Ҷаласаи фаврии ситод доир гардид

№146-147 (3447-3448) 30.10.2015

img_1388821_thumbs_600x440_1435311Тавре маълум аст, 26 октябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ заминларза ба вуқӯъ омад, ки қувваи он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5,5 баллро ташкил дод. Барои муайян кардани оқибатҳои ин офати табиӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси вилоят Нуралӣ Риоев ҷаласаи фаврӣ  доир гардид.

Дар ҷаласа сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ Дӯсталӣ Худоёров гуфт, ки пас аз рух додани заминларза тибқи супориши комиссияи вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят комиссияи махсус оид ба муайян ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ дар ноҳияи Ишкошим ҳафт хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла ду хона дар деҳоти Аскар Замиров, ду хона дар деҳоти «Қозидеҳ», як хона дар деҳаи Япшорв зарари ҷиддӣ  дида,  ду хона дар маркази ноҳия тамоман хароб гардидаанд.

Ҳамчунин бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии          № 42-и деҳаи Андароб, сарбанд ва бинои НБО-и «Намадгут», панҷ хона дар деҳаи Хабости деҳоти ба  номи Қурбоншо Гадолиеви ноҳияи Роштқалъа ва се хона дар деҳаи Нишуспи деҳоти ба номи Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон зарари ҷиддӣ дидаанд.

Заминларза ба хатҳои интиқоли барқ ва роҳҳои автомобилгарди ҳудуди вилоят зарари зиёд расонд. Худи ҳамон шаб хатти барқ ва роҳҳо барқарор карда шуданд.

Муовини якуми раиси вилоят Нуралӣ Риоев супориш дод, ки комиссияи вилоятӣ фавран ба шаҳру ноҳияҳо рафта, зарари аз офати табиӣ расидаро санҷида, баҳри бартараф намудани он чораҳои мушаххас андешанд.

Худи ҳамон рӯз комиссия таҳти роҳбарии муовини якуми раиси  вилоят Нуралӣ Риоев ба ноҳияи Ишкошим ва як гурӯҳи дигар таҳти роҳбарии роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Диловар Хосабеков ба ноҳияи Роштқалъа фиристонида шуданд.

 Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»