Қонун ва иҷрои он

Қалби фарзанд нафису нақшпазир аст

№105 (3585) 09.08.2016

DSC_0276Суҳбат бо муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Зебо Холдорбекова оид ба даст задани ҷавонону ноболиғон ба амалҳои ҷиноятӣ ва пешгирии он

- Мутафаккири бузург Муҳаммад Ғазолӣ мефармояд: «Дили поки фарзанд нафис ва нақшпазир аст. Ҳар тухме дар он бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».

Ба таълиму тарбияи насли наврас се ниҳод — оила, мактаб ва ҷомеа бояд машғул шавад. Мутаассифона, санҷишҳо собит месозанд, ки аз назари волидайн ва таълиму тарбия дур мондани фарзандон аз ҷумлаи омилҳои асосие мебошанд, ки онҳо ба роҳи бад мераванд ва даст ба ҷинояту дигар амалҳои номатлуб мезананд, — гуфт дар оғози суҳбат Зебо Холдорбекова.

Таълиму тарбия масъалаи мураккаб буда, фаъолияти дастаҷамъиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, қонунгузорӣ дар ин самт сох­тору мақомоти дахлдорро вазифадор намудааст, ки ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, тарбияи дурусти онҳо корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.

Мутобиқи сархати 18 — уми моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъу­лияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидайн ва дигар сохторҳои марбута уҳдадор шудаанд, ки ба оворагардӣ ва рафтори зиддиахлоқии фарзандон роҳ надиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи моддаи 446 Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оворагардӣ, талбандагӣ ва дигар рафтори зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзандон боиси ҷавобгарии маъмурии волидайн ­мегардад.

Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 1421 рейд ва амалиёти муштарак таҳти унвони шартии «Наврас», «Оворагард», «Талбанда» гузаронда шуд, ки дар натиҷа 6710 нафар ноболиғ барои ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун ба шуъбаҳои корҳои дохилӣ оварда шуданд.

Аз ин шумора, 1703 нафар ба оворагардӣ ва 340 нафар ба талбандагӣ машғул буданд, 143 нафар ба ҷойи дарсхонӣ вақти худро сарфи бозиҳои компютерӣ мекарданд. 776 нафар дар ягон ҷо кор ё таҳсил намекардаанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2016 аз ҷониби ноболиғон 410 (нисбати соли гузашта 12 ҳолат кам) ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Ба амалҳои ҷиноятӣ бештар ноболиғоне даст мезананд (277 нафар), ки дар ҳеҷ ҷой кор ё таҳсил намекунанд. Асосан ноболиғон ба дуздии амволи шаҳрвандон даст мезананд. Инчунин, ба қайд гирифта шуд, ки 91 нафар ноболиғ дар як гурӯҳ бо калонсолон ҷиноят содир намудаанд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ҳодисаҳои авбошии гурӯҳӣ байни ноболиғон нисбат ба солҳои қаблӣ кам шуда бошад ҳам, пурра аз байн нарафтааст. Чунончӣ, 3 июни соли ҷорӣ миёни хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92 -и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муноқиша ва занозанӣ ба амал омад.

Дар натиҷа чор нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

22 июни соли равон байни хонандагони муассисаи таълимии №62-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Хисрав Абдураҳимов ва Маъруф Мӯсоев дар деҳаи Хоҷамастони деҳоти «Ифтихор» ҳангоми бозии футбол муноқиша ба амал меояд. Хисрав Абдураҳимов фурсатро қулай ёфта, бо корд ба тахтапушти Маъруф Мӯсоев мезанад, ки дар натиҷа дуюмӣ бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мегардад. Тибқи талаботи қонунгузорӣ нисбат ба ин ҳодисаҳо чораҳо андешида шудааст.

Дар давраи зикршуда, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8673 протоколи маъмурӣ нисбат ба падару модарон ва масъулини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, тартиб дода, ба судҳо ирсол карда шудааст. Дар натиҷа, 3237 нафар бо маблағи 351104 сомонӣ ҷарима ва 565 нафар огоҳонида шуданд.

- Хадамоти мо барои муайян кардани шахсияти ноболиғон, ки ҳуҷҷати расмӣ надоранд, бе парастору оворагард мебошанд, чорабиниҳои зиёдеро амалӣ менамояд, — мегӯяд дар идомаи суҳбат Зебо Холдорбекова. — Дар натиҷаи гузаронидани рейду санҷишҳо 290 нафар ноболиғе, ки бо худ ягон ҳуҷҷати расмии муаррификунанда надоштанд, ба қабулгоҳ — таҳвилгоҳи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд оварда шуданд. Бо онҳо корҳои инфиродӣ, тарбиявӣ ва пешгирикунанда гузаронданд. Баъди муайян кардани шахсияти онҳо 268 нафар ба оилаҳояшон баргардонда, 18 нафар ба марказҳои дастгирии «Корвони умед», «Чароғи ҳидоят, мактаб- парваришгоҳҳои махсуси ҷумҳуриявӣ фиристода шуданд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон аз ҷониби кормандони Хадамот дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 5300 маротиба вохӯрию мулоқот баргузор гардидааст, вале ин ҳанӯз кифоя нест. Дар ин самт корҳои таб­лиғотиро беш аз пеш бояд пурзӯр намуд. Иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» то ба имрӯз дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Таъсири омилҳои беруна, аз қабили филмҳои хусусияти зӯроварию ғайриахлоқидошта, марказҳои компютерӣ ва интернет-кафеҳо ҳанӯз ҳам нигаронкунанда аст.

Аз ин рӯ, бояд волидайн дар тарбияи фарзандон бетарафӣ зоҳир накунанд, зеро ояндаи ҷомеа ба фарзандони солиму соҳибмаълумот ниёз дорад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»