Ҷамъоварии ҳосил идома дорад

№143 (3289) 29.11.2014

Аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ муташаккилона идома дошта, то 17 ноябри соли равон 373,3 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 91,5 фоизи дурнамо мебошад. Зиёда аз 115 ҳазор нафар чинакчиён ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғуланд. Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ дар майдони зиёда аз 177,6 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки тибқи дурнамо истеҳсоли он 408 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии картошка ва полезиҳо низ идома дошта, истеҳсоли картошка 440,6 ҳазор тоннаро ташкил дода, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 238,9 сентнерӣ мебошад, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 сентнерӣ зиёд аст. Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ дар майдони 18650 гектар  кишти картошка гузаронида шудааст.

Аз майдони 15864 гектар кишти полезиҳо, ки соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ гузаронида шудааст, то 16 ноябри соли ҷорӣ 15839 гектари он ҷамъоварӣ гардид.  Деҳқонон аз майдони умумии кишт ба миқдори 327,6 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81,4 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 204,6 сентнериро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 21,7 сентнерӣ зиёд аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»