Ҳама мулки Аҷам гиряд

№116 (4066) 28.09.2019

Ёде аз афсарону сарбозони шуҷои Ватан, ки дар дараи Камароб ноҷавонмардона кушта шуданд

Аз ҳодисаи фоҷиабор — куштори 25 нафар афсару сарбози Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дараи Камароб, ки аз тарафи гурӯҳи мусаллаҳи ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ сурат гирифт, 9 сол сипарӣ гашт. 19-уми сентябри соли 2010, тақрибан соатҳои 12:30 дақиқа, дар минтақаи шарқии мамлакат — дараи Камароби водии Рашт автомашинаи хизматии Вазорати мудофиаи кишвар бо ҳайати шахсӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба таври ногаҳонӣ мавриди оташи шадид қарор гирифт.  Ба ин амали террористӣ гурӯҳҳои Абдулло Раҳимов бо тахаллуси «Мулло Абдулло» ва Аловиддин Давлатов бо тахаллуси «Алӣ Бедакӣ» даст доштанд. Дар ин набарди мусаллаҳона, дар роҳи ҳифзи Ватан, иҷрои қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва савганди ҳарбӣ афсарону сарбозони далери диёр — полковник Маҳмудов Абдуҳаким Раҳмонович (соли таваллудаш 1961),  подполковник Сайвалиев Акрам Давлатович (соли таваллудаш 1974), капитан Саидов Саидҷамол Муродович (соли таваллудаш 1976), капитан Исоев Наврӯз Раҷабмамадович (соли таваллудаш 1984), лейтенант Гиёев Давлатҷон Бурҳонович (соли таваллудаш 1987), сержантҳо Мирзанов Элмурод Саиддинович (соли таваллудаш 1990), Ҳотамов Даврон Аъзамович (соли таваллудаш 1989), Шодиев Фарҳод Хушвахтович (соли таваллудаш 1989), сарбозҳо Раҳмонов Неъматулло Ҳасанович (соли таваллудаш 1985),  Авазов Нурмаҳмад Тоҷидинович (соли таваллудаш 1986), Одинаев Файзмаҳмад Қурбонович (соли таваллудаш 1984), Абдураҳмонзода Раҷабалӣ Мирзоалиевич (соли таваллудаш 1992), Ҷиянов Зуҳуриддин Пардабойӯғлӣ (соли таваллудаш 1991), Каримов Сидиқҷон Ҳабибуллоевич (соли таваллудаш 1988),  Норинбекзода Фаридуни Тӯхта (соли таваллудаш 1990), Акрамалӣ Абдураҳмон (соли таваллудаш 1991), Раҷабов Фаррух (соли таваллудаш 1989),  Холиқов Эмомалӣ Аҳтамшоевич (соли таваллудаш 1991), Расулов Мансур Орифович (соли таваллудаш 1991), Алишери Умаралӣ (соли таваллудаш 1991), Оймаҳмадов Насридин Авлиёқулович (соли таваллудаш 1991), Аҳмадқул Муродуғлӣ (соли таваллудаш 1991), Ҳурматов Неъматулло Қодирович (соли таваллудаш 1985), Норов Фармонқул Ҳамроҳқулович (соли таваллудаш 1991), хизматчӣ-ронанда — Абдуллоев Баҳрулло (соли таваллудаш 1985) қаҳрамонона ҳалок гардиданд.

Мусаллам аст, ки террорист давлат, миллат ва сарҳад надорад. Бо содир кардани амали мудҳиш, разилони наҳзатӣ бори дигар собит намуданд, ки дар ниқоби инсонӣ чун қувваи бадӣ бар некӣ мисли иблис­тинатон амал мекунанд.

Тибқи маълумоти дақиқ, ба ҳайати ин дастаҳои террористӣ шаҳрвандони зархариди хориҷӣ низ шомил буданд, ки бе шубҳа, ҳадафи асосии онҳо дар зери ниқоби ғояҳои исломӣ тира намудани фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар ва ба майдони фаъолияти гурӯҳҳои тундраву ифротии исломӣ табдил додани Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Аммо тирашон хок хӯрд, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси ниҳодҳои қудратии кишвар саркардагони дастаҳо — Абдулло Раҳимов — Мулло Абдулло ва Аловиддин Давлатов — Алӣ Бедак бо зиёда аз 30 нафар аъзои гурӯҳи террористӣ несту нобуд карда шуданд.

Тавре таърих гувоҳ аст, дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандие, ки гунаҳкорони  асосии он саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии наҳзатӣ буданд, диёри биҳиштосоямон ба харобазор табдил ёфт ва ҳазорон нафар зиёӣ, олим, мутахассиси  варзидаи соҳаҳои гуногун, дигар фарзандони фарзонаи миллат ваҳшиёна ба қатл расид. Ҳоло ин палидони наҳзатии ватанфурӯшу беномус нашармида, дар Аврупо боз аз дунявият, озодандешӣ, волоияти қонун ва адолат ҳарф зада истодаанд, ки нафрати касро меорад. Онҳо ҳамон махлуқони наҳзатианд, ки соли 1992  ба мардуми бегуноҳ зулму ситам ва онҳоро бадбахту овораю гуреза карданд, ба қатл расониданд, дороиҳои давлатро ба пуррагӣ ғасб намуданд.

Ҳоло душманони миллати тоҷик дар симои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат бо мақсади дубора ба хоку хун кашидани фарзандони кишвар, халтаи макру фиребро боз намудаанд. Ин разилон бо чанд тангаи «хоҷагони хориҷӣ» Ватан, миллат, нангу номус ва имонашонро фурӯхтаанд, бо сад ҳиллаву найранг баъзе аз ҷавонони ноогоҳу гумроҳ, дунёнадидаву бетаҷрибаро ба дом афканда, ба муқобили давлату миллат равона сохта истодаанд. Наҳзатиҳои ватанфурӯшу миллатбезор ва мазҳабфурӯш мехоҳанд давлатеро, ки баъди ҳазорсолаҳо бароямон насиб гаштааст, бо кумаку дастгирии «хоҷагони хориҷӣ»-ашон аз байн бубаранд.

Албатта, ҳоло ягон қуввае нест, ки ваҳдату ягонагии миллати тоҷикро халалдор созад. Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти қудратии кишвар бо ёрии халқи шарафманди кишвар ҳаргиз намегузоранд, ки наҳзатиҳои ҷинояткору меҳанфурӯш мамлакати ободамонро боз ба коми оташ диҳанд, аз нав боиси марги даҳҳо ҷавон, ятим гардидани садҳо тифли маъсум ва нолаи ҷонсӯзи модарон гарданд.

Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муҳлати кӯтоҳ ба кишвари ободу зебо, орому осоишта мубаддал гаштааст. Пешравиҳо дар ҳама соҳа ба назар мерасанд. Дар арсаи байналмилалӣ низ кишвар миёни давлатҳои ҷаҳон ҳамчун миллати сулҳхоҳу сулҳофар, башардӯсту ободкор шуҳрату обрӯ ва нуфузи хоса пайдо кардааст.

Хотираи неки афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои Ватан ва миллат ҷон нисор карданд, дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ маҳфуз аст ва қаҳрамонии онҳо баҳри ҳифзи марзу бум, барқарории сулҳу субот, оромӣ дар кишвар дарси ибрат барои насли оянда мебошад.

Дар сӯгвории афсарону аскарбачаҳое, ки дар дараи Камароби ноҳияи Рашт аз дасти қотилони наҳзатӣ кушта шуданд, шоири тоҷик Исо Раҳим навишта буд:

Ғаме дорам, ки чашми дафтарам бо сад алам гиряд,

Давоти дил ҳама хун аст, аз хунаш қалам гиряд.

Бигиряд дидаи ман хун, зи марги он Сиёвушон,

На танҳо Рашт мегиряд, ҳама мулки Аҷам гиряд.

Зи тири сангҳои кӯҳсорон қотилон миранд,

Шарори синаи ҳар санг андар ин қасам гиряд.

Дигар он роҳро мардум зиёратгоҳи худ карданд,

Ба зону рав, ки хоки ин шаҳидон аз қадам гиряд.

Чу модар чашмаҳои кӯҳ мегирянду мегӯянд:

Ватан ҳам дар ғами халқ асту бо халқаш ба ҳам гиряд.

Зи доғи хушки хуни раҳ баҳорон лола мерӯяд,

Чаро, ки чашми Исо абр гардад, дам ба дам гиряд.

 О. НОЗИМИЁН,

подполковник, сардори Маркази матбуотии ВМ ҶТ