Ба мо муроҷиат мекунанд

Ҳалворо ҳаким хӯраду шаллоқро ятим?

№106 (3900) 30.08.2018

Бо қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 августи соли 2016 маро ба вазифаи директори ҶСК «Осоишгоҳи Ҳавотоғ» таъин намуданд.

Директори ҶДММ «Дӯстӣ»-и шаҳри Истаравшан Мухтор Юнусов гуфт, ки бо розигии ташкилотҳои болоӣ мо осоишгоҳи «Ҳавотоғ» — ро якҷоя обод мекунем. Ман розӣ шуда, ӯро ҳамчун сарпараст ҷонишини директор таъин кардам ва корҳои ташкилиро оғоз намудем. Охирҳои моҳи сентябр М. Юнусов шахсеро бо номи Бозор Ҳоҷиев (дертар маълум гардид, ки додарарӯсаш будааст) ба назди ман фиристод, то ӯро ба вазифаи хазинадори осоишгоҳ ба кор қабул кунам.

Баъди 10- 15 рӯзи фаъолият Б. Ҳоҷиев худро «раис» эълон намуд ва ба ҳама фармон медодагӣ шуд. Баъзе коргаронро, аз қабили сардухтур, мудири хоҷагӣ ва ошпаз, ки таҷрибаи бойи корӣ доштанд, аз кор сабукдӯш намуда, ба ҷойи онҳо ҳамсар ва писарашро овард. Сенафарон — «раис», «зани раис», «писари раис» ба харобкорӣ, талаву тороҷи моликият ва аз худ кардани маблағҳои воридшаванда шурӯъ карданд. Дар натиҷа, чанд бино хароб ва дарахтон хушк гардиданд. ҶСК «Осоишгоҳи Ҳавотоғ» аз андоз зиёда аз 331 ҳазор сомонӣ, истифодаи неруи барқ беш аз 40 ҳазор ва аз маоши коргарон зиёда аз 15 ҳазор сомонӣ қарздор шуд. Ба болои ин, сенафарон коргаронро пайваста дашном медоданду таҳқир мекарданд.

Ман ҳамчун директори ҶСК «Осоишгоҳи Ҳавотоғ» дар ташвишам: Худо накунад, ки рӯзе ҳама корро ба дӯши ману муҳосиб ва дигар шахсони бегуноҳ бор кунанд ва «Ҳалворо ҳаким хӯраду шаллоқро ятим».

Бинобар ин, се маротиба ба қабули раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудам. Маротибаи сеюм маро бо амри раиси кумита ба назди ҷонишини якум Абдумаҷид Мӯминзод фиристоданд. А. Мӯминзод ваъда дод, ки рӯзҳои наздик санҷиш гузаронида, ба ман телефонӣ хабар медиҳад. Вале ҷавобе нарасид.

Маҷбур шуда, ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ аризаи шикоятӣ навиштам. Пеш аз ин ба МИМҲД шаҳри Истаравшан низ маълумот дода будам.

Бо талаби Прокуратураи генералӣ Прокуратураи вилояти Суғд ба Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд супориш дод, ки масъаларо санҷида барояд. Аз номи ин ташкилот аз 30.04.2018, №17, 3.3/17-976 бо имзои сардори раёсат, полковники адлия К. И. Иброҳимзода ҷавоб омад: «Аризаи шикоятии шумо оиди ғайриқонунӣ тасарруф гардидани 457555,6 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои 637 нафар истироҳаткунанда ба ҶСК «Осоишгоҳи Ҳавотоғ» — и шаҳри Истаравшан мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ҳолати ҷойдошта нисбат ба Б. М. Ҳоҷиев ва дигарон бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва тафтиши пешакӣ идома дорад».

Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки ягон ташкилот ба Мухтор Юнусов ҳеҷ салоҳияте надодааст ва ман ӯро аз вазифа сабукдӯш кардам. Вале додарарӯсаш Б. Ҳоҷиевро аз вазифаи хазинадор ба вазифаи мудирии хоҷагӣ гузаронидам, то моликияти осоишгоҳ талаву тороҷ нагардад.

Дар муддати як солу ду моҳи аз роҳбари дурӯғин озод гаштани осоишгоҳ мо қарзи андози корхонаро пурра ҳисобӣ кардем. Ҳоло фоизи қарзи боқимондаро пардохта истодаем.

Вале ман ва кормандони дигар интизори рӯзе ҳастем, ки ҳақ ба ҳақдор бирасад.

Аз номи ҷомеаи меҳнатии «Осоишгоҳи Ҳавотоғ», директори кулл Ҳ. Ғ. Нарзуллоев