«Ҳалқаёр» пурра навсозӣ шуд

№152 -153 (3789 - 3790) 23.12.2017

Чанде пеш дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Маркази таълимии «Ҳалқаёр»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра азнавсозӣ  шуд.

Зимни ифтитоҳи он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Саймумин Ятимов, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо иштирок доштанд.

Дар маркази таълимии мазкур як қатор биною иншоот, аз қабили «Кохи  садоқат» иборат аз 400 ҷойи нишаст, осорхона ва китобхона, хобгоҳ барои афсарону сарбозон, биноҳои таълимӣ,  хонаҳои хизмати сарҳадӣ, хонаҳои фароғат ва иттилоот, ҳаммом, ошхона, анбори захираи маҳсулот, мошинсарой, майдончаҳои варзишӣ, муҳандисӣ ва сафороӣ дар  доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра азнавсозӣ  ва ба талаботи замон мувофиқ гардонида шуд. Ҳамзамон, аз масофаи 600 метр хатти оби нӯшокӣ кашида шуд ва барои истироҳату фароғати сарбозону афсарон дар марказ айвонҳои ҳозиразамон бунёд ёфт.

Биноҳои таълимии навбунёд аз 16 синфхона ва толорҳои бозомӯзию такмили маҳорати низомӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосиру электронии ҳарбӣ-таълимӣ таъмин мебошанд. Дар ин ҷо аз рӯйи 16 ихтисос мутахассисони хурди низомӣ омода гардида, сарбозон ба таълиму бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Марказ барои гузаронидани машқҳои таълимии низомӣ ва бозомӯзӣ бо истифода аз амалиёти электронӣ мувофиқ аст.

«Ҳалқаёр» пойгоҳи асосии таълимию бозомӯзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, ки дар он шумораи зиёди сарбозони навдаъват, мутахассисони ҳарбии махсус, аз қабили минаҷӯён, алоқачиён, кинологҳо, ронандаҳо, нишонзанҳо ва тирандозон ба бозомӯзию таълим фаро гирифта шуда, барои идома додани хизмат ба ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ сафарбар мегарданд.

Ҳамон рӯз дар машқгоҳи саҳроии ин марказ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз техникаи зиреҳпӯши ҷангию нақлиётӣ, артиллерияҳои худгард, навъҳои гуногуни аслиҳа, чархболҳои ҳарбӣ ва дигар лавозимоти муосири ҷангӣ, ки асосан ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатӣ истифода мешаванд, амалиёти шартии муҳосира ва несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ сурат гирифт.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар он суханронӣ  карда, қайд намуд, ки тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марз аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ва асосие мебошанд, ки пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти нави маркази таълимии «Ҳалқаёр», бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ расми гузашти низомӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур як қатор афсарон ва сарбозон барои хизмати содиқона ба Ватан бо ифтихорнома, нишони сарисинагӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.

Маркази  матбуоти  Қӯшунҳои  сарҳадии

КДАМ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон