Ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ дар Ваҳдат

№ 01.11.2019

25 октябри соли 2019 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода суханронӣ   намуд.

Дар ҷамъомад мавзӯъҳои  «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — кафили сулҳу субот ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ва «Ҷоннок намудани доираи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Варзоб, Файзобод ва Рӯдакӣ бо дарназардошти вазъи кунунии  ҷаҳон»  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ созандагиву ободкорӣ беш аз ҳарвақта вусъат пайдо менамояд. Мардум тамоми имконият ва кӯшишро ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ  30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  равона кардаанд. Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста пайдо кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Зикр гардид, ки имрӯз аз ҳар фарди ватандӯст ва бонангу номуси ҷомеа беш аз пеш тақозо мешавад, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва неруи дучанд вазифаи худро дар назди халқу Ватан адо намояд ва дар ин раванд нақши Шӯрои ҷамъиятӣ бояд назаррас бошад.

- Ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ниҳодҳои миллӣ, ташкилоту созмонҳои ҷавонону занон, аҳли илм, аъзои иттиҳодияҳои эҷодӣ  ва кулли мардум бояд истиқлолият, ваҳдат, манфиатҳои давлату миллатро аз манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ афзалтар донанд, — гуфт Р. Амирзода.

 Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»