Қаллоб дар кофтуков

№131 (4237) 24.10.2020

hqdefaultПрокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носиҳиддин Шарифович бо аризаи шикоятӣ нисбат ба кирдорҳои қаллобии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, санаи таваллудаш 15 майи соли 1978, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, муроҷиат карданд.

Баррасӣ ва санҷиши аризаҳо нишон дод, ки М. Қ. Садуридинов моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Давронов, Х. Эркинов ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Ч. Шерматов бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз «Қуръон» ва ҳадисҳо аз пайғамбари дини ислом, аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Н. Б. Кабутов 130 000 доллари ИМА, аз С. И. Холов 120 000 доллари ИМА ва аз Н. Ш. Қаюмов 180 000 доллари ИМА (ҷамъ 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳар моҳ аз 10 то 12 фоиз фоида хоҳад дод.  Барои ба даст овардани боварӣ, М. Қ. Садуридинов ду моҳи аввал аз маблағи гирифта 5-6 — фоизӣ маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ ба Н. Б. Кабутов, С. И. Холов ва Н. Ш. Қаюмов дар бораи муфлис шудани тиҷорат хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳона пеш меорад ва моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба Аврупо фирор мекунад.

Ҳамин тариқ, М. Қ. Садуридинов бо кирдори қаллобонаи худ 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандони зикргардида зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст.

«Бо дарназардошти он ки дар кирдорҳои Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович аломатҳои таркиби ҷиноятӣ дар моддаи 247 қисми 4-и (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуданд, нисбат ба ӯ парвандаи  ҷиноятӣ оғоз ва кофтукови расмӣ эълон карда шуд. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.».

Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, агар аз рафторҳои қаллобии М. Садуридинов ҷабр ё зарар дида бошанд, метавонанд ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муроҷиат намоянд.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон