ва майдони назди пайкараи Сарбози гумном (ки дар паҳлуи қалъа қарор дорад) вазифаи онҳост.

Тавре мушоҳида шуд, роҳравҳо ва атрофи пайкара низ пур аз партовҳои гуногун буданд, ки аз бетаваҷҷуҳии ­масъулин дарак медод.

Мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Абдуғанӣ Қобилзода доир ба ин масъала иброз дошт, ки ёдгории таърихӣ мавриди назари масъулин қарор дорад ва тибқи нақша, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ҷашни Истиқлолияти давлатӣ гузашт. Пас, Қалъаи Сарвода кай обод хоҳад шуд?

Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»